Тест барои муҳоҷирон. Оё дар Русия патент гирифта метавонед?

migrantnews.info

Шаҳрванди хориҷӣ/муҳоҷири меҳнатӣ, ки дар Русия кор кардан мехоҳад, ҳатман бояд патент дарёфт кунад. Барои дарёфт кардани патент бошад, ӯ бояд аз донистани забони русӣ, таърихи Русия ва асосҳои қонунгузории Русия имтиҳони маҷмӯавӣ супорад. Ба шумо гузаштан аз тести мухтасареро пешниҳод мекунем, ки муҳоҷирони меҳнатӣ онро месупоранд.

Биёед маълум мекунем, ки оё шумо ба саволҳо ҷавоб дода, оид ба донистани забони русӣ қонунгузорӣ ва таърихи Русия сертификат гирифта метавонед? Фақат ҷавобҳоро дар интернет ҷустан лозми нест, чунки дар маркази санҷиши тест муҳоҷирон ба истифодаи Google аз интернет имкон надоранд.

Қобили зикр аст, ки имтиҳонро мо дар шакли мухтасар пешниҳод карда, ин тести озмоишӣ аст. Саволҳоро аз сомонаи Маркази тестӣ аз забони русӣ барои шаҳрвнадони хориҷӣ ва муҳоҷирон дар вилояти Маскав гирифтем. Ин маркази тестии дохилии Донишкадаи давлатии забони русии ба номи А.С.Пушкин мебошад.

Натиҷаҳои аз тест гузаштанро дар аккаунтҳоятон дар шшабакаҳои иҷтимоӣ гузоред, то ки мо бо он шинос шавем.

Маълумоти муфассалро дар ин хусус дар маводи нашршудаи мо «Имтиҳони забони русӣ барои муҳоҷир. Дастурамал барои истифодабарӣ» дарёфт карда метавонед.

15 савол барои муҳоҷирон

Ин саволҳо ба имтиҳони маҷмӯавӣ барои хориҷимён, ки сертификат гирифтан мехоҳанд, дохил шудааст. Бидуни он гирифтанги патент барои кор дар Русия ғайриимкон аст. Худро бисанҷед, аз ин тест гузашта метавонед?

 

мубодила кардан:

ШАРҲ ГУЗОРЕД

Your email address will not be published.

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Самое читаемое за неделю