Талаби ихроҷ ва ошӯби муҳоҷирон дар қабулгоҳи Красноярск

migrantnews.info

Дар яке аз боздоштгоҳҳои нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии Красноярск наздики 20 нафар шаҳрвандони хориҷӣ бо талаби беҳтар кардани шароити будубош ё ҳарчи зудтар ба ватанашон ихроҷ шудан даст ба бетартибиҳои оммавӣ заданд, хабар медиҳад Кумитаи тафтишоти ВКД ФР дар кишвари Красноярск.

Ходиса субҳи санаи 3 феврал рух дода, тибқи маълумоти пешакӣ, наздики 20 нафар шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар се ҳуҷраи боздоштгоҳ дар ошёнаи якум нигаҳдорӣ мешуданд, сангар сохта, худро дар дохили бино маҳкам кардаанд.

«Онҳоро кӯрпаҳоро сӯзонида, якчанд камераҳои мушоҳидаи видеоиро вайрон кардаанд ва ба ин васила, фаъолияти муассисаро халалдор сохтанд. Талаби асосии ошӯбгарон беҳтар намудани шароити будубош ва ҳарчи зудтар ихроҷ кардан ба ватан буд», – омадааст дар маълумот.

Ин ҳолат ҳамчун ташкил ва иштирок дар бетартибиҳои оммавӣ арзёбӣ мешавад. Аз рӯи ин далел мақомоти тафтишоти Кумитаи тафтишоти Русия дар кишвари Красноярск мутобиқи моддаи 212 Кодекси ҷиноии Русия (иштирок дар бетартибиҳои оммавӣ) парвандаи ҷиноӣ боз намудаанд, ки дар аз 3 то 8 сол ҷазои зиндон пешбинӣ мешавад.

Дар ҷараёни амалиёти фаврии кормандони пулис бо дастгирии намояндагони «Росгвардия» ба бетартибиҳои оммавӣ хотима бахшида шуда, ташкилкунандагон ва ҳамаи иштирокчиёни он ба муассисаҳои махсус интиқол ёфтаанд.

Айни замон нисбати ду нафар саркардагони бетартибиҳои оммавӣ чораи пешгирии дар ҳабс нигоҳ доштан амалӣ шуда, боз як иштирокчии он, ки бо дастури ташкилкунандагон амволи муассисаи махсусро оташ мезад, бо аломатҳои ҷинояти моддаи 91 боздошт шудааст.

КМҶ ФР – Мақомоти бозпурсӣ, бозпурс, муфаттиш ба боздошти шахси гумонбар ба содир кардани ҷиноят, ки барои он ҷазо дар шакли маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ шудааст, ҳуқуқ дорад.

Гуфта мешавад, тафтиши парвандаи ҷиноӣ идома дорад. Дар бораи шаҳрванди кадом кишварҳо будани ошӯбгарон маълумот дода намешавад.

мубодила кардан:

Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on pinterest
Share on telegram
Share on vk
Share on odnoklassniki

ШАРҲ ГУЗОРЕД

Your email address will not be published.

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Самое читаемое за неделю

Ахбори Азия-Плюс