Соли гузашта 173 нафар хориҷиён аз Тоҷикистон берун карда шуданд

migrantnews.info

Соли 2017 барои вайрон кардани қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар Тоҷикистон, нисбати 474 нафар шаҳрвандони хориҷӣ протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, 173 нафари онҳо бо қарорҳои судӣ аз қаламрави Тоҷикистон берун карда шуданд, хабар дода мешавад дар сомонаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, шумори хориҷиёни ихроҷшуда нисбат ба соли 2016 камтар шудааст. Соли 2016 шумори шаҳрвандони аз қаламрави Тоҷикистон ихроҷшуда 204 нафарро ташкил медод, ки аксарияташон шаҳрвандони Афғонистону Покистон ва дигар кишварҳо буданд.

Ба иттилои манбаъ, соли 2017 аз ҷониби Хадамоти муҳоҷират дар асоси квотаи муқарраршуда ба 6 ҳазору 645 нафар (соли 2016 – 11 ҳазору 330 нафар) шаҳрвандони хориҷӣ барои амалӣ намудани фаъолияти корӣ дар Тоҷикистон иҷозат дода шудааст.

Қайд мешавад, ки ширкатҳое, ки барои ҷалби қувваи кории хориҷӣ иҷозатнома доранд,  31 ҳазору 053 нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро бо ҷойҳои корӣ таъмин намуданд, ки нисбат ба соли 2016 ба миқдори 10 ҳазор зиёдтар мебошад.

Дар робита ба қонунгузории танзимкунандаи фаъолият шаҳрвандони хориҷӣ дар ҷумҳурӣ бошад, соли 2016 муҳлати иҷозатномаҳо барои кор дар Тоҷикистон аз 5 то 3 сол кам карда шуд.

мубодила кардан:

Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on pinterest
Share on telegram
Share on vk
Share on odnoklassniki

ШАРҲ ГУЗОРЕД

Your email address will not be published.

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Самое читаемое за неделю

Ахбори Азия-Плюс