Муҳоҷирони соҳибкор ба зодгоҳашон сармоягузорӣ мекунанд

migrantnews.info

Бародарон Холовҳо чандин сол аст, ки дар ободонии зодгоҳашон дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон кӯмак мекунанд. Онҳо 2 км роҳи душворгузарро таъмир карданд, барои пиёда ба мактаб нарафтани кӯдакони деҳа барои онҳо автобус дода, ҳамаи хароҷоти равуои онҳоро ба дӯши худ гирифтанд. Дар кори ободонии деҳа нақшаҳои зиёд дошта, ба дастгирии ҳукумат умедворанд.

Садриддин Холов бо бародараш Ҳусейн аз сабаби набудани ҷои кори доими маҷбур шуданд чун дигар ҳамватанони худ роҳ ба Русия гиранд. Бори аввал вақте ба муҳоҷират рафтанд, касеро намедонистанду касеро намешинохтанд. Тақдир онҳоро ба шаҳри Новосибирск бурд.

“Солҳои аввали рафтанамон мо чӣ корҳои мушкилеро намекардем. Аз боркашию дигар корҳои вазнин. Ба оҳистагӣ маблағҳоямонро ҷамъ кардему ба тиҷорат гузаштем. Аввал дар бозор нуқтаи фурӯши пойафзоли мардонаро кушодем. Аз анборҳои яклухтфурӯши нася гирифта, баъди фурӯтан пулашро медодем. Бо ин тартиб тадриҷан тиҷоратамонро ба роҳ мондем”, – мегӯяд бародари калонӣ.

Баъдан бо бародарам маслиҳат кардаву ба хулосае омадем мағозаи худро кушоем. Корамон омад кард ва рӯз аз рӯз кори мағоза пеш мерафту мо танҳо кори онро ба сомон расонида наметавонистем. Тасмим гирифтем аз ҳисоби ҳамватанони худ чанд нафареро ба кор бигирем.

Айни замон дар мағозаи мо чанде аз ҳамватанони мо кору фаъолият менамоянд. Ҳақи меҳнаташонро сари вақт пардохт менамоем. Кӯшиш мекунем ҳақи хизматашонро барзиёд пардохт кунем, чун худ азобҳои зиёдеро паси сар кардаем. Ва намехостем то нафаре, ки дар зери дасти мо кор мекунад, ба мушкиле дучор шавад” – қисса мекунад Садриддин.

Садриддин ҳамагӣ 37сол дораду дар деҳаи Фермаи ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кушониён (Бохтар) ба дунё омадааст. Мактаби миёнаи рақами 10-и ҳамин ноҳияро бо баҳои хуб хатм кардааст. Деҳаи Ферма, дар атрофи Фермаи ширию молии собиқ колхози ба номи Максим Горкий мебошад. Ва аксари бошандагони калонсоли ин деҳа дар ҳамин ферма кор мекарданд.

Падари Садриддин Ҳоҷӣ Файзиддин низ аз ҷумлаи онҳое буд, ки дар ин ферма кор мекард ва рӯзгорашро таъмин мекард. Бо барҳам хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва таҷдиди колхозҳо ферма аз фаъолият монд ва кормандони он бекор монданд. Қисме аз ҷавонони ин деҳа низ ба муҳоҷирати меҳнати рӯ оварданд.

Мувофиқи имкон ба дигарон кумак мекунем

Садриддину бародараш, ки алакай дар тиҷорат мувафақ шуда буданд бо маслиҳати падар дар арафаи ҳамаи иду ҷашнҳо ба оилаҳои камбизоату ниёзманд кумакҳои молӣ мерасонданд. Баъзан барои ин оилаҳо маблағи нақдӣ медоданду гоҳе орду равған ва либосҳои мавсимӣ.

Деҳаи Ферма аз мактабе, ки фарзонданашон таҳсил мекунанд дар масофаи 4-5 км ҷойгир аст. Ва барои ба мактаб рафтану омадани фарзандони деҳа ба мактаб аз ҷумла хурдсолон хеле мушкил мебошад. Садриддин, ки худ таи 10-сол ин азобро дида буд, ба хулосае омад, ки кори хайреро ба анҷом расонаду мушкили кӯдакони деҳаро ҳал намояд.

Ӯ микроавтобуси “Мерседес” – ро хариду дар ихтиёри хонандагони деҳа гузошт. Ин микроавтобус ҳар саҳар хонандагонро ба мактаб мебарад ва баъди мактаб онҳоро боз ба манзилашон мерасонад. Ҳақи музди ронанда ва сӯзишворию нигоҳубини микроавтобусро пурра ба уҳдаи худ гирифтааст.

Роҳи деҳаи Ферма то деҳаи Фрунзе, ки беш аз 2 км ташкил медиҳад, вайрону валангор буд ва касе дар фикри таъмиру тармимаш набуд. Садриддину бародараш тасмим гирифтанд ҳам роҳу ҳам пули деҳаро таъмир намоянд. Ва чунин ҳам карданд.

Замин ҳам мехӯронаду ҳам мепӯшонад

Дар наздики деҳаи онҳо  заминҳои бекорхобидае буд, ки аз норасоии оби полези солҳо аз истифода берун монда буд. Бо маслиҳату машварати падар Садриддин ин 20 га заминро гирифта хоҷагии деҳқонии худро ташкил кард. Дар 5 гектари он боғ ташкил карду дар боқияш пахта кишт мекунад.

Дар ин хоҷагиаш низ даҳҳо ҳамедаҳагонашро ба кор таъмин намудааст.  Барои обёрии заминҳо насосҳои обкаши пуриқтидорро харидорию васл кардааст, ки ҳам ба хоҷагии худ ва ҳам ба дигар ҳамдеҳагони заминдораш хизмат мерасонад.

Бо ҷавонии онҳо нигоҳ накарда Садриддину Ҳусейн бо саховатмандии худ дар деҳа ва ҳудуди ҷамоат ва берун аз он ном баровардаанд. Айни замон тасмим доранд боз 2 км роҳи деҳаи ҳамсояашонро низ аз таъмири асосӣ бароранд.

Директори мактаби ҳамагонии рақами 10-и ноҳияи Бохтар Хатича Сайдаллиева мегӯяд Садриддин ва Ҳусейн Холовҳо ҳамеша мактабро дастгири менамоянд.

“Охири соли 2017  Садриддин барои 80 нафар хонандагони ятиму ниёзманди мактаб, сару либоси зимистона оварданд. Садриддин. Онҳо ҳамеша мактабро дастгирӣ менамоянд. Иштироки хонандагон дар дарсҳо аз деҳаи онҳо хеле мушкил буд. Аз ҷумла дар вақти зимистон. Баъди он ки Садриддин микроавтобуси худро дар ихтиёри хонандагони деҳаашон гузошт, иштироки онҳо дар дарсҳо ба 99 фоиз расид. Ин микроавботус ҳамарӯза ду се маротиба хонандагонро ба мактаб меорад ва баъди дарс ба манзилашон мебарад” – илова кард директори мактаб.

Нақшаҳо зиёданд, дастгирӣ лозим аст

Ин ҷавонони муҳоҷир ният доранд ду мушкили инрасохтории деҳаашонро низ ҳал намоянд. Дар деҳаи онҳо бунгоҳи тиббӣ мавҷуд нест ва барои муолиҷа сокинони деҳа ба бунгоҳи тибии деҳаи ҳамсоя мераванд, ки 1,5- 2 км роҳ аст.

Садриддин мегӯяд, бо ҷудо шудани қитъаи замин барои сохтмони бунгоҳи тиббӣ бабунёди он шуруъ хоҳанд кард. Ҳамчунин барои ҷавонони деҳаашон як майдончаи варзишӣ сохтанианд, аммо ин ҷо низ мушкили қитъаи замин вуҷуд дорад, ки бо ҳаллу фасл шудани ин масъала ба сохтмони майдонча оғоз хоҳанд кард.

Садриддин бо ин ҳама хайрхоҳиву инсондӯстияш хеле ҷавони хоксор аст ва дар бораи корҳои хайриявии ба анҷом расондааш намехоҳад зиёд сӯҳбат кунад. “Ману бародарам на барои таърифу тавсиф ин корҳоро мекунем танҳо ба хотири одамгарӣ”, – илова мекунад Садриддин.

мубодила кардан:

ШАРҲ ГУЗОРЕД

Your email address will not be published.

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Самое читаемое за неделю

Ахбори Азия-Плюс