Аломатҳои фиреб зимни ба кор даромадан дар хориҷа

migrantnews.info

Ширкатҳо ё агентиҳои хусусӣ оид ба таъмин бо кор як падидаи маъмулӣ дар ҷаҳони муосир маҳсуб меёбад. Тоҷикистон низ истисно набуда, хавфи ба фиреб дода шудан хеле бузург аст. Шарҳ медиҳем, ки чӣ гуна аз фиреб худро канор мебояд гирифт, ҳушёр буд ва ба чӣ таваҷҷуҳ зохир намуд, вақте миёнаравон ба шумо таъмин бо корро дар хориҷи кишвар ваъда медиҳанд.

Кайҳост, ки муҳоҷирати корӣ барои Тоҷикистон падидаи маъмулӣ шудааст. Бо назардошти афзоиши шумори муҳоҷирони ихроҷшуда аз Русия, ширкатҳои миёнараве пайдо шуда истодаанд, ки аз ҳисоби одамони бекормонда пул кор кардан мехоҳанд. Дар ин бора мо навишта будем  — Ба Аврупо ва ИМА ба кор даъват мекунанд? Ҳамаашро аввал хуб санҷед.

Дар ин мавод мо аз мутахассисон баъзе маслиҳатҳоро гирдоварӣ намудем. Агар шумо дар ин кор таҷрибаи худро дошта бошед, дар шарҳҳои зери мавод бинависед ва мо ҳатман маслиҳатҳои шуморо низ ба ин мавод ҷой медиҳем.

Иҷозатнома ҳатмист

Мутобиқи моддаи 17 қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи навъҳои ҷудогонаи фаъолият», агентиҳои хусусии шуғл (АХШ), ки ба таъмини шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҷойи кор дар хориҷа ва шаҳрвандони хориҷӣ дар Тоҷикистон машғуланд, ҳатман бояд аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон иҷозатнома бигиранд.

Агар ширкат чунин иҷозатнома надошта бошад, пас  ин ҳолат шуморо бояд ба ҳушуёрӣ водор кунад. Агар намояндаи ширкат бигӯяд, ки гирифтани иҷозатномаро мунтазир асту ин вақти зиёд металабад, шумо бояд бештар ҳушёртар бошед, зеро дар ин ҳолат ширкат дар амал қонуншиканӣ карданашро пинҳон намедорад.

Ба ҷуз иҷозатнома, ширкати миёнарав ҳамчунин бояд боз шаҳодатномаи қайди давлатӣ, тамоми ҳуҷҷатҳои таъсисотӣ, шаҳодатномаи баҳисобгирии андоз ва шартнома бо ширкати хориҷии корфарморо низ дошта бошад.

Тоҷикистон бо Русия, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон дар бораи муҳоҷирати корӣ созишнома дошта, тибқи муқарррароти дохилӣ, ҳангоми таъмини шаҳрвнадон бо кор аввал ба ин кишварҳо афзалият дода мешавад.

Пешпардохт

Дар Тоҷикистон алҳол қонун «Дар бораи агентиҳои хусусии шуғл» қабул нашуда, мавриди баррасӣ қарор дорад ва мутаноситбан фаъолият ва шароити кори ширкатҳои миёнарав аз рӯи қонунгузорӣ муқаррар нашудааст, ки ба онҳо барои фиребгарӣ имкони зиёд медиҳад.

Чун қонуни танзимкунанда вуҷуд надорад, ин ҷо мо танҳо маслиҳат дода метавонем. Агар ба шумо бигӯянд, ки «Аввал 1000 доллар пардохт кунед, баъд мо бо шумо қарордод ба имзо мерасонем, баъди пардохт ҳамаашро мефаҳмонем ва барои ба Аврупо ба кори хуб соҳиб шудан кумак мекунем», ба гумони ғолиб ин фиреб аст. Талаби пешпардохт барои машварат, ирсоли ҳуҷчатҳо ба корфармо ва ғайра нишондиҳандаи эҳтимоли бевиҷдонии агентӣ буда метавонад.

Ҳама гуна раводид?

Ба кишвари дигар барои кор танҳо тариқи раводи корӣ рафтан лозим аст, ба гунаи дигаре ба ҳеҷ ваҷҳ – раводидҳои сайёҳӣ, фарҳангӣ ва ғайра аломатҳои возеҳи ғайриқонунӣ ба кор даромадан шуморида мешаванд.

Ҷузъиётро пинҳон нигоҳ медоранд

Баъзан чунин ҳам мешавад, ки корманди агентӣ танҳо маълумоти умумӣ дода, ҷузъиёташро ифшо намекунад. Масалан, номи ширкатро нагуфта, бо суханони умумӣ соҳаи фаъолияти он ва бидуни  тафсилот уҳдадориҳои ояндаи шуморо шарҳ медиҳанд, ки ин бояд шуморо ба ҳушёрӣ водор намояд. Шояд ин фиреб бошад.

Танҳо дар хотир дошта бошед, ки шумо ба донистани маълумоти пурра дар бораи корфармои оянда, реҷаи кор, ҳаҷми пардохти музди меҳнат, шароти сафар ва зист, тартиби суғуртаи тиббӣ ва иҷтимоӣ ва ба сурати умум тамоми шароитҳои таъмин бо кор ҳуқуқ доред. Аз пурсидани ҳамаи ин маълумот шарм надоред.

Доир ба таҷрибаи корӣ чизе намепурсанд

Корфармои ҷиддӣ ҳамеша ба таҷрибаи кориву қобилият ва малакаи коргар таваҷҷуҳ зоҳир мекунад, лекин миёнаравҳои қаллоб қариб ҳеҷ гоҳ доир ба малакаҳои касбии номзади имконпазир чизе намепурсанд ва ҳамаи касонеро, ки ба домашон меафтанд, қабул мекунанд.

Ин кори онҳо аз назари мантиқ дуруст ба назар менамояд, зеро ба чунин ширкатҳо кормандони имонпазир лозим нестанд, онҳо танҳо мехоҳанд, ки ҳарчи бештар шумораи одамони зиёдро ҷамъ оранд, то ки барои бо кор таъмин кардан пул пардохт намоянд. Ба кор чунин киро намекунанд.

 Фиребгарӣ бо шартнома

Ҳуҷҷатҳоро бодиққат бихонед, ба ҳар санад надидаву насанҷида имзо нагузоред, бо қарордод бодиққат шинос шавед. Қарордод бояд ба забони модариатон тарҷума шуда бошад.

Ҳеҷ гоҳ дар варақӣ холӣ имзо нагузоред, ба шартномаҳои «дугуна» ва қарордодҳо бо шароитҳои : «… ва дигар навъҳои кор» ё «… ҳама гуна навъи кор бо талаби корфармо» розӣ нашавед».

«Кори аввал дар хориҷа бояд ҳамеша қонунӣ бошад. Худатон рафта бубинед. Бисёр вақт дар маҳал метавон корфармои дигаре ёфт, ки зиёдтар маош медиҳад. Зимни муҳоҷирати нахуст бештар мебояд ба эътимоднокӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуд, пул бошад, бо таҷриба меояд».

Боз як аломати кори ғайриқонунӣ метавонад дар ваъдаи пули зиёдтар пардохт кардан нисбат ба фаъолияти қонунӣ ифода ёбад. Аксарият эҳтиёту ҳушёриро фаромӯш карда, фирефтаи пули зиёд мешаванд ва ба доми фиребгарон меафтанд.

 Шиносномаатонро ҳамеша пеши худ нигоҳ доред

Ба ҳеҷ ваҷҳ нусхаи аслии шиносномаатонро ба корфармоён надиҳед! Нусхаи шиноснома ҳангоми ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо зарур буда, нусхаи аслии шиносномаро шахсан ба сарҳадбонон зимни гузаштани марз нишон медиҳед.

Дар идома мо доир ба тарзҳои фиреби шумо ва ҷустуҷӯи кор аллакай дар хориҷи кишвар маълумот медиҳем.

 Зангҳои пулакӣ ва sms

Ин тарзи қаллобӣ дар кишварҳои Аврупо, Русия ва дигар давлатҳо маъмул буда, хушбахтона ҳоло то ба Тоҷикистон нарасидааст.

Дар хориҷа ба шумо ҷойи кори ҷолиб бидуни зикри тамос бо корфармо пешниҳод мешавад. Барои робита аз шумо ирсоли маълумотномаро дархост накарда, занги телефонӣ ё ирсоли sms-паёмак хоҳиш мешавад, ки баъди он аз тавозуни телефонатон маблағи муайяне гирифта мешавад.

Ин тарзи ҷалб ба кор гуногун буда метавонад. Шуморо метавонанд аввал барои пур кардани маълуомтнома ба шуъбаи кадрҳо даъват карда, сипас барои фаҳмидани тақдиратон аз шумо ирсоли sms-паёмакро дархст кунанд ё шумо аз ширктаи бонуфузе дар бораи гузаштани номзадиатон ба кор нома мегиред ва аз шумо дархост мешавад, ки аввал дар сомона худро ба қайд гузоред. Барои ба қайд гузоштан ирсоли sms-паёмак пешниҳод мешавад, ки бешубҳа пулакӣ аст.

Дар ин ҳолатҳо ҳушёриро аз даст надиҳед, кӯшиш кунед, ки тарзҳои тамос бо ширкатро дар интернет пайдо намоед, занг зада дар бораи смс бипурсед, шояд ширкат аз ин хабар надошта бошад.

Ба ҷойи маош уҳдадориҳои қарзӣ 

Агар шумо ногаҳон мактуби умедворкунанде дар бораи қабул ба кор дар ширкати маъруф гирифтед, ба андеша биравед, магар инҳо қаллобон нестанд? Баъзан муаллифони чунин паёмҳо пешниҳод мекунанд, ки нусхаи шиносномаатонр фиристед (гӯё барои кор), баъдан барои имхзо баъзе варақаҳоро мефиристанд. Корҷӯи ҳушёр пай мебарад, ки ба ҷойи шартномаи меҳнатӣ ба ӯ имзои масалан ҳуҷҷатҳо барои қарзи бонкиро пешниҳод доранд.

Кори фосилавӣ

Дар кори фосилавӣ низ фиребҳое аз қабили маблағи зиёд ба гарав гузоштан барои эътимоду иҷрои кор аз ҷониби онҳо, гузаронидани пул барои кушодани «ҳамёни электронӣ» ва ғайра истифода мешаванд.

Кормандони фосилавиро осонакак ҳам фиреб карда метавонанд яъне маблағи кори онҳоро пардохт намекунанд. Масалан тарҷумаи китоберо дархост намуда, баъдан ирсоли натиҷаҳои корро хоҳиш мекунанд ва бо ҳамин тамом – нопадид мешаванд. Баъди ин телефонҳои корфармо дигар ҷавоб намедиҳад.

Аммо ин маънои онро надорад, ки кори фосилавӣ ҳамеша хатарнок аст. Бисёре аз корфармоҳои бовиҷдон аз кори фосилавӣ истифода мекунанд.

Аз куҷо кумак мебояд ҷуст?

Ба ҳар ҳол, агар шумо ба қонунӣ будани фаъолияти ширкати миёнарав шубҳа пайдо кунед, пас барои санҷиши иҷозатнома доштани он ҷиҳати таъмин бо кор дар хориҷи кишвар, метавонед ба Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо рақами: +992 37 236-96-02 муроҷиат намоед.

Бо адреси: Душанбе, кӯч. А.Навоӣ 5/1

Адреси электронӣ: koragenti@mail.ru

Агар шуморо аллакай фиреб дода бошанд, шумо бояд ҳатман ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо ариза муроҷиат кунед

Робитаҳо бо Сафоратҳои Тоҷикистон

Агар шумо бифаҳмидед, ки фиреб хӯрдаеду вале аз кишвар аллакай берун рафтаед, ё занг бизанед ва ё наздиктарин намояндагии дипломатии Тоҷикистонро дарёбед.

Робитаҳо бо намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои Тоҷикистон дар хориҷи кишварро шумо аз сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистн дарёфт карда метавонед.

Сафорати Тоҷикистон дар Австрия (Вена)

Адрес: Universitatsstrabe 8/1A, 1090, Wien, Osterreich
Телефон: +43/1-4098266
Эл.почта: info@tajikembassy.at, consular@tajikembassy.at
Сайт: www.tajikembassy.at

Сафорати Тоҷикистон дар Белгия (Брюссель)

Адрес: Boulevard General Jacques 16, 1050 Brussels
Тел: +3226406933
Факс: +3226490195
Email: info@tajemb.be
Сайт: www.tajikembassy.be

Сафорати Тоҷикистон дар Британияи Кабир (Лондон)

Адрес: Grove House 26-28 Hammersmith Grove London, W67 BA
Телефон: +442086002520
Факс: +442088341100
Почтаи электронӣ: info@tajembassy.org.uk
Сайт: www.tajembassy.org.uk

Сафорати Тоҷикистон дар Швейтсария (Женева)

Адрес: Rue de la Servette 93, Geneva 1202
Телефон: +41227341140
Факс: +41227341158
Почтаи электронӣ: tajikistanmission@bluewin.ch
Сайт: www.tajikistanmission.ch

Сафорати Тоҷикистон дар Туркия (Анқара)

Адрес: Ferit Recai Ertugrul Caddesi No:20 ORAN, Ankara
Телефон: +90312-4911607, 4911708
Факс: +90312-4911603
Почтаи электронӣ: tajemb_turkey@inbox.ru
Сайт: www.tajikembassytr.org

Сафорати Тоҷикистон дар Туркия (Истанбул)

Адрес: Konakl? Sok. No: 43, Senlikkoy Mh., Florya, Istanbul
Телефон: +902124265052
Факс: +90 2124265056
Почтаи электронӣ: tajcons.ist@gmail.com
Сайт: www.tajconsist.org

Сафорати Тоҷикистон дар Франсия (Париж)

Адрес: Avenue de Saxe 40, 75007 Paris
Телефон: +33143064520
Почтаи электронӣ: info@tajembfrance.fr
Сайт: www.tajembfrance.fr

Сафорати Тоҷикистон дар Олмон (Берлин)

Адрес: Perleberger Str. 43, 10559 Berlin
Телефон: +4930-3479300
Факс: +4930-34793029
Почтаи электронӣ: info@botschaft-tadschikistan.de
Сайт: www.botschaft-tadschikistan.de

Сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон (Кобул)
Сафир — Имомов Шарофуддин
Vazir Akbarkhon st.10, bld.#3, Kabul city
тел.: 8(10-93) 230-03-92, 210-10-80
факс: 8(10-93) 230 03 92
е-mail: tajembaf@rambler.ru

Консулгарии Тоҷикистон дар Афғонистон (Мазори Шариф)
Mazari sharif, Kortai Oriyono
тел.: (10-93) 79 9448301
факс: 8 (10-93) 70519288
е-mail: krt_mazar@yahoo.com

Сафорати Тоҷикистон дар Беларусь
230033, Ҷумҳурии Беларус, вил. Минск., ноҳ. Минск, аг. Ждановичи, кӯч. Зеленая, 42
тел.: 017 549-01-83, 549-01-84
веб-сайт: http://www.tajembassy.by/
е-mail: tajembbel@gmail.com

Сафорати Тоҷикистон дар Миср
82 Street, Willa 19, Al-Maadi, Cairo;
Тел./факс: (202) 237 83 210 — 238 03 955;
е-mail: emtaj.eg@rambler.ru, tajemb_eg@yahoo.com;
http://www.tajikembassy-eg.org

Сафорати Тоҷикистон дар Ҳиндустон 
E -12/6., Vasant Vihar, New Delhi – 110057
тел.: (91 11) 26 15 42 82
факс: (91 11) 26 15 42 82
е-mail: tajembindia@gmail.com

Сафорати Тоҷикистон дар Эрон
Niyovaron sq., Shahid Zainali Avenue., 3rd Street. 10 , Tehran
тел.: (98-21) 229 95 84, 280 92 49
факс: (98-21) 280 92 99
е-mail: tajemb-iran@tajikistanir.com

Сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон
ш. Остона, мкр. Чубари, кӯч. Марсовая, 15
тел/факс: (+7 7172) 24-13-15, 24-09-29
е-mail: tajemb-kaz@vitelco.kz

Намояндагӣ дар ш. Алмаато:
Шаҳраки Баганашил, кӯч. Санаторная, 16
тел/факс: +8 (7272) 269-70-59
е-mail: tajemb_almaty@ok.kz

Сафорати Тоҷикистон дар Чин
No.LA 01-04,Liangmaqiao Diplomatic Compound,Beijing,10060 China
тел.: (00 86)10-65 32 25 98
факс: (00 86)10-65 32 30 39
веб-сайт: http://www.tajikembassychina.com/index_ru.asp
е-mail: tjkemb@public2.bta.net.cn, tajikistanchina@yahoo.com

Сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон
720031, ш. Бишкек, кӯч. Кара-Даринск, мкр. Кок-Ҷар
тел.: + (996 312) 51 16 37, 51 25 87, 51 23 43
веб-сайт: http://www.tajikemb.kg/
е-mail: tjemb@ktnet.kg

Сафорати Тоҷикистон дар АМА
Adress: 5 House, Street 4C, Safa 2, Dubai
тел.: +971 4 394 58 14, 394 58 15, 394 58 10
факс: +971 4 394 58 12
е-mail: dubaitajcons@gmail.com

Сафорати Тоҷикистон дар Покистон

House# 295, Street# 35
F 11/3, Islamabad 44000, Pakistan
тел.: (00 92) 051-229 34 62
факс: (00 92) 051-229 97 10
веб-сайт: http://www.tajikembassy.pk
е-mail: info@tajikembassy.pk

Сафорати Тоҷикистон дар Россия
103001, ш.Москва, гузарг. Гранатний, 13
тел.: +7 (495) 690-38-46, 690-41-86
факс: +7 (495) 691-89-98
веб-сайт: http://www.tajembassy.ru/
е-mail: tajembassymoscow@gmail.com

Хадамоти консулгарӣ: 
ш.Москва, гузарг. Скатертний. 19 (м.Баррикадная)
тел.: +7 (495) 690-57-36
факс: +7 (495) 690-02-70
е-mail: konsultj@mail.ru

Сафорати Тоҷикистон дар ИМА
1005 New Hampshire Avenue, NW, Washington, DC 20037
тел.: (1202) 223 60 90
факс: (1202) 223 60 91
веб-сайт: http://www.tjus.org/
е-mail: tajikistan@verizon.net

Сафорати Тоҷикистон дар Туркманистон
ш. Ашқобод, кӯч. Курунган, 19
тел.: 810(99312)35 56 96, 39 34 31, 39 42 55
факс: 810(99312) 39 31 74
е-mail: tadjemb_tm@mail.ru

Сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон
700090, Тошканд, Гузарг 6 Қаҳҳор, 61
тел.: (+998 71) 254 99 99, 254 84 13
факс: (+998 71) 254 89 69
е-mail: tajembasy_uz@mail.ru
tojembuz@yandex.ru

Сафорати Тоҷикистон дар Украина
Адрес: 01014, ш. Киев, кӯч. Пирятинский, 4
тел.: (+38 044) 280 52 00, 280 86 85
тел/факс: (+38 044) 280 42 60
веб-сайт: http://www.tajemb.com.ua
е-mail: infoukr@tajemb.com.ua

Намояндагии доимии Тоҷикистон дар СММ 
216 East 49th Street., New York, NY 10017
тел.: 1-212-207 33 15
факс: 1-212-207 38 55
е-mail: tajikistanun@verizon.net

мубодила кардан:

Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on pinterest
Share on telegram
Share on vk
Share on odnoklassniki

ШАРҲ ГУЗОРЕД

Your email address will not be published.

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Самое читаемое за неделю

Ахбори Азия-Плюс