Пешниҳоди кор дар Аврупо қонунӣ аст? Вазорати меҳнат масъаларо меомӯзад

migrantnews.info

Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистион аз афзоиши шумори эълонҳои пешниҳоди кор ба шаҳрвандон дар Аврупо нигаронӣ изҳор мекунанд.

Вазир Сумангул Тағойзода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки ин масъала мавриди омӯзиш қарор дошта, алҳол гуфта наметавонанд, ки ин ширкатҳо то кадом андоза қонунӣ фаъолият доранд.

Номбурда гуфт, ба ширкатҳое, ки раводидҳо барои сафар ба кишварҳои хориҷиро ба расмият медароранд, Вазорати меҳнат барои ба хориҷи кишвар бурдани шаҳрвандон бо мақсади муҳоҷирати корӣ иҷозатнома намедиҳад.

«Мо ин масъаларо омӯхта истодаем. Ман ҳам ин эълонҳоро дидам, ҳамеша ба кормандонам хотиррасон мекунам, ки ба ин масъала таваҷҷуҳ ва онро омӯзанд, ошкор кунанд, ки инҳо чӣ гуна ташкилотҳо мебошанд. Мо боэҳтиёт иҷозатнома медиҳем ва кӯшиш дорем, ки бештар ба кишварҳое, ки бо онҳо созишномаи муҳоҷирати корӣ дорем, шаҳрвандонамонро фиристем. Дар ин ҳолат мо бар асосҳои қонунӣ аз манфиатҳои муҳоҷирони худ дар ин кишварҳо ҳимоя карда метавонем», – қайд кард ӯ.

Зимнан қайд шуд, ки қаблан худи вазорат барои ба Полша бурдани шаҳрвандони ҷумҳурӣ ду созишнома ба имзо расонида буд, лекин аз ин ҳеҷ натиҷае ҳосил нашуд, зеро дар дастрасии раводид мушкилот рӯйи кор омад.

«Мо 14 нафарро ба Полша фиристода тавонистем, аммо муддати хеле зиёд масъалаи ба онҳо додани раводид баррасӣ шуда, аз ин рӯ, тасмим гирифтем, ки аз идомаи ин кор даст кашем», – шарҳ дод вай.

Зимнан зикр гардид, ки имрӯз Тоҷикистон бо Русия, Қазоқистон, Беларус ва Қирғизистон дар бораи муҳоҷирати корӣ созишномаҳои байниҳукуматӣ ба имзо расонидааст. Қобили зикр аст, ки беш аз 90%-и шаҳрвандони Тоҷикистон Русияро макони муҳоҷират ихтиёр мекунанд.

Ба ҳар ҳол, агар шумо дар ниҳояти кор тасмим гирифтед, ки тариқи миёнаравҳо  ба Аврупо ё дигар кишварҳо сафар мекунед, пас шумо бояд чанд қоидаҳоро бидонед, ки мо дар маводи худ манзуратон гардонида будем.

мубодила кардан:

Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on pinterest
Share on telegram
Share on vk
Share on odnoklassniki

ШАРҲ ГУЗОРЕД

Your email address will not be published.

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Самое читаемое за неделю