Ба Аврупо ва ИМА ба кор даъват мекунанд? Ҳамаашро аввал хуб санҷед

migrantnews.info

Дар Душанбе тамоили нав ба мушоҳида мерасад – ширкатҳое пайдо шудаанд, ки ба Аврупо ва ИМА ба кор даъват мекунанд, ки ин падида ба шабакаҳои иҷтимоӣ низ роҳ ёфтааст.

Мо тасмим гирифтем, ки то чӣ андоза тариқи ширкатҳои миёнарав дар кишварҳои ғарбӣ кор пайдо карданро ошкор созем, вале дидаву дониста номи ширкатро, ки бо эълонҳояш қариб дар тамоми Душанбе дучор омадан мумкин аст зикр намесозем, зеро ин маводи рекламавӣ нест.

Шуморо танҳо дар чанде аз кишварҳои Аврупо интизоранд

Вақте сухан дар бораи Аврупо меравад, ин тамоми кишварҳои Аврупо набуда, танҳо қисмати Шарқӣ ва Марказии он мебошад ва метавон дар ин радиф бештар аз Полша (Лаҳистон), Чехия ва Венгрия (Маҷористон) ном бурд.

Ҳамчунин дар хотир бояд дошт, ки дар ин давлатҳо украиниҳо хеле зиёданд, зеро аз соли 2017 миёни Украина ва кишварҳои Аврупо реҷаи бидуни раводид (виза) ҷорӣ шуда, айни замон дар Иттиҳоди Аврупо талабот ба қувваи кории Украина босуръат дар ҳоли афзоиш аст.

Кор мехоҳӣ? Пулашро пешакӣ пардохт намо!

Айни замон дар Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ бисёр вақт бо эълонҳои «Кор дар Аврупо» дучор мешавӣ. Дар ин эълонҳо таъмин бо кор, манзил, кумак барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозати зист ва ғайра ваъда мешавад. Оё метавон бовар кард?

Сокинони пойтахт, зану шавҳар Нигора ва Саид ба идораи «Азия-Плюс» муроҷиат намуда, изҳор доштанд, ки ба ширкати соҳиби чунин эълон муроҷиат кардаанд.

«Онҳо барои мардон кор дар Аврупо ба сифати коргари ёридиҳанда ва ба занон кор дар ИМА-ро ваъда дода, вале мегӯянд, ки маълумоти муфассал дар бораи шароити кор танҳо баъди имзои шартнома ва пардохти хизматгузориҳо (100%) пешниҳод шуда, бо пардохти 3 ҳазор доллар ширкат ба тайёр кардани раводиди тиҷоратӣ, пардохти маблағи зист дар хостел (ҷойи зист) ба муддати 6 моҳ ва кумак ба гирифтани ҳуҷҷати иҷозати зист дар Полша уҳдадор мешавад, вале дар бораи муҳлати раводид, дар куҷо будани хостел ва шароити кор чизе нагуфтанд», – иброз доштанд онҳо.

Ба қавли ҳамсарон, дар ширкат гуфтаанд, дар Полша муддати ним сол одами онҳо ҳуҷҷати иҷозати зист тайёр мекунад, ки бо он метавон дар қаламрави Аврупо равуо ва кор кард ва то ин дам дар хостел иқомат карда, баъди гирифтани ҳуҷҷати иҷозати зист боз 600 доллари дигар маблағ пардохт кардан зарур будааст ва илова намуданд, ки бо маоши аз 800 то 1500 евро танҳо ба мардон кор пешниҳод мегардад.

ИМА – мақоми ғайриқонунӣ

Дар робита ба ИМА вазъ чунин аст, ки агар танҳо раводид гирифтанӣ бошед, ширкат 5 ҳазор доллар маблағ мепурсад, вале агар ширкат барои шумо боз кор ҳам ҷустуҷӯ кунад, пас ба пардохти 7 ҳазор доллар омода шавед. ВА ТАВАЧЧУҲ, кормандони ширкат кушоду равшан огоҳ мекунанд, ки мақоми шумо ғайриқонунӣ аст.

«Ман ба ин масъала таваҷҷуҳ кардам ва маълум шуд, ки дар ИМА агар шахс қонуншикание накарда бошад, ҳуҷҷатҳои ӯ санҷида намешаванд, шиносҳои зиёди ман дар он ҷо муддлати тӯлонист, ки кор мекунанд. Музди меҳнат дар Америка хеле хуб буда, дар як моҳ метавон то 3,5 – 4 ҳазор доллар пул кор кард, вале хароҷоташ ҳам зиёд мебошад», -шарҳ дод як мард.

Муҳоҷират = мубориза бо камбизоатӣ?

Мо аз ин ширкат боздид кардем, ки дар маркази савдои маҳаллаи 82-юм ҷойгир аст. Дар се кабинети начандон бузург кормандон алоҳида ба Аврупо, ИМА ва тибқи барномаи донишҷӯён ҷавононро ба Чин мефиристанд.

Дар ширкат изҳор намуданд, ки қонунӣ фаъолият доранд, вале иҷозатномаи ҳатмии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистонро нишон надода, танҳо қайд дар Кумитаи андозро нишон доданд, ки фаъолияти онҳо ҳамчун «Беҳбуди некӯаҳволии аҳолӣ ва коҳиши сатҳи кмабизоатӣ» зикр мешавад.

Рӯи миз ҷузъгир (папка)-и рӯйхати хоҳишмандони корёбӣ дар ИМА ва Аврупо хобида буд. Корманди ҷавони ширкат итминон дод, ки маълумоти муфассал дар бораи шароити кор танҳо пас аз имзои шартнома бо ширкат ва пешпардохти маблаги хизматгузориҳо пешниҳод карда мешавад.

Сафари бебарор ба Полша

Сокини пойтахт Аҳлиддин Раҷабов соли 2016 ба Полша рафта, мудом аз беҳуда харҷ шудани пул ва вақташ афсӯс мехӯрад. Он замон ӯ бо харҷи 3 ҳазор евро тариқи Маскаву Алмаато ба Полша меравад ва дар он ҷо ба ӯ маоши моҳонаи 2 ҳазор евро ваъда мекунанд, вале танҳо кори андовачӣ бо музди меҳнати 800 евроро пайдо намуда, тасмим мегирад, ки ба ватан баргардад, зеро аллакай медонист, ки ин маблағ барои хароҷоти худаш дар Полша намерасад.

Мардикорон ба Аврупо алҳол шитоб надоранд

Дар наздикии маркази савдои «Саодат», 500 метр дуртар чандин сол аст, ки мардикорон ҷамъ меоянд ва агар як сол пеш шумори онҳо 150 нафарро ташкил медод, пас ҳозир ин ҷо ҳамарӯза то 500 нафар ҷамъ меоянд.

Онҳо низ ба ин ширкат муроҷиат намуда, изҳор доштанд, ки «дар он ҷо 2,5 ҳазор доллар пули нақд мепурсанд ва барои давраи аввал барои худашон боз 1 ҳазор доллари дигар лозим асту агар ин миқдор пул медоштанд, дар ин ҷо наменишастанд ва боз маълум ҳам нест, ки шароити кор дар он ҷо чӣ гуна аст». Марде бо номи Юсуф тавсия дод, ки ба ҳеҷ ваҷҳ ба миёнаравон муроҷиат кардан лозим нест, зеро онҳо фиреб карда метавонанд.

Қонунӣ танҳо ба Русия мефиристанд?

Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ ба мо хабар доданд, ки бобати дар Душанбе фаъолият доштани ширкати машғул ба фиристодани тоҷикистониён ба Аврупо ягон огаҳие надоранд ва айни замон дар Тоҷикистон 14 агентии хусусии шуғл фаъолият дошта, ҳамаашон муҳоҷиронро ба Русия мефиристанд.

«Дар мо як ташкилоте кор мекард, ки табибон ва ҳамшираҳои шафқатро ба Олмон сафарбар мекард, вале он баста шуд. Дигар ширкатҳое, ки барои фиристодани тоҷикистониён ба Аврупо, Корея ё кишварҳои арабӣ иҷозатнома гирифта бошанд, дар ҷумҳурӣ вуҷуд надоранд», – хабар дод як манбаъ аз Вазорат.

Зимнан зикр гардид, ки 10 январ дар Вазорати мазкур маҷлис доир гардида, роҳбари ин ниҳод супориш додааст, ки ширкатҳои машғул ба фиристодани тоҷикистониён ба муҳоҷират бидуни иҷозатномаро ошкор ва мавриди санҷиш қарор диҳанд.

Ҳолати равонӣ

Мудири бахши «Муҳоҷирати аҳолӣ»-и Пажуҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Академияи илмхои Тоҷикистон Анвар Бобоев мегӯяд, шахси бекор, бахусус мард, ки саробони оила аст, аз ин ҳолаташ азият кашида, ба ҳама кор омода аст, ҳатто ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ, зеро бекорӣ ӯро назди оила ва наздикону хешовандон сархам гардонида, мақомаш миёни ҷомеа паст мешавад.

Ба гуфтаи Бобоев, дар Тоҷикистон лоиҳаи қонун «Дар бораи фаъолияти агентиҳои хусусии шуғл» таҳия ва мавриди баррасӣ қарор дошта, алҳол фаъолияти чунин агентиҳои тибқи қонун «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба навъҳои ҷудогонаи фаъолият» танзим мешавад ва мутобиқи моддаи 17-и ин қонун, доштани иҷозатнома барои агентиҳои шуғл ҳатмист.

«Тоҷикистон бо Русия, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистион дар бораи муҳоҷирати корӣ шартнома дорад ва барои шуғли аҳолӣ ба ин кишварҳо афзалият дода мешавад, вале агар Тоҷикистон дар кадоме аз кишварҳо намояндагии дипломатӣ дошта бошад, мақомоти дахлдори кишварҳо дар бораи муҳоҷират шартнома ба имзо расонида метавонанд», – гуфт номбурда.

Ӯ Олмонро ба сифати мисол зикр кард, ки ҷалби муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистонро хоҳиш карда буд, лекин ин ду сол пеш, замоне буд, ки он ҷо муҳоҷирон аз Шарқи Наздик камтар ҳузур доштанд.

Хулоса

Баъди боздид аз ширкати дар Душанбе фаъолиятдошта ва пайгирии мавзӯъ дар Интернет маълум шуд, ки чунин ширкатҳои пешниҳодкунандаи кор барои шаҳрвандони ИДМ дар Аврупо хеле зиёд буда, ҳатто рӯйхати сиёҳи онҳо ҳам вуҷуд дорад, ки ба онҳо бовар кардан нашояд, вале саҳеҳ санҷидани ҳамаашон имкон надорад.

Дар ин масъала ҳар касе бояд мустақилона хулосабарорӣ кунад, зеро бо раводиди тиҷоратӣ шумо бе миёнаравон ҳам ба Аврупо рафта метавонед, вале бояд маълумот ҷамъоварӣ намуда, комилан аз хатарҳои имконпазир ва ояндаи он огаҳӣ дошта бошед.

мубодила кардан:

Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on pinterest
Share on telegram
Share on vk
Share on odnoklassniki

ШАРҲ ГУЗОРЕД

Your email address will not be published.

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Самое читаемое за неделю

Ахбори Азия-Плюс