Созишнома дар бораи муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ то ҳол баррасӣ мешавад. Бо назардошти охири ҳар сол аз ҷониби Кореяи Ҷанубӣ ҷудо шудани квотаҳо барои ҷалби қувваи кории хориҷӣ, метавон гуфт, ки соли 2018 низ тоҷикистониён қонунӣ ба ин кишвар ба кор рафта наметавонанд ва ҳатто агар байни кишварҳо имсол ҳам созишнома дар ин хусус ба имзо расад, квота соли 2019 ҷудо мешавад.
Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо шаҳрвандони Қирғизистону Ӯзбекистон қонунӣ дар Кореяи Ҷанубӣ кор карда метавонанд, зеро миёни ин кишварҳо созишнома ба имзо расида, аз ҷониби ҳукумати Кореяи Ҷанубӣ ба онҳо квота ҷудо мешавад. Шаҳрвандони Русия имтиёз доранд – миёни Русия ва Кореяи Ҷанубӣ реҷаи бидуни раводид ба муҳлати 60 рӯз амал мекунад, лекин он танҳо барои сайёҳон пешбинӣ шудааст.
Зимни нишасти хабарии рӯзи 6 феврал вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода дар ин робита изҳор намуд, ки ширкатҳои тоҷикистонии машғул ба фиристодани шаҳрвандон ба кишварҳои хориҷӣ кӯшишҳо ба харҷ дода буданд, ки бо Кореяи Ҷанубӣ дар ин самт ҳамкорӣ кунанд, вале чизе ҳосил нашуд, чунки миёни кишварҳо созишномаи байниҳукуматӣ ба имзо нарасид.
«Бархе аз шаҳрвандони мо ба Кореяи Ҷанубӣ мераванд, вале то ҷое ба мо маълум аст, барои ин онҳо ба муҳлати се моҳ раводиди сайёҳӣ мегиранд ва бо анҷоми муҳлати он бояд ин кишварро тарк кунанд. Назди мо ҳам омада, дар бораи ин масъала мепурсанд, лекин мо алҳол интизорем», – қайд кард ӯ.
Тағойзода шарҳ дод, ки лоиҳаи созишнома мавриди баррасии Вазорати меҳнати Ҷумҳурии Корея қарор дорад, вале масъала то ҳанӯз роҳи ҳалли худро наёфта, кай сари созиш омадани ҷонибҳо алҳол маълум нест.
Чаро Кореяи Ҷанубӣ мавриди таваҷҷуҳи Тоҷикистон аст?
Мантиқан саволе ба миён меояд, ки чаро Кореяи Ҷанубӣ ба сифати кишваре интихоб шудааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор ба он рафта метавонанд? Охир забону фарҳанг ва дигар анъанаву расму оинҳои мо гуногунанд-ку?
Албатта, дар навбати аввал бояд ҳукумати Тоҷикистон барои бо ҷойи кор таъмин кардани шаҳрвандон дар дохили кишвар талош варзад. Сарфи назар аз ҳисоботи мансабдорон, сатҳи бекорӣ коҳиш намеёбад, зеро ҳамасола ҳазорон ҷавонон сафи бекоронро зиёд мекунанд. Аз ин рӯ, аҳолии доимо дар ҳоли афзоиш бударо бо кор таъмин кардан зарур аст, бигзор ҳатто ба воситаи муҳоҷират.
Кореяи Ҷанубӣ ба муҳоҷират ниёз дорад?
Ин ҷо мебояд зикр намуд, ки иқтисоди Кореяи Ҷанубӣ босуръат дар ҳоли рушд қарор дорад ва ин кишвар маҷбур аст, ки ҳамасола то 500 ҳазор нафар қувваи кории хориҷиро ҷалб намояд. Аз ин рӯ, ба ин кишвар натанҳо сайёҳон, балки корҷӯён низ таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд.
Имрӯз ду кишвари ҳамсояи Тоҷикистон – Қирғизистону Ӯзбекистон ба муҳоҷирати қонунии шаҳрвандонашон ба Кореяи Ҷанубӣ ҳуқуқ доранд. Дар ин рӯйхат ҳамчунин Чин, Таиланд, Филиппин, Ветнам, Индонезия, Покистон, Шри-Ланка, Бангладеш ва Муғулистон низ ҳузур дошта, Русия бо ин кишвар созишномаи муҳоҷират надорад, танҳо реҷаи бидуни раводид ба муҳлати 60 рӯз.
Ин кишвар боз аз он лиҳоз ҷолиб аст, ки дар Кореяи Ҷанубӣ нисбати муҳоҷирон муносибати манфӣ ҷой надорад. Роҳбарону моликони корхонаву ширкатҳо ва кормандони он ба муҳоҷирон на ҳамчун ба қувваи корӣ, балки ҳамчун ҳамкори худ муносибат мекунанд.
Музди меҳнат чӣ қадар аст?
Музди меҳнати коргари хориҷӣ дар Кореяи Ҷанубӣ ба ҳисоби миёна тақрибан 1100-1200 долларро ташкил медиҳад. Сатҳи музди меҳнат ба минтақа вобаста аст. Вале инро ҳам мебояд ба инобат гирифт, ки зиндагӣ низ дар ин ҷо арзон нест.
Дар шаҳри Сеул корманди соҳибтахассус дар фабрика ё корхонаи дига дар муддати чанд рӯз бо маоши моҳонаи 700-1000 доллар кор ёфта метавонанд, лекин дар минтақа он ду баробар камтар аст. Агар каме сабр кунед, метавон бо маоши 1000-1500 доллар кори ғайритахассусӣ пайдо намуд. Ин ҷо маошро расмӣ пардохт мекунанд, на дар «лифофа».
Кадом касбҳо дар Кореяи Ҷанубӣ серхаридор аст?
Талаботи асосӣ ба мутахассисони соҳибтаҷриба донистани забони англисӣ дар сатҳи баланд аст. Агар шумо забони кореягиро донед, пас корёбӣ осонтар мешавад. Ҳамчунин таҷрибаи корӣ, сатҳи ширкатҳое, ки шумо дар он пештар кор кардаед, меҳнатдӯстӣ низ қадр мешавад.
Корея бештар ба мутахассисони зерини соҳибкасб ниёз дорад:
Олимон
Муҳандисон
IT-мутахассисон
Ҳайати кории соҳибтахассуси техникӣ
Кадрҳои ғайритахассусӣ низ ҳамеша лозиманд, лекин асосан дар истеҳсолот ва фермаҳо. Коргарони мавсимӣ низ кор ёфта метавонанд. Дар Кореяи Ҷанубӣ истеҳсолот зиёд аст, шурӯъ аз саноати дӯзандагиву бофандагӣ то истеҳсоли автомобилҳо. Интихоб зиёд аст.
Муҳоҷири ғайриқонунӣ дар Кореяи Ҷанубӣ низ дар азоб аст
Бино ба маълумоти дарёфтӣ, имрӯз ҳудуди 40 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар Кореяи Ҷанубӣ кор мекунанд, аммо кор барои муҳоҷирони ғайриқонунӣ душвор буда, онҳо ба ҷамъоварии ҳосил, кор дар ошхонаву тарабхонаҳо, боркаш дар корхонаҳо ва дигар корҳои душвору заҳматталаб ҷалб карда мешаванд, яъне вақти кории якрӯзаи онҳо дар шароити душвор 10-12 соатро ташкил дода, агар онҳо аз ҷониби мақомот боздошт шаванд, дар ҳаҷми зиёд ҷарима пардохта ё ба муҳлати 5 сол истирдод мешаванд.
Дар ҳамин ҳол, вазъи мутахассисони соҳибтаҷриба тамоман дигар аст. Шаҳрвандони соҳибтахассуси Тоҷикистон бо даъвати ширкатҳо соҳиби раводид шуда метавонанд. Ин гуна мутахассисон асосан дар ширкатҳои IT, мошинсозӣ, истеҳсоли техникаи маишӣ ва сохтмон соҳиби ҷойҳои корӣ мешаванд. Донистани забон афзалият дошта, ба сатҳи пардохти музди меҳнат ҳам таъсир расонида метавонад.
Ҳамчунин барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки кореягиҳои этникӣ мебошанд, баъзе афзалиятҳо вуҷуд доранд. Онҳо метавонанд барои дастрасии раводиди Н2 ё раводиди F4 (он корӣ нест, вале дар соҳаҳои муайян ба кор кардан имкон медиҳад) ҳуҷҷат супоранд. Раводиди мазкурро кореягиҳои этникӣ мувофиқи барномаҳои махсусе, ки ба ҷалби ҳамватанон дар хориҷи кишвар нигаронида шудааст, дастрас карда метавонанд.
Шаҳрвандони Тоҷикистон дар маҷмӯъ метавонанд раводидҳои тиҷоратӣ, донишҷӯӣ ва агар кореягии этникӣ бошанд, раводиди Н2 (корӣ)-ро дастрас кунанд. Муфассалтар дар сомонаи сафорати Кореяи Ҷанубӣ дар Тоҷикистон.
Дар ҳамин ҳол, касоне, ки шаҳрвандии Русияро доранд, метавонанд ба муҳлати 60 рӯз бидуни раводид ба Кореяи Ҷанубӣ ворид шаванд ва дар маҷмӯъ 180 рӯз дар як сол метавонанд дар қаламрави ин кишвар ҳузур дошта бошанд.