Сафар кардам ба он шаҳре… Шеъри хеле пурэҳсоси муҳоҷир

migrantnews.info

Сокини Ворух Нусратулло Бобоев дар бораи ёди ватан кардани муҳоҷир таҳти унвони «Дарди муҳоҷир» шеъри хеле пурсӯзу гудозе эҷод кардааст. Собиқ омӯзгор бо маълумоти олӣ солҳои тӯлонӣ ба ҳайси ошпаз дар Екатеринбург кору зиндагӣ мекунад.

Нусратулло Бобоев дар Екатеринбург ошпаз шуда кор мекунад

Дар мусоҳибаи кӯтоҳе ба Migrant.news.tj муаллифи 42-солаи шеър изҳор дошт, ки хатмкардаи риштаи филологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд буда, орзуи дар мактаб таълим додани насли наврасро дошт.

«Се сол дар мактаби миёнаи №23-и Ворух муаллимӣ кардам, вале зиндагӣ маҷбур сохт, ки барои дарёфти воситаи пешбурди рӯзгор муҳоҷиратро ихтиёр кунам. Ду сол пеш ҳамсар ва кӯдаконамро ҳам назди худам ба Екатеринбург овардам», – иброз дошт ӯ.

Дигар андешаҳояшро ӯ хеле пурэҳсосу бо сӯзу гудоз дар шеъраш баён кардааст…

Дарди муҳоҷир

Сафар кардам

Ба он шаҳре,

ки сангу хоку обаш,

кӯдаку пираш,

Ҷавону марду номардаш,

Ва ҳатто бомжҳои масту бадбӯяш,

Ва ҳам алкулии бадгӯю бадрӯяш

Намехоҳанд дидан ранги моро дар замини хеш.

Вале ман з-ин ҳама сарфи назар кардам,

Бале, худро ба нодонӣ задам маҷбур,

Гаҳе кар будаму гаҳ кӯр.

Чаро ки ин замон ойинаам муҳтоҷ бар хокистари инҳост,

Зи бас музди маъоши тифлакон дар кишвари инҳост.

Зи баски нону оши тифлакон дар кишвари инҳост.

Бубахшо, эй Ватан-Модар!

Агарчи дӯст медорам туро бо ҷон,

Вале фарзанди худро дӯсттар дорам.

Агарчи ту маро зодӣ,

Пару боли расо додӣ,

Раҳи фардом бикшодӣ…

Вале имрӯз роҳамро дигар кардам,

Нигоҳамро дигар кардам,

Бубахшо, сарпаноҳамро дигар кардам.

Шабонрӯзӣ намози ишқ мехонам,

Намози ишқи ту, ёди ту, номи ту,

Намозамро набошад ҳеҷ таъхире,

Намозамро набошад ҳеҷ тағйире,

Валекин ҷонамозамро дигар кардам,

Валекин саҷдагоҳамро дигар кардам.

Ватан, ту қиблаам ҳастӣ, Ватан, ту қибла мемонӣ,

Ки ҳаргиз қибларо дигар нахоҳам кард.

Муаллиф: Нусратулло Бобоев     

мубодила кардан:

ШАРҲ ГУЗОРЕД

Your email address will not be published.

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Самое читаемое за неделю