Чӣ мебояд кард, то ки қоидаҳои будубош дар Русия риоя шавад? Чӣ гуна мебояд патенти кору ҳуҷҷатҳои иҷозатномаи зисти муваққатӣ, ҳуҷҷати иҷозати зист ё дастрас кардани шаҳрвандиро дуруст ба расмият даровард? Дар вилояти Маскав чӣ гуна метавон манзили зист дарёфт кард? Ҳатто чӣ гуна ҳуҷҷатҳо омода кардан барои ба мактаб ё кӯдакистон супурдани фарзандатон, – маҳз доир ба ҳамин масъалаҳо ба муҳоҷирзанон дар маркази нав, ки охири моҳи декабр дар Подолск кушода шуд, маслиҳатиу машварат медиҳанд.
Нахустин чунин марказро барои муҳоҷирзанони машғули кор дар Подолск Ташкилоти минтақавии ҷамъиятии дастгирии муҳоҷирзанон боз намуд.
Дар сомонаи роҳбари Ташкилоти минтақавии ҷамъиятии «Иттиҳод ва дастгирии иҷтимоии муҳоҷирзанон» (Объединение и социальная поддержка женщин-мигрантов) Ефросиния Гиштемулте қайд мешавад, ки дар ин марказ доир ба масоили муҳоҷират бепул маслиҳату машварат дода шуда, дар мутобиқшавии иҷтимоӣ кумак карда мешавад.
«Агар шахс қонунгузориро вайрон кунад, оқибатҳояш чӣ мешавад. Шахс кор кардан мехоҳад, чӣ гуна ҳуҷҷатҳо заруранд ва то масъалаҳои дарёфти манзил дар вилояти Маскав, ба мактабу кӯдакистон гузоштани фарзандон. Табиист, ки мо чун ташкилоти машғули кор бо занонем, бисёр масъалаҳо дар бораи хизматрасонӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ рӯйи кор меоянд», – мегӯяд Ефросиния Гиштемулте.
Ташкилоти ҷамъиятии дастгирии муҳоҷирзанон чанде қабл ба гранти президенти Русия соҳиб шуда, акун боз як лоиҳаи дигарро роҳандозӣ мекунад. Миёни диаспорахо муҳоҷирзанони фаъол дарёфт хоҳанд шуд, ки баъди омӯзиш ба ҳамватанони худ кумак хоҳанд кард.
«Онҳоро бовар кунониданием, ки кор барои ободии вилояти Маскав ҳадафи умумии мост. Дар ниҳояти кор, интизорӣ дорем, ки охири соли 2018 дар қаламрави вилояти Маскав наздики 20 нафар пешвоёни диаспораҳо маълум мешаванд, ки ба онҳо дар амалисозии лоиҳаҳо дар бахши муносибатҳои байни миллатҳо кумак хоҳем кард», – – қайд мекунад ӯ.
Лоиҳа дар ноҳияҳои бештар мутамаркази муҳоҷирон дар вилояти Маскав, ки асосан Подолск, Любертси, Пушкино мебошанд, амалӣ мешавад. Дар ин шаҳрҳо ташкилоти ҷамъиятӣ шарикони худро дорад.
«Дар доираи ин лоиҳа мо роликҳои иттилоотӣ таҳия месозем, то ки муҳоҷирон баъзе чизҳову рафторҳои оддиро бифаҳманд. Бо забони соддаву фаҳмо шарҳ медиҳем, яъне забону гуфторе, ки онҳо фаҳмида тавонанд, на бо истилоҳҳои ҳуқуқшиносӣ. Бо забони маъмулӣ: ба куҷо оянд, дар куҷо кумак карда метавонанд ва барои ин чӣ зарур аст», – зикр кард роҳбари шабакаи телевизионии ноҳияи Любретск Екатерина Дегтярева.
Маркази нав дар суроғаи: кӯчаи Федорова, хонаи №34 воқеъ буда, ҳамарӯза аз соати 10:00 то 16:00 кор мекунад. Баргузории кори фосилавӣ бо дигар сокинони ноҳияҳои вилоят низ дар назар аст.