Тасдиқи қатъи муваққатии Viber дар қаламрави Тоҷикистон

migrantnews.info

Айни замон зангҳои аудио (овозӣ) ё зангҳои видеоӣ барои корбарон дар дохили Тоҷикистон дастрас шуд.

Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ кард, ки қатъи дастрасӣ ба мессенҷери бештар писандида дар ҷумҳурӣ ба носозии глобалӣ дар кори худи Viber вобаста набуда, ба мушкилоти техникӣ дар дохили қаламрави Тоҷикистон марбут будааст.

«Баъди аз ҷониби васоити ахбори умум интишор шудани маълумот дар бораи қатъи дастрасӣ ба зангҳои аудио ё видеоӣ дар Viber, мо хатҳои худро санҷидем ва маълум шуд, ки ҳақиқатан ҳам мушкилоти техникӣ ҷой доштааст, – гуфт як манбаъ дар Хадамоти алоқа. – Мо ин камбудиро бартараф намудем ва акнун боз зангҳо тариқи Viber барқарор шуданд».

Дар ҳамин ҳол, қобили зикр аст, ки зангҳои аудио ё зангҳои видеоӣ тариқи Viber танҳо бо он хатҳое интернет дастнорас буданд, ки ширкатҳои фароҳамсози интернет (провайдерон) онро аз оператори миллии алоқаи «Тоҷиктелеком» мегирифтанд. Алоқа тавассути Viber бо хатҳои интернети мустақили ширкатҳо қисман доимо дастрас буд.

Ёдрас мекунем, ки охири ҳафтаи гузашта корбарони мессенҷери Viber хабар доданд, ки тариқи ин барнома зангҳои аудио  ё видеоӣ анҷом дода наметавонанд ва маълумот танҳо ба воситаи матн фиристода мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

мубодила кардан:

ШАРҲ ГУЗОРЕД

Your email address will not be published.

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Самое читаемое за неделю

Ахбори Азия-Плюс