Дар кишвари будубош бисёр вақт муҳоҷирон дидаву дониста ё аз ноогоҳӣ мунтазам ба як қатор хатогиҳо роҳ медиҳанд. Ин ба ихроҷ ё манъи вуруд ба Русия, Қазоқистон ё дигар кишвар боис мегардад. Мо 10 хатои маъмулии муҳоҷиронро гирд овардем, ки содир карданашон лозим нест, вале агар ба он роҳ дода бошед, мувофиқи имкон кӯшиш кунед, ки мушкилро бо роҳи қонунӣ ҳал намоед.
Мақсади вуруд нодуруст зикр шудааст
Бале, бисёр шахсоне, ки барои пулкоркунӣ ба Русия ва Қазоқистон мераванд, маҳз ба ҳамин хато роҳ медиҳанд. Шояд ин аз тарсу ҳарос ё огаҳӣ надоштан бошад. Дар хотир дошта бошед, ки агар шумо мақсади вурудро ба кишвари будубош нодуруст зикр карда бошед, минбаъд ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳоятон душвор мешавад.
Масалан, дар Русия ба муҳоҷир танҳо дар сурате патент медиҳанд, ки агар дар корти муҳоҷираташ мақсади сафараш КОР зикр шуда бошад. Агар шумо чизи дигареро зикр карда бошеду ҳуҷҷатҳоятонро ба расмият дароварда натавонистед, дилпур бошед, ки ҷарима мешавед ё шояд комилан ихроҷ шуданатон имкон дорад.
Ба қайди муҳоҷират нагузоштан
Ҳар як хориҷие, ки ба кишвари будубош ворид мешавад, худро барои ба қайди муҳоҷират гузоштан уҳдадор аст. Дар Русия муҳлатҳои муайяни ба қайди муҳоҷират гузоштан амал мекунанд. Шаҳрвандони Тоҷикистон муддати 15 рӯзи тақвимӣ метавонанд дар Русия бидуни қайд ҳузур дошта бошанд. Лекин барои ба қайди муҳоҷират гузоштан пешакӣ муроҷиат кардан лозим аст, фаромӯш накунед, ки дар ҳама ҷо навбат буда метавонад.
Дар хотир дошта бошед, ки ба қайди муҳоҷират нагузоштан роҳи мустақим ба ҳузури ғайриқонунӣ дар Русия аст. Мутаносибан, барои ин осонакак метавонед ба муассисаи махсуси нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ афтида, аз Русия хориҷ шавед.
Барои гирифтани патент саривақт муроҷиат накардан
Агар шумо дар корти муҳоҷират зикр карда бошед, ки барои кор ба Русия омадаед, дарҳол бояд ба маркази муҳоҷират муроҷиат намоед, то ки худро ба қайди муҳоҷират гузошта, патент гиред. Патентро ба шумо дарҳол намедиҳанд. Барои ин на камтар аз 30 рӯзи тақвимӣ гузаштанаш зарур аст.
Агар бо кадом сабабе шумо дарҳол барои гирифтани патент муроҷиат накарда бошед, бояд донед, ки муроҷиати дер низ барои ин ҳуҷҷат масъулияти маъмурӣ дорад ва нисбати шумо парвандаи маъмурӣ боз шуда, то 15 ҳазор рубл ҷаримабандӣ имкон дорад.
Дар хотир дошта бошед, ки барои ду парвандаи маъмурӣ дар Русия вурудатонро манъ карда метавонанд. Аз ин рӯ, то ба ин ҳад нарасонида, риояи қоидаҳо беҳтар аст.
Патент ҳам гирифта бошед, бояд дар хотир дошт, ки муҳлати онро саривақт мебояд дароз карда, боҷашро пардохт намуд. Як рӯзи таъхир ҳам ҷаримаи маъмурӣ аст.
Донистан муҳим аст! Агар шумо дар Маскав патент гирифта бошед, пас дар Маскав кор кардан лозим аст, на дар вилояти Маскав. Патенти кор танҳо ба ҳамон минтақае дода мешавад, ки шумо онро аз он ҷо гирифтаед. Агар муҳлати патент гузараду шумо ба дароз кардани он фурсат наёфтед, шумо ҳатман бояд қаламрави Русияро тарк намоед.
Вуруд/ихроҷ
Бале, ҳайрон нашавед, ин иштибоҳи маъмулии муҳоҷироне аст, ки бо анҷом додани муҳри вуруду/ихроҷ фикр доранд, ки ҳузурашонро дар Русия қонунӣ кардаанд. Вале ин амал аз соли 2015 манъ шудааст. Дар Русия соли сеюм аст, ки қонуни ба истилоҳ 90/180 амал мекунад.
Моҳияти ин қонун дар он ифода меёбад, ки шаҳрванди хориҷии ба Русия воридшуда дар ин кишвар аз 90 рӯз зиёдтар ҳузур дошта наметавонад. Бо гузашти 3 моҳ ӯ бояд Русияро тарк карда, танҳо баъди сипарӣ шудани боз 90 рӯзи дигар, яъне 3 моҳ ҳуқуқ дорад, ки дубора ба Русия ояд.
Дар ҳолате, ки ин тартибот вайрон шуда бошад, натанҳо пардохти ҷарима лозим меояд, балки ба манъи вуруд ҳам омода будан лозим аст. Барои муҳлатҳои берун аз қонун дар Русия ҳузур доштан чунин ҷазоҳо пешбинӣ шудааст:
– беш аз 90 рӯз — вуруд ба муҳлати 3 сол манъ мешавад;
– беш аз 180 рӯз — ба муҳлати 5 сол;
– беш аз 270 рӯз — ба муҳлати 10 сол.
Истисно танҳо муҳоҷироне мебошанд, ки дар муддати ин 90 рӯз (муҳлати амали корти муҳоҷират) барои худ қайди солона дурст кардаанд ё патенти солона гирифтаанд. Ғайр аз ин, қоидаҳои мазкур ба дорандагони Иҷозати зисти мувақкатӣ (РВП) ва Ҳуҷҷати иҷозати зист (ВНЖ) дахл надоранд.
Миёнаравон
Ақидае роиҷ аст, ки гӯё муҳоҷирон мустақилона ҳуҷҷатҳоро ба расмият дароварда наметавонанд. Миёнаравҳо низ ба муҳоҷирон талқин месозанд, ки ин кор хеле душвор аст. Ба доми онҳо наафтед.
Ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳоро худатон мустақилона анҷом диҳед. Агар миёнаравон ба шумо пули камтар аз муқарраршударо пешниҳод намоянд, пас ҳушёртар бояд буд.
Масалан, ба расмият даровардани ҳуҷчатҳо дар Маскав 11 ҳазору 600 рублро ташкил медиҳад.
Бо муроҷиат ба ҳама гуна миёнарав, ки патенти кор ваъда медиҳад, шумо метавонед ба хавфу хатарҳои зерин дучор гардед:
– риоя накардани муҳлати муроҷиат барои гирифтани патент (30 рӯзи тақвимӣ аз замони вуруд ба Русия), ки ба ҷаримаи маъмурӣ дар ҳаҷми аз 10 000 то 15 000 рубл боис шуда метавонад (моддаи 18.20 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Русия);
– риоя накардани тартиби будубош (иқомат) дар шаҳри Маскав: надоштани патент ба ҷарима дар ҳаҷми аз 5 000 то 7 000 рубл бо ихроҷ аз қаламрави Русия (моддаи 18.8 КХМ ФР) боис мешавад.
Додани шиноснома ба корфармо
Ба ҳеҷ гуна ваҷҳ ё сабаби дигаре шиносномаатонро барои нигаҳдорӣ ба корфармои худ ё шахси дигаре надиҳед.
Барои додани нусхаи асли шиноснома ба каси дигар ягон зарурате вуҷуд надорад. Агар аз шумо дархост намоянд, ки то омадан ба ҷойи кор шиносномаатонро барои нигаҳдорӣ бидиҳед ё бигӯянд, ки «ин шарти ҳатмист», пас хеле ҳушёру эҳтиёткор бошед.
Кор бидуни шартномаи меҳнатӣ
Мутаассифона, ин ҳам хатоест, ки зиёд рух медиҳад. Агар шумо патент ҳам дошта бошед, бояд донед, ки бо корфармо низ бояд шартномаи меҳнатӣ дошта бошед. Албатта, барои корфармо кор бо муҳоҷир бе шартномаи меҳнатӣ қулай аст, зеро ӯро аз уҳдадориҳои зиёд озод месозад. Бастани шартнома шуморо аз фиреб ва саривақт напардохтани маош ҳимоя мекунад.
Гум шудани ҳуҷҷатҳо
Агар ҳуҷҷатҳоятон, бахусус шиносномаро гум карда бошед, таъҷилан бояд ба сафорати Тоҷикистон дар Русия муроҷиат кунед. Баъди анҷоми баъзе расмиёт оид ба муайян кардани шахсият шиносномаи нав гиред. Барои ин шуморо шояд лозим ояд, ки аз Русия ба Тоҷикистон биёед.
Ҳамчунин зарур аст, ки мақомоти минтақавӣ (ВКД ФР) дар маҳалли зистро дар бораи гум шудани ҳуҷчатҳо огоҳ намоед. Дар ВКД ФР танҳо корти муҳоҷирати шуморо барқарор мекунанд.
Агар шумо саривақт дар бораи гум шудани ҳуҷчатҳо мақомотро огоҳ накунед, масъулияти зиёде ба дӯшатон вогузор мешавад.
Аввал, агар шиносномаи шумо ба дасти қаллобон афтида бошад, онҳо осонакак метавонанд онро ба манфиати худ (масалан, гирифтани қарз бо он) истифода кунанд. Аз ин рӯ саривақт хабар додан дар бораи гум шудани он муҳим аст.
Дуюм, муддати зиёд бе ҳуҷчат гаштан ҳам хатарнок аст, зеро то муайян кардани шахсият шуморо пулис метавонад боздошт карда, ба тавқифгоҳи муваққатӣ (ИВС) ё муассисаи махсуси нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ равона кунад.
Агар муҳлати амали шиносномаи хориҷии шумо дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта бошад, барои ивази он 2-3 моҳ пеш то анҷом муҳлаташ ба консулгариҳои Тоҷикистон дар Русия муроҷиат кунед. Агар шумо ин амалро анҷом надиҳед, Русияро тарк карда наметавонед, зеро бо шиносномаи муҳлаташ гузашта билет харида наметавонед.
Ивази маълумотҳои шиноснома
Агар шуморо хориҷ карданду вурудатонро ба Русия ё Қазоқистон манъ намуданд ва шумо тасмим гирифтед, ки маълумотҳои шиноснома – Фамилия, Ном ва Номи падарро иваз мекунед, пас ин хатои бузург аст.
Дар Русия барои чунин қонуншиканӣ мувофиқи б. 2 моддаи 322 КҶ ФР (Ғайриқонунӣ гузаштани сарҳади Русия) ҷазо пешбинӣ шудааст.
Барои гузаштани сарҳади давлатии Русия зимни вуруд ба ин кишвар аз ҷониби шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандӣ, ки вуруди ӯ бо асосҳои қонунгузории Русия манъ шудааст, бо ҷарима дар ҳаҷми то 300 ҳазор рубл, корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то 4 сол ё маҳрум шудани аз озодӣ ба муҳлати то 4 сол ҷазо дода мешавад.
Никоҳи қалбакӣ
Маълумот дар бораи бастани ақди никоҳи шаҳрвандони Тоҷикистон бо занони Русия кам нестанду зуд-зуд нашр мешаванд, зеро талабот ба гирифтани шаҳрвандӣ зиёд буда, мутаносибан пешниҳод ҳам кофист.
Агар ошкор гардид, ки никоҳи шумо қалбакист ва шумо мутобиқи он Иҷозати зисти муваққатӣ (РВП), Ҳуҷҷати иҷозати зсит (ВНЖ) ё шаҳрвандӣ гирифтаед, ин ҳуҷҷатҳо бекор шуда, бо қарори суд шуморо метавонанд аз Русия хориҷ кунанд. Дар ин бора мо мавод мунташир карда будем.
Пешниҳоди пора
Ҳар гуна қонуншикание ҳам содир карда бошед, дар хотир дошта бошед, ки ба ҳеҷ гуна ваҷҳ пешниҳод ё додани пора лозим нест. Дар ин бора дар Кодекси ҷиноии Русия мутобиқи моддаи 291.2, қ. 1 (Порадиҳоии хурд) ҷазо пешбинӣ шудааст.
Дар ин моддаи Кодекси ҷиноии Русия ҷазои ҷарима дар ҳаҷми то 200 ҳазор рубл, ҳаҷми музди меҳнат ё дигар даромади маҳкумшуда дар давраи то се моҳ, корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то як сол, маҳдуд кардани озодӣ ба муҳлати то ду сол ё маҳрум кардан аз озодӣ ба муҳлати то як сол пешбинӣ шудааст.