Ба ҳар як шаҳрванди хориҷӣ, ки ба Русия омада, патент / иҷозатномаи иқомати муваққатӣ / ҳуҷҷати иҷозати зист/ шаҳрвандӣ гирифтан мехоҳад, бояд аз забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Русия имтиҳон супорад.
Имтиҳони маҷмӯавӣ барои муҳоҷирони меҳнатии сатҳи заминавӣ аз 7 қисм иборат аст. Ба шумо вазифаҳое дода мешаванд, ки ба онҳо бояд тариқи овоз бо ҷумла ё пахши тугма дар экрани сенсорӣ ҷавоб бигӯед. Тест дар сурати муваффақона супоридани ҳамаи қисматҳои он гузашта шуморида мешавад. Барои ин аз забони русӣ на камтар аз 60% ҷавобҳои дуруст дар ҳар яке аз қисматҳо ва аз таърихи Русия ва асосҳои қонунгузорӣ на камтар аз 50%-и ҷавобҳои дурустро ба даст овардан зарур аст.
Сертификати супурдани имтиҳони маҷмӯавӣ аз забони русӣ барои чӣ лозим аст?
- Барои гирифтани патент;
- Барои гирифтани иҷозатномаи иқомати муваққатӣ (ИИМ);
- Барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозати зист (ҲИЗ);
Ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои супурдани имтиҳони маҷмӯавӣ
- шиносномаи шаҳрванди хориҷӣ;
- корти муҳоҷирати шаҳрванди хориҷӣ;
- қайди муҳоҷират дар макони будубош;
- роҳхат ба супардани имтиҳони маҷмӯавӣ ва расид (квитансия) дар бораи пардохт.
Тайёрӣ ба супурдани имтиҳони маҷмӯавӣ:
- дар сурати зарурат омодагии машваратӣ барои супурдани имтиҳонро гузаштан мумкин аст;
- пеш аз оғози имтиҳон омӯзгор муфассал тартиби иҷрои ҳар як қисми онро шарҳ медиҳад.
Қоидаҳои супурдани имтиҳон
Ҳангоми тест (санҷиш) гап задан, истифода аз телефони мобилӣ манъ аст! Дар миз бояд танҳо гӯшмонак ва ручка бошад.
Пеш аз оғози ҳар як қисми имтиҳон дар экрани компютер тугмаи «Оғоз кардани тест» пайдо мешавад. Бо пахши он шумо ба иҷрои вазифаҳо шурӯъ мекунед.
Вазифаҳои тест аз 7 қисм иборат аст:
- гуфтугӯ (нутқи шифоҳӣ) – 10 дақиқа;
- овоз (аудио) – 15 дақ;
- хониш – 15 дақ;
- грамматика – 15 дақ;
- навиштан – 15 дақ;
- таърихи Русия – 15 дақ;
- қонунгузории ФР – 15 дақ.
Қисми якум – Гуфтугӯ (нутқи шифоҳӣ)
Гуфтугӯ аз 2 вазифа иборат аст, киб о гӯшмонакҳо иҷро мешаванд. Дар вазифаи аввал шумо саволҳоро шунида ба микрофон ҷавоб мегӯед. Баъди дар экран пайдо шудани навиштаҷоти «Ба микрофон гап занед» бо овози баланд ва возеҳ ҷавоб диҳед. Вақте ки ин навиштаҷот дар экран пайдо шуд, ҷавоб дода метавонед. Агар шумо пештар аз ин ҷавоб диҳед, посухи шумо сабт нашуда, онро санҷида намешавад. Аз ин рӯ, саволро шунавед, интизор шавед, то ки навиштаҷоти «Ба микрофон гап занед» пайдо шавад ва танҳо сипас ҷавоб диҳед. Ба шумо 5 савол дода мешавад. Саволҳо кӯтоҳу оддӣ мебошанд. Масалан: «Оилаи Шумо дар куҷо зиндагӣ мекунад?». Вақт барои ҳар як савол – 15 сония аст. Агар шумо аз ин вақт пештар ҷавоб диҳед, бо пахши «Ҷавоб ба охир расид» ба саволи дигар мегузаред.
Дар вазифаи дуюм дар экран сурат пайдо мешавад. Дар он одамоне инъикос ёфтаанд, ки ба чизе машғуланд. Шумо дар микрофон бояд дар бораи ҳар як одам гап занед: ӯ кист, ба чӣ кор машғул аст. Ҳеҷ касро фаромӯш накардан муҳим аст! Ҳикояи шумо бояд аз 6-8 ҷумла иборат бошад. Дар экран пайдо шудани навиштаи «Ба микрофон гап занед»-ро интизор шуда, ба ҷавоб додан сар кунед. Вақти ҷавоб – 3 дақиқа. Агар шумо ба тезтар ҷавоб додан фурсат ёбед, бо пахши «Ҷавоб ба охир расид» метавон ба вазифаи дигар гузашт.
Қисмати дуюм – Овоз (фонетика, аудит)
Қисмати овозӣ аз 2 вазифа иборат аст, ки бо гӯшмонакҳо иҷро мешаванд. Дар вазифаи аввал шумо ибораҳоро мешунавед. Ҳар як ибора ду бор такрор мешавад. Дар экрани монитор шуморо лозим аст, ки аз вариантҳои пешниҳодшуда дурусташро интихоб намоед. Назди ҳар як вариант тугмаи «Интихоб кардан» мавҷуд аст. Барои гузаштан ба саволи дигар тугмаи «Ба пеш»-ро зер кардан лозим аст. Шумораи ибораҳо – 5.
Дар вазифаи дуюм шумо ду эълонро мешунавед. Онҳо 2 мартиба такрор мешаванд. Ба эълони якум дар экрани монитор 2 савол пешниҳод мешавад. Ба эълони дуюм 3 савол. Шумо бодиққат гӯш карда, матни эълонро аз аввал то охир дар хотир медоред, саволро дар монитор хонда, аз ёдатон ба он ҷавоб медиҳед. Барои гузаштан ба саволи дигар тугмаи «Ба пеш»-ро зер кунед.
Қисми сеюм – Хониш
Дар экрани монитор ба Шумо савол, эълон, ҳолатҳои зиндагӣ ва варианти ҷавобҳо ба онҳо пешниҳод мешавад. Бодиққат хондан ва интихоби варианти дурусти ҷавоб зарур аст. Барои гузаштан ба саволи дигар тугмаи «Ба пеш»-ро зер кунед. Чунин саволҳо аз 10-то иборат мебошанд.
Қисми чорум – Грамматика
Ба Шумо 20 ҷумла пешниҳод мешавад. Дар онҳо бо се нуқта партофта шудани калима ифода ёфтааст. Дар поён вариантҳои ҷавобҳо дода мешаванд. Шуморо лозим аст, ки ба ҷойи калимаи партофташуда климаи дурустро интихоб намоед, ки аз лиҳози грамматика ва маъно мувофиқ бошад. Калимаҳо бо бандакҳо ва маънои гуногун, вуҷуд доштани пешоянд ва ғайра фарқ карда метавонанд. Барои гузаштан ба саволи дигар тугмаи «Ба пеш»-ро зер кунед.
Қисми панҷум – Навиштан
Ба шумо пур кардани бланка (варақа)-и ариза ё маълумотномаи (анкета) шахсиатон пешниҳод мешавад. Масалан:
- бланкаи ариза дар бораи рухсатӣ аз ҳисоби худ;
- маълумотномаи довталаб.
Варақа бо даст пур карда мешавад. Барои гузаштан ба саволи дигар тугмаи «Ба пеш»-ро зер кунед.
Қисми шашум – Таърихи Русия
Ба Шумо 10 савол ва вариантҳои ҷавобҳо ба он пешниҳод мешавад.
Қисми ҳафтум – Қонунгузории ФР
Ба Шумо 10 савол ва вариантҳои ҷавобҳо ба он пешниҳод мешавад. Саволҳо ба ҳолатҳои марбут ба зиндагии ҳаррӯза дахл дорад. Бодиққат хондан ва интихоби варианти дурусти ҷавоб зарур аст. Барои гузаштан ба саволи дигар тугмаи «Ба пеш»-ро зер кунед.
Маслиҳат:
Зимни иҷрои тест ба шитобкорӣ роҳ надиҳед. Агар ҳадди ақал яке аз 7 қисмати тест нодуруст иҷро шавад, тест иҷронашуда ҳисоб мешавад. Онро дубора метавон танҳо бо пардохти иловагӣ супурд.
Хатоҳои тестсупорандагон:
- дар «Гуфтугӯ» ба ҷавоб додан ба саволҳо бе интизор шудани навиштаи «Ба микрофон гап занед» оғоз мекунанд;
- дар «Гуфтугӯ» ҳангоми шарҳи сурат дар бораи ҳар як кас ҳикоят карданро фаромӯш мекунанд;
- дар «Гуфтугӯ» зимни тасвири сурат ҷумлаҳоро нодуруст тартиб медиҳанд. Аксар вақт ба оғози ҳикоят дар бораи оилаи худ шурӯъ мекунанд;
- дар «Овоз» (аудио) ҷавобҳоро даҳонӣ мегӯянд, ба рӯи ҷавоб пахш намекунанд;
- дар «Овоз» такрори эълонро пеш аз ҳар як савол интизор мешаванд;
- дар «Навиштан» ишора кардани вазифаро фаромӯш мекунанд, сабаби ба рухсатӣ баромаданро нодуруст зикр мекунанд, вазифаҳои кориашонро нодуруст шарҳ медиҳанд.
Дубора супурдани имтиҳони маҷмӯавӣ:
Қисман дубора супурдан:
- яке аз ҳафт субтест (тести фаръӣ) супорида нашудааст (як субтести насупурдашуда санҷида мешавад);
- яке аз панҷ субтест аз забони русӣ ва таърихи Русия супурда нашудааст (танҳо ду субтести насупурдашуда санҷида мешавад);
- яке аз панҷ субтест аз забони русӣ ва қонунгузории ФР супурда нашудааст (танҳо ду субтести насупурдашуда санҷида мешавад).
Пурра дубори супурдан:
- ду ва зиёда аз он субтест аз забони русӣ супурда нашудааст;
- тест аз таърихи Русия ва қонунгузории ФР супурда нашудааст;
- се ва зиёда аз он субтестҳо аз ҳафтто супурда нашудааст.
Баҳогузорӣ ба натиҷаҳои аз тест гузаштан
Сохтори имтиҳони маҷмӯавӣ барои патент аз забони русӣ, таърихи Русия ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Русия:
- Модули «Забони русӣ»
Модул аз 5 таркиби (субтест) иборат аст: «Лексика. Грамматика», «Хониш», «Овоз (Фонетика)», «Навиштан», «Гуфугӯ» (Нутқ).
Тамоми тест 300 балл баҳогузорӣ мешавад.
Шумори ҳадди ниҳоии баллҳо аз ҳар як субтест тариқи зайл аст:
Субтест | Лексика. Грамматика |
Хониш | Навиштан | Овоз | Нутқ | Балли умумӣ |
Балли ҳадди ниҳоӣ | 50 | 60 | 40 | 70 | 80 | 300 |
Модул дар ҳолате иҷрошуда шуморида мешавад, ки тестсупоранда дар ин категория 180-300 балл гирифта бошад (на камтар аз 60% аз ҳар як субтест).
Субтест | Балли гузаштан |
Лексика. Грамматика | 60% = 30 балл |
Хониш | 60% = 36 балл |
Овоз (Фонетика) | 60% = 42 балл |
Навиштан | 60% = 24 балл |
Нутқ | 60% = 48 балл |
- Модули «ТаърихиРусия»
Модул аз 1 таркиб (субтест) – 10 вазифаи тестӣ дар шакли интихоби бисёр иборат аст. Ҳар як вазифа 10 балл баҳогузорӣ мешавад.
Ҳадди ниҳоии баллҳо – 100 (100%).
Категорияи шаҳрвандони хориҷӣ | Балли гузаштан % /шумораи ҷавобҳои дурусти зарурӣ |
Довталабони дарёфти патент | 50 / (5) |
- Модули «Асосхои қонунгузории Федератсияи Русия»
Модул аз 1 таркиб (субтест) – 10 вазифаи тестӣ дар шакли интихоби бисёр иборат аст. Ҳар як вазифа 10 балл баҳогузорӣ мешавад.
Ҳадди ниҳоии баллҳо 1 – 100 (100%).
Категорияи шаҳрвандони хориҷӣ | Балли гузаштан % /шумораи ҷавобҳои дурусти зарурӣ |
Довталабони дарёфти патент | 50 / (5) |
Гирифтани сертификат
дар сурати муваффақона супурдани имтиҳон сертификати намунаи давлатӣ дода мешавад;
- Муҳлати додани сертификат – 5 рӯзи корӣ.
Сертификат дар бораи донистани забони русӣ, таърихи Русия ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Русияро аз шуъбаи пешниҳоди ҳуҷҷатҳо дар ошёнаи 3-юми корпуси 6-уми Маркази ягонаи муҳоҷират дар вилояти Маскав (хоначаи №6) гирифтан мумкин аст.
Сертификат дода мешавад:
- Шахсан ба шаҳрванди хориҷӣ бо пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шаҳрванди хориҷӣ буданаш;
- Ба дигар шахс дар асоси ҳуҷчати тасдиқкунадаи шахсияти ӯ ва ба расмият даровардашуда бо тартиби муқарраршудаи ваколатнома.
Додани нусхаи дуюм (дубликат)-и сертификат
Нусхаи дуюми сертификат дар ҳолатҳои зерин бар асоси аризаи шаҳрванди хориҷӣ дода мешавад, ки пештар ба ӯ сертификат дода шудааст:
- Гум кардан ё вайрон шудан (ба ҳолат корнношоям оварда расонидан)-и сертификат;
- Дар сертификат ё нусхаи дуюми он ошкор шудани хатогиҳо баъди гирифтани ҳуҷҷати зикршуда.
Сертификат дар бораи донистани забони русӣ, таърихи Русия ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Русияро аз шуъбаи пешниҳоди ҳуҷҷатҳо дар ошёнаи 3-юми корпуси 6-уми Маркази ягонаи муҳоҷират дар вилдяоти Маскав (хоначаи №6) гирифтан мумкин аст).
Тестҳои озмоишӣ
Агар шумо ба дониши худ бовар надоште бошед, пас пеш аз сабт ба супурдани тест, шумо метавонед бо гузаштан аз тестҳои озмоишӣ дониши худро бисанҷед.
Барои бештар хубтару босифат омода шудан ба имтиҳон истифода аз сомонаҳои зеринро тавсия медиҳем:
- http://www.russian-test.com/tests/training_tests
- testcons.ru
- testw.ru
- http://www.grrf.ru/informatsiya/otvety-na-kompleksnyj-ekzamen-po-russkomu-yazyku.html
Имтиҳони гирифтани ИИМ (Иҷозатномаи иқомати муваққатӣ) дар куҷо супурда мешавад?
Аксари шаҳрвандони хориҷӣ савол ба миён мегузоранд, ки дар куҷо барои гирифтани ИИМ, аз ҷумла аз забони русӣ барои ИИМ метавон имтиҳон супорид?
Ҷавоб медиҳем: имтиҳони забони русӣ барои гирифтани ИИМ ба имтиҳони маҷмӯавии ИИМ дохил мешавад. Имтиҳон ба ИИМ-ро дар маркази махсуси тестӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ супурдан мумкин аст.
Айни замон дар Русия ҳудуди 400 марказ амал мекунад, ки дар онҳо метавон имтиҳон аз забони русиро супорид. Масалан, дар Маскав имтиҳонро дар маркази асосии тестӣ барои шаҳрвандони хориҷии Донишгоҳи давлатии Маскеав ба номи М.В. Ломоносов, дар Марказҳои муҳоҷирати Маскав, вилояти Маскав, Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград, ҳамчунин дар яке аз марказҳои маҳаллии тестӣ супурдан имкон дорад. Шумо ҳамчунин метавонед ҷадвал бо суроғаҳои марказҳои маҳаллии тестӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ дар саросари Русияро бо худ дар сабт (скачать) дошта бошед, ки ҳар як шаҳрванди хориҷӣ метавонад дар онҳо худашро ба имтиҳон навишта, аз забони русӣ тест супорад. Маълумоти муфассалро дар ин ҷадвал дарёфт карда метавонед.
Кӣ аз супурдани имтиҳон озод аст?
Аз тасдиқи донистани забони русӣ, таърихи Русия ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Русия чунин шаҳрвнадони хориҷӣ озод буда метавонанд:
- шахсони воқеӣ, ки пурра коршоям нестанд (коршоямии маҳдуд);
- шахсони воқеӣ, ки ба синнусоли камолот нарасидаанд;
- шахсони воқеӣ, ки ба синни 65 расидаанд, 65-сола (мардон), 60-сола (занон);
- иштирокчиёни барномаи кӯчонидани ҳамватанон;
- муҳоҷирони донандаи (соҳиби) забони русӣ;
- шахсони воқеии мутахассисони соҳибтаҷриба;
- шаҳрвандони Беларус.
Имтиҳон чӣ нарх дорад?
Нархи супурдани имтиҳони маҷмӯавӣ сабтшуда нест ва метавонад ба таври назаррас фарқиятҳо дошта бошад. Аз ин рӯ, агар шумо нархи саҳеҳашро фаҳмиданӣ бошед, пас муайян кардан зарур аст, ки дар куҷо имтиҳон месупоред, ба марказ занг зада,гнархи онро муайян кунед. Якчанд марказҳои тестӣ ва нархи онҳоро мисол меорем.
Маркази тестии Донишгоҳи кооператсияи истеъмолии Сибир
Маблағи пардохти имтиҳон барои муҳоҷирони корӣ (барои гирифтани патент) 4 000 рублро ташкил медиҳад.
Барои довталабони гирифтани иҷозатномаи иқомати муваққатӣ (ИИМ) ё ҳуҷҷати иҷозати зист (ҲИЗ) – 5 000 рубл.
Имтиҳон барои гирифтани шаҳрвандӣ − 4 750 рубл.
Маркази тестии Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия (РУДН), ш.Маскав
Маблағи пардохти имтиҳон барои муҳоҷирони корӣ (барои гирифтани патент) 4 500 рублро ташкил медиҳад.
Барои довталабони гирифтани иҷозатномаи иқомати муваққатӣ (ИИМ) ё ҳуҷҷати иҷозати зист (ҲИЗ) – 4 800 рубл.
Имтиҳон барои гирифтани шаҳрвандӣ − 6 000 рубл.
Маркази омӯзиш ва тестии шаҳрвандони хориҷӣ аз забони русии Донишгоҳи инноватсионии Қазон ба номи ВА.Г. Тимирясов
Маблағи пардохти имтиҳон барои муҳоҷирони корӣ (барои гирифтани патент) 4 900 рублро ташкил медиҳад.
Барои довталабони гирифтани иҷозатномаи иқомати муваққатӣ (ИИМ) ё ҳуҷҷати иҷозати зист (ҲИЗ) – 5 300 рубл.
Имтиҳон барои гирифтани шаҳрвандӣ − 6 000 рубл.
Донишкадаи байнулмилалии бонкӣ (Санкт-Петербург)
Маблағи пардохти имтиҳон барои муҳоҷирони корӣ (барои гирифтани патент) 4 900 рублро ташкил медиҳад.
Барои довталабони гирифтани иҷозатномаи иқомати муваққатӣ (ИИМ) ё ҳуҷҷати иҷозати зист (ҲИЗ) – 5 300 рубл.