Чӣ гуна метавон фарзандонро дар мактаби Русия ба таҳсил монд? Шитоб кунед, вақт кам аст

migrantnews.info

Дар Русия аз 15 декабри соли 2017 сабти кӯдаконе, ки соли хониши 2018-2019 ба мактаб мераванд, оғоз гардид. Барои сабти кӯдакони муҳоҷирон низ ба мисли шаҳрвандони Русия шарт як аст – доштани қайди доимӣ ё муваққатӣ.

Сабти кӯдакон ба мактабҳо то 5 сентябр идома меёбад, лекин ҳарчи қадре ин сана наздиктар шавад, сабт мушкилтар хоҳад шуд. Гузашта аз ин, баъзе мактабҳои Маскаву Санкт-Петербург сабтро 1-уми феврал ба итмом мерасонанд, аз ин рӯ, шитоб мебояд кард.

Ба таҳсил дар мактабҳо дар қаламрави Русия ҳамаи кӯдакони синнусоли мактабӣ, ки дар қаламрави Русия зиндагӣ ё ҳузур доранд, ҳуқуқ доранд. Ин ҳам дар Констиутсия ва ҳам дар қонун «Дар бораи маориф» кафолат дода шудааст.

Мақоми ҳуқуқии падару модарон ва мавҷуд будан ё набудани қайд набояд ба қабули кӯдакон ба мактаб монеъе эҷод намояд. Бисёр вақт зимни қабул ба мактаб маҳз ба ҳамин масъала зиёд ишора мекунанд, аз ин рӯ, ба он таваҷҷуҳ бояд зоҳир намуд.

Чӣ гуна ариза пешниҳод кардан даркор аст?

Се тарзи сабти кӯдак ба мактаб вуҷуд дорад. Аввал, метавон аз худи мактаб боздид намуда, ба номи директори он ариза навишт. Сабти кӯдак ба қабул дар мактаб тариқи Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷират ё ба шакли электронӣ тарзҳои дигари қайди кӯдак ба мактаб мебошанд.

Тарзи дигари бештар осонтару дастрастар ва комилан бепул низ амал мекунад, ки ин пешниҳоди ариза тавассути портали электронии Хизматрасониҳои давлатӣ мебошад.

Ба гунаи мисол, мақомоти шаҳрдории Маскав ва Санкт-Петербург порталҳои махсуси худ оид ба хизматрасониҳои давлатиро боз намудаанд, ки ба воситаи он метавон ариза навишта ҳамаи хоначаҳои онро пур кард.

Ҳамчунин портали умумии Русия оид ба Хизматрасониҳои давлатӣ амал мекунад.

– Аввал худро дар сомона ба қайд гузошта, «ҳуҷраи шахсӣ» кушоед. Ин барои он лозим аст, ки шумо тариқи онлайн натиҷаҳои қайдатонро гирифта тавонед;

– Сипас бахши «Сабт ба муассисаи таълимӣ»-ро интихоб намоед;

–  Низом ба таври автоматӣ макони ҷойгиршавии шуморо муайян мекунад, агар иштибоҳ шавад, шумо худатон дастӣ онро ислоҳ карда метавонед;

– Маълумоти дархостмешударо бояд ворид кард. Аризаи шумо дар Сиёҳнавис ҳифз мешавад ва шумо дар ҳама гуна вақт ба он баргашта метавонед.

– Маълумоти воридшударо санҷида ба тугмаи «Ариза додан» пахш кунед. Агар иштибоҳ шавад, фиристодани аризаро каме дертар такрор мебояд кард ё метавонед бо рақами телефони бепул дар Русия 8 800 100-70-10, барои зангҳо аз хориҷа +7 495 727-47-47 занг занед.

– Натиҷаи пешниҳоди хизматгузорӣ дар ҳуҷраи шахсӣ, бахши «Аризахои ман дар «Маълумот аз рӯи аризахо» дар гӯшаи «Натиҷа» дарҷ меёбад.

Баъзе ҳолатҳои хос зимни аризадиҳӣ

Ҳангоми истифодаи портали хизматрасониҳои давлатӣ мебояд донист, ки ба мушкилоти сербории портал омода шудан зарур аст, зеро бинобар сабаби сершумор будани  корбарон, иштибоҳ нишон медиҳад, лекин дар маъракаи сабт ба мактабҳо дар соли хониши 2018-2019 ҳукуматдорон ваъда додаанд, ки ин мушкилиро бартараф месозанд.

Тарзи беҳтарини супурдани ҳуҷҷатҳои кӯдак барои қабул ба мактаб суҳбати бевосита бо директори муассисаи таълимӣ ва пешниҳоди ариза шахсан ба худи ӯ мебошад.

Номгӯи ҳуҷҷатҳо

Дар мактабҳо ҳар гуна ҳуҷчатҳоро талаб карда метавонад, лекин 6-то он барои ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ҳатмист:

– Акси кӯдак;

– Ариза барои қабули хонанда;

– Шиносномаи яке аз волидон;

– Маълумотнома дар бораи ҷойи зисти кӯдак;

–  Корти тиббии шакли 026/у-2000;

– Ҳуҷҷати аслӣ ва нусхаи шаҳодатнома дар бораи таваллуди кӯдак.

Барои шаҳрвандони дигар кишварҳо ё шахсони бешаҳрвандӣ ҳамчунин ҳуҷҷати тасдиқунандаи қонунӣ будани ҳузури онҳо дар қаламрави Русия талаб мешавад. Ин гуна ҳуҷчат шаҳодатномаи гуреза, корти муҳоҷират ё ҳуҷҷати ба ин монанд буда метавонад.

Ҳамчунин баъзан рақами суғуртавии инфиродии суратҳисоби шахсии кӯдакро низ талаб карда метавонанд.

Боз пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зеринро талаб карда метавонанд:

– нусхаи полиси суғуртаи ҳатмии тиббӣ;

– тавсифнома аз кӯдакистон;

– нусхаи шаҳодатномаи шахсияти волидон;

– Барои сарпарастон низ чунин талабот амал мекунад. Волидон бояд донанд, ки зимни қабул ба мактабҳо ҳақмузд ситонида намешавад, ин ғайриқонунӣ аст;

– Шумо бояд ҳатман пешакӣ аризаи мухтасар дар бораи қабули кӯдак ба мактабро дар ду нусха тайёр кунед;

– Ариза бо забони русӣ аз номи яке аз волидон ба унвони директори мактаб навишта мешавад, дар он маълумоти зарурӣ зикр мегардад;

– Дар баъзе ҳолатҳо кӯдак бояд аз комиссияи махсус гузарад, ки дар он сатҳи омодагии ӯ ба таҳсил дар мактаб, донистани забони русӣ ва ғайра санҷида мешавад.

Муҳлатҳои пешниҳоди ҳуҷҷатҳо

Сабт барои қабул шудан ба таҳсил ба синфи 1-ум дар соли хониши 2018-2019 аллакай соли 2017 шурӯъ мешавад.

Муҳлати қабул – аз 15.12.2017 то 01.02.2018 сол муқаррар шудаааст. Лекин чанде рӯз пеш низ то 1 сентябр ва ҳатто дертар аз он низ ариза додани имкон дорад.

Танҳо дар ин ҳолат волидон дигар ба интихоби дилхоҳи худ умед баста наметавонанд, яъне ба ҳамон синф ё омӯзгоре, ки кӯдакашоноро ба он додан мехостанд, имкони камтар мемонад.

Донистан муҳим аст!

Агар кӯдак мувофиқи қайд ба муассисаи таълимии мушаххас вобаста бошад, ин муассиса уҳдадор аст, ки ҳатто дар сурати мавҷуд набудани ҷойҳои холӣ ҳам, ӯро ба таҳсил қабул кунад. Дар баракси ҳолат муассисаи таълимӣ метавонад қабули кӯдакро рад кунад.

Ба ҷуз мактабҳои Маскаву Петербург, чунин муҳлатҳои қабули аризаҳо тасдиқ шудаанд:

– аз 01.02.2018 то 25.04.2018 сол барои кӯдакони вобаста ба мактаби мушаххас;

– аз 25.04.2018 то 05.09.2018 сол барои кӯдакони боқимонда зимни мавҷуд будани ҷойҳои холӣ дар синфҳо.

Қабул ба синфи як

Маъмулан зимни қабули кӯдак омӯзгор ва равоншиноси мактаб бо ӯ суҳбат мекунанд, ки ин ба шиносии наздик бо омӯзгори оянда ва хубтар омода кардани кӯдак ба таҳсил мусоидат менамояд.

Донистани забони русӣ низ хеле муҳим аст. Кӯдак бояд озодона бо забони русӣ гуфтугӯ карда, афсона гӯяд ва шеър хонадд. Маъмурияти мактаб ба рад кардани қабули кӯдак бо риоя накардани муқаррароти Вазорати маориф ва илм ҳуқуқ надорад.

Рад шудани қабул танҳо ба мавҷуд набудани ҷойҳои холӣ дар мактаб алоқамандӣ дошта метавонад. Дар ин ҳолат волидонро муроҷиат ба мақомоти минтақавӣ ё чун дар Маскав ба Раёсати маориф ё Департаменти маорифи шаҳри Маскав зарур аст то ки барои кӯдак мактаби дигар интихоб карда шавад.

Баъди муайян кардани мактаб, барои кӯдак, ба расмият даровардани корти тиббӣ лозим мебошад. Корти тиббиро метавон дар ҳама гуна даромнгоҳи кӯдакона ба расмият даровард.

Полиси суғуртавӣ 

Корти тиббӣ барои ҳама кӯдакон мувофиқи меъёри қабулшуда аст. Барои пур кардани он бояд аз муоинаи якчанд табиб гузашт, ташхисҳо супурд ва дар бораи эмкуниҳо қайд гузошт. Бидуни корти тиббии пуршуда кӯдак ба мактаб рафта наметавонад.

Ҳамин тариқ, кӯдаки шумо бояд аз муоингаи табибони зерин гузарад:

–  Духтури биниву  гӯлу ва гӯш (ЛОР-врач);

– Табиби  чашм (Офтальмолог);

– Ҷарроҳ;

– Духтури бемориҳои асаб;

– Духтури бемориҳои дил;

– Муоинаи озмоишгоҳӣ (лабораторӣ);

– Духтури бемориҳои кӯдакон (Педиатр);

– Духтури чашм

– Дандонпизишк

Агар ба мактаб нагиранд

Агар дар ниҳояти кор фарзанди шуморо ба мактаб қабул накарданду сабабашро шарҳ надоданд ё сабабаш баҳснок аст, шумо бояд бидонед, ки дар ҳар як минтақаи Русия нозироти Кумитаи маориф, дастгоҳи Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар минтақа амал мекунад, ки шумо барои шарҳу кумак ё машварат ба ин ниҳодҳо муроҷиат карда метавонед.

Мувофиқи Конститусияи Русия, ҳеҷ кас барои рад кардан ба шумо ҳуқуқ надорад ё ба истилоҳи дигар инро метавон ҳамчун «мустақиман риоя нашудани ҳуқуқ ба таҳсилоти бепул» шарҳ дод.

мубодила кардан:

ШАРҲ ГУЗОРЕД

Your email address will not be published.

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Самое читаемое за неделю