«Оилаи матинирода». Муҳоҷират ба хотири ояндаи фарзандон

migrantnews.info

Бо таҷрибаи ҳамагӣ сесолаи муҳоҷират Фирӯза Абдуллоеваи 45-сола, сокини Душанбе ва модари се фарзанд хеле зиёд душвориҳоро дар мулки бегона паси сар кард, вале истодагарӣ намуда, ин иродаи мустаҳкам то имрӯз ба оила ҷиҳати бартараф кардани лаҳзаҳои вазнинтарин дар ҳаёт кумак мекунад.

Соли 2014 дар машварати оилавӣ тасмим гирифта шуд, ки вақти муҳоҷиратро ихтиёр кардани онҳо ҳам фаро расидааст, зеро фарзандони калон шуда, хароҷот ҳам зиёд мешавад ва бо маоши корманди буҷет таври дилхоҳ зиндагиро пеш бурдан имкон надорад.

«Ман шавҳрамро бовар кунонидам, ки аввал бояд худам рафта, шароитро бубинам. Чӣ тавр ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо, дар куҷо кор ҷустуҷӯ кардан ва нархҳо дар шаҳрро омӯзам», – ҳикоят мекунад Фирӯза.

Фирӯза наздики 15 сол дар истгоҳ ва вокзали роҳи оҳани Душанбе (КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон») собиқаи корӣ дошта, тӯли ин солҳо шиносҳои зиёди қадрдону самимӣ пайдо кардааст, ки минбаъд ба у кумак карданд.

Пеш аз харидани билет ӯ оид ба қонунгузории муҳоҷирати Русия тариқи интернет маводи зиёде хонда, аз корхонаву ниҳодҳои дахлдор машварат гирифт. Сипас чӣ гуна робитаҳо барқарор кардан ва зина ба зина нақшаи кору зиндагӣ дар ин кишварро таҳия намуд.

Оғози сафар

Дар фурудгоҳи Домодедово ӯро аввал як шиносаш пешвоз гирифта, баъди як рӯз барои зиндагӣ назди шиноси дигараш меравад.

«Агар пешакӣ ба сафар тайёрӣ надида равед, хеле азоб мекашед. Барои пулкоркунӣ омада бошед, қонунӣ кору зиндагӣ кунед», – чунин мешуморад ӯ.

Фирӯза базудӣ худро ба қайди муҳоҷират гузошта, патенташро ба расмият медарорад. Он замон маблағи пардохти андоз 1600 рублро ташкил медод.

Фирӯза аввал дар тарабхона дар навбати шабона ба сифати фаррош дар ошхонаи он кор ёфта, вале кор барои ӯ хеле душвор буд. Аз ин рӯ, ба ҷустуҷӯи кори дигар меафтад, чунки дар хонаи шиносаш ҳам зиёд зиндагӣ кардан муносиб набуд.

Дар хонаи як кашиши (рӯҳонӣ)-и яҳудиён кори хизматгори хона меёбад, лекин дар тарабхона чун мефаҳманд, ки ӯ ба кори дигар меравад, барои ба ҷойи худаш каси дигар наёфтан, пули кори ҳафтаи охирашро намедиҳанд.

Ӯ ҳикоят мекунад, ки яҳудиён зодаи Бухоро буда, занаш ҷавон ва чор фарзанд доштанд. Марди яҳудӣ барои дуруст кардани ҳуҷҷатҳо бисёр вақт бо ӯ маслиҳат мекард, ки ин ба зани ҷавонаш намефорид. Дар ин хонадон ӯ 2,5 моҳ кор карда, ба ҷуз зиндагиву хӯрок 25 ҳазор рубл маош мегирифт.

Баъди каме кор Фирӯза ба ватан бармегардад, то ки писарашро бо худ бигирад. Писараш бо ихтисоси муҳосиб литсейро бо дипломи аъло хатм карда, ба бахши шартномавии мактаби олӣ қабул мешавад, лекин чун оила барои пардохти он имкони молиявӣ надошт, тасмим мегиранд, ки ӯ ҳам бо модараш ба муҳоҷират рпфта, ҳам кор ва ҳам кӯшиш мекунад, ки дар ҳамон ҷо ба мактаби олӣ дохил шавад.

«Дар бораи оянда ва таҳсили фарзандон имрӯз фикр кардан даркор аст. Ҳадафи ману шавҳарам маълумоти олӣ додан ба онҳо аст. Мо хуб зиндагӣ доштем, вале ба оянда бовар надоштем, аз ин рӯ, тасмим гирифтем, ки ба Маскав равем, то ки фарзандонамон маълумоти олӣ гирифта тавонанд», – мегӯяд ӯ.

Ба муҳоҷират бо писар

Баъди 1,5 моҳ ӯ бо писараш ба Маскав баргашта, барои худ ва писараш патент таҳия мекунанд. Фирӯза боз кори хизматгорзани хонаеро ёфта, боре ҳангоми қабули меҳмонон таъомҳои миллии тоҷикӣ, аз қабили оши палову манту ва самбӯса мепазад, ки хӯрокҳо ба меҳмонон хеле хуш меоянд.

Соҳибони хона пешниҳод мекунанд, ки ба ӯ барои ҳар як рӯзи кораш маблағ пардохт мекунанд. Ҳамин тариқ, барои тайёр кардани хӯрок ба аҳли хонавода ба ӯ алоҳида маблағ пардохт намуда, музди меҳнаташ дар як моҳ 33-38 ҳазор рублро ташкил медиҳад, ки қариб ҳамаашро ба хона мефиристод ва барои хароҷоти ҳаррӯзаи худ каме маблағ боқӣ мегузошт.

Гирдиҳам омадани оила

Соҳиби хона медонист, ки оилаи Фирӯза дар Тоҷикистон аст ва ӯ хеле мехоҳад, ки онҳоро ба ин ҷо орад. Аз ин рӯ, дар ёфтани кор кумак ваъда мекунад. Ӯ ҳақиқатан ҳам дар ширкати сохтмонӣ барои шавҳараш кор ёфт. Ҳамсараш бо ду фарзандашон аз Душанбе назди онҳо омаданд.

Шавҳари Фирӯза аз рӯи ихтисос гидромелиоратор буда, дар сохтори давлатии маркази санитарӣ-эпидемиологӣ кор мекард. Дар вақтҳои холигӣ ба таъмир дар манзилҳои пойтахт машғул мешуд.

«Албатта, чунин кори иловагӣ як кумаки зиёд ба оила аст, вале ин корҳо доимӣ набуданд, лозим меомад, ки хеле дергоҳ фармоиш мунтазир шавӣ», – мегӯяд зан.

Айни замон шавҳари Фирӯза дар яке аз маҷмааҳои осоишгоҳиву меҳмонхонаҳои Маскав машғули корҳои техникӣ буда, баъзан устогиву дуредгарӣ ҳам мекунад.

Оилаи онҳо дар коттеҷи наздикии Роҳи автомобилгарди ҳалқавии Маскав (МКАД) хонаеро бо пардохти 12000 рубл дар як моҳ ба иҷора гирифтанд, ки ин ҷо аксари оилаҳои муҳоҷирон зодагони Осиёи Марказӣ мебошанд.

Мактаб барои духтарчаи хурдӣ

Вақте ки тамоми аҳли оила ба Маскав кӯчид, духтари хурдии хонадон ба синни 7-солагӣ қадам ниҳод. Фирӯза ба чор мактаби наздики манзили иҷораашон муроҷиат намуд, вале духтарчаашро ба таҳсил қабул накарданд.

Тариқи интернет огаҳӣ пайдо намуд, ки барои ин мебояд тариқи портали «Хизматрасонии давлатӣ» муроҷиат намуда, ҳуҷҷатҳои зеринро тайёр кард:

– шиноснома;

– ҳуҷҷати иҷозати зисти падар ё модар;

– шаҳодатнома дар бораи тавалдуди кӯдак;

– иҷозатномаи зисти муваққатӣ;

– ҳуҷҷати тасдиқкунадаи ҳузури қонунии падар ё модар дар Русия (қайди муҳоҷират + корти муҳоҷират + патент (иҷозатномаи кор);

– полиси суғуртаи тиббии кӯдак ва корти тиббӣ.

Муҳимаш он аст, ки ҳамаи ҳуҷҷатҳо бояд бо забони русӣ ё тарҷумаи ба таври нотариалӣ тасдиқшуда бо забони русӣ бошанд.

Роҳи мактабе, ки Фирӯза ба он ариза электронӣ дод, аз хонаашон як соат вақтро мегирифт. Дар мактаб аз забони русиро хуб донистан духтарчааш Ҷозибахон омӯзгорон ба ҳайрат омаданд. Худаш ҳам барои ҳама вақт бо духтарчаш будан дар ошхонаи мактаб ба кор даромад.

Ҳарчанд маош дар ин ҷо аз кори хизматгори хона ду баробар кам бошад ҳам, лекин акнун Фирӯза мудом ҳамроҳи духтарчааш буда, ғайр аз ин, барои ӯро ба студияи театрӣ ва маҳфили рақс бурдан вақт дорад.

Барои ба мактаб рафтани дутарчаи худ Феруза аз бисёри душвориҳо аз сар гузаронд

Ба гуфтаи Фирӯза, дар ҷойи кораш ӯро хеле хеб қабул кардаанд ва ҳама аз он дар ҳайратанд, ки чӣ гуна ӯ бо забони тозаи русӣ (бидуни аксент) гап заданро омӯхтааст.

Ҳодиса дар электричка

Боре Фирӯза аз муносибати як зан дар электричка нисбати худу духтараш хеле сахт озурдаву мушавваш шуд. Ин зан ба тамоми вагон дода зада, нисбати онҳо изҳор намуд, ки «шумо сиёҳу бадбӯйҳову… боз якчанд таҳқирҳои дигаре  чаро ба Маскав омадед». Духтарчааш аз ҳарос ба модараш ҷафстар шуд.

Фирӯза қарор кард, ки сабру таҳаммул намуда, сипас бо оромӣ ҷавоб мегӯяд ва вақте ӯ ба ӯ бо таҳаммулу оромӣ посух дод, мусофирони дигаре, ки дар ин вагон нишаста буданд, ӯро дастгирӣ карданд.

Як марди рус ба гуфтугӯ ҳамроҳ шуда, изҳор намуд, ки ҳозир маскавиҳои муқимӣ қариб боқӣ намондаанд, ҳама аз дигар ҷойҳо омадагӣ мебошанд. Зани пиронсоли дар муқобил нишаста чунин гуфт:

«Шумо чӣ тавр дар Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) зиндагӣ доштед? Чӣ гуна бародаронро аз ҷумҳуриҳои шӯравӣ сабру таҳаммул мекардед? Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ одамони миллатҳои гуногун дар як хандақ паҳлӯи ҳамдигар зидди фашистон меҷангиданд, акнун одамонро ба худиву бегона ҷудо мекунед».

«Маҳз аз ҳамон замон ман дарк кардам, ки духтарчаам ва писаронамро бояд ба ин гуна ҳолатҳо омода кунам. Ҳамеша ба онҳо мегӯям, ки одамони солимақл ҳеҷ гоҳ каси дигарро таҳқир намекунанд ва агар ба онҳо ҷавоб гӯӣ, аблаҳии худатро нишон медиҳӣ. Хафагиҳоро аз дил рондан лозим аст, вагарна аз ақл бегона мешавӣ. Боз инро ҳам ба назар гирифтан лозим аст, ки ҳама дар бораи муҳоҷирон чунин ақида надоранд».

Тез-тез ба тамошои намоишгоҳҳо меравем, то ки фарзандон ватану фарҳанги худро фаромуш насозанд

Писарони Фирӯза 24 ва 22-сола буда, писари калонӣ дар яке аз тарабхонаҳо ба сифати ошпаз ва писари хурдӣ дар бригадаи техникии тарабхона дар маркази шаҳри Маскав кор мекунанд. Писари хурдӣ боз аз забони ангисиро хуб донистанаш дар ҳамон ҷо маъмур шуда низ кор мекунад. Онҳо дарҳол ба ин вазифаҳо соҳиб нашудаанд, аз корҳои зинаи пасттар оғоз намуда буданд.

Ҳар кадоме аз оилаи Абдуллоевҳо дар ин шаҳри бузург роҳи кору зиндагии худро пайдо намуд. Фирӯза худ ба худ савол медиҳад, ки – Агар дар ватан кору маоши шоиста бошад, пас магар ин шумор тоҷикистониён дар Русия ҳузур медоштанд?

Ба саволи мо дар бораи ояндаи баъди 10-15 соли ин оила, Фирӯз тариқи зайл посух дод: «Гумон мекунем, ки то он замон писаронам маълумоти олӣ гирифта, оиладору соҳиби фарзандон мешаванд. Мо бо шавҳарам дар ватан соҳиби ҳавлии гулпӯши боғдор ва танӯрдор мешавем».

мубодила кардан:

ШАРҲ ГУЗОРЕД

Your email address will not be published.

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Самое читаемое за неделю