Афзоиши полисҳои қалбакии суғуртаи ихтиёрии тиббӣ дар Питер

migrantnews.info

Муҳоҷиронро ба харидани полисхои суғуртаи ихтиёрии тиббӣ (СИТ) барои гирифтани иҷозатномаи кор дар соли 2015 уҳдадор карданд. Соли 2017 бошад, қаллобон ба сохтакории чунин полисҳо барои муҳоҷирон шурӯъ намуданд: кормандони суғурта афзоиши муроҷиатҳо бо ҳуҷҷатҳои қалбакиро дар Петербург қайд мегиранд, менависад нашрияи Деловой Петербург.

Арзиши ҳуҷҷати қалбакӣ

«Соли 2016 муроҷиатҳо дар мавриди полисҳои сохта ба ширкати мо вуҷуд надошт, аммо аз моҳи августи соли 2017 ҳар ҳафта ба мо ду-се муҳоҷир бо полисҳои қалбакии СИТ барои шаҳрвнадоне, ки дар ҷойи зисти доимӣ иқомат надоранд (барои шаҳрвандони кишвархои ИИАО (ЕАЭМС) ба расмият дароварда мешавад), муроҷиат мекунанд», – гуфтааст директори генералии ҷамъияти суғуртавии «Помощь» Александр Локтаев.

Ба гуфтаи ӯ, нисбат ба полисҳои суғуртаи муҳоҷирони меҳнатӣ, ки шакл ва мундариҷааш мувофиқи қонунгузорӣ танзим мешавад, сохтакорӣ кардани чунин полисҳо осонтар аст. «Бо ин гуна мушкилот мо танҳо дар Петербург дучор шудем, ҳарчанд полисҳои мо қариб амалан дар саросари қаламрави Русия дода мешаванд», – қайд кардааст Локтаев.

Бино ба маълумоти ин ҷамъият, полисҳои қалбакӣ дар бозори сиёҳ бо нархи полисхои ҳақиқӣ – 2-4 ҳазор рубл фурӯхта мешаванд.

Полисҳои қалбакиро агентҳое мефурӯшанд, ки дар гирду атрофи марказҳои бисёрсоҳавӣ зиёданд ва онҳо ҳамчунин маълумотномаҳои тиббӣ, ҳуҷҷати ба қайд гузоштан ва ғайраро низ пешниҳод мекунанд, гуфтааст Локтаев.

«Метавон тахмин зад, ки муҳоҷирон ҳатто гумон намебаранд, ки ҳуҷҷатҳои қалбакӣ мехаранд», – илова кардааст номбурда.

Бо ОСАГО муқоиса наметавон кард

Валентин Смишляев, директори филиали ШМ «МАКС» дар Санкт-Петербург зикр кардааст, ки вазъи полисҳои қалбаки суғуртаи ихтиётии тиббиро дар бозор ба суғуртаи ҳатмии масъулияти шаҳрвандӣ ба автомобил (ОСАГО) наметавон муқоиса кард.

Ба гуфти ӯ, аксари патентҳои кор дар Петербург тариқи миёнаравҳо ба расмият дароварда мешаванд, ки барои фурӯхтани полисҳои қалбакии СИТ аз ширкатҳои суғуртавӣ мукофотпулӣ мегиранд: бо ҳуҷҷатҳои қалбакии нахустин дучор шуда, онҳо худашон ба санҷиши полисхо оғоз карданд, мегӯяд Смишляев.

Ғайр аз ин, маълумот дар бораи ба ҷойи полиси аз ҷои шубҳанок харида дастрас кардлани полиси нав зуд миёни муҳоҷирон паҳн мешавад, дар натиҷа ҳуҷҷатҳои қалбакӣ, ки бар асоси онҳо патентҳои кор гирифта шуда буданд, қариб тамом шудаанд, мегӯяд ӯ.

«Ҳуҷҷатҳои қалбакии наздики 1 ҳазор рубл ҳастанд, дар ҳамин ҳол, нархи полиси ҳақиқӣ 4 ҳазор рубл дар як сол аст. Дар ҳамин ҳол, шояд муҳоҷирони ғайриқонунӣ ҳузурдошта, ки патентро ба расмият надаровардаанд, дидаву дониста ҳуҷҷатҳои қалбакиро барои пешниҳод ба милитсия мехаранд», – иброз доштааст роҳбари тиҷорати минтақавии ширкати суғуртавии миёни 15-гонаи беҳтарин.

Сабаби эҳтимолии афзоиши ин бозор – «тавсеъаи майдони фаъолияти» ҷинояткороне мебошад, ки полисҳои қалбакии ОСАГО тайёр мекунанд, тахмин кардааст ҳамсуҳбат.

Дарвоқеъ ҳам, дар Интернет эълонҳои зиёди ошкору ниҳонеро метавон дарёфт намуд, ки дар онҳо фурӯши полисхои СИТ, бастаи ҳуҷҷатҳо барои РХФМ ва ҳатто патентҳои кор пешниҳод мешавад.

Аммо аз фиребгарон асосан танҳо худи муҳоҷирон осеб мебинанд: вақте муҳоҷир мефаҳмад, ки ҳуҷҷати қалбакӣ харидааст, маъмулан ӯ барои ба маркази тиббӣ рафтан кӯшиш намекунад. Смышлеяв мегӯяд, муҳоҷирони ҷабрдида аз фиребгарӣ, ба мақомоти пулис муроҷиат карданро зарур намедонанд.

Роҳу воситаҳои мубориза

«Варақаи полис боэътимод ҳифз ва голограмма истифода шудааст, вале на ҳамаи муҳоҷирон медонанд, ки шакли зоҳирии он бояд чӣ гуна бошад. Роҳҳои мубориза – огоҳ кардани муҳоҷирон аз тарзҳои ҳифзи варақа ва воситаҳои бовариноки ба расмият даровардани полис буда, вокуниш ба ин далелҳоро аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ноил гардидан лозим аст»,- қайд кардаанд дар хадамоти матбуоти ширкати «Ренессанс Страхование».

Яке аз тадбирҳои мубориза бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ аллакай аз ҷониби Иттифоқи умумирусиягии суғуртачиён андешида шудааст: бо дастури Бонки марказии Русия дар сомонаи ин Иттифоқ метавон суратеро бо логотипи ширкати суғуртавӣ дарёфт намуда, ба пойгоҳи санҷиши ҳаққонӣ (аслӣ) будани варақаи полиси суғуртаи муҳоҷирони меҳнатӣ ворид шуд, илова кардааст Александр Локтаев.

мубодила кардан:

ШАРҲ ГУЗОРЕД

Your email address will not be published.

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Самое читаемое за неделю