Тамдиди патент аз ҷумлаи масоили муҳим барои муҳоҷирон маҳсуб меёбад. Имрӯз ягонаи воситаи қонунии дароз кардани муҳлати патент – шартномаи меҳнатӣ бо корфармо мебошад. Муҳлати амали патент ба шартномаи шумо вобаста аст.
Бар асоси моддаи 13.3, банди 8, Қонуни федералии №115, шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд бидуни тарки қаламрави Русия муҳлати патентро барои соли дигар тамдид намуда, корро дар Русия идома диҳанд.
Муҳлати ниҳоии патент дар Русия 12 моҳ аст. Агар муҳлати патент дар арафаи анҷомёбӣ бошаду шарномаи меҳнатии шумо боз ба як соли дигар бошад, пас метавонед дилпурона ба Маркази муҳоҷират рафта, муҳлати патентатонро боз як соли дигар дароз кунед.
Дар хотир дошта бошед, ки муҳлати патент танҳо як маротиба ва танҳо ба як соли дигар дароз мешавад, ба соли сеюм дароз кардани он ғайриимкон буда, патенти нав гирифтан лозим меояд, вале барои ин шумо бояд қаламрави Русияро тарк карда, боз ба қаламрави он ворид шавед.
Барои дароз кардани муҳлати патент шумо бояд ҳуҷҷатҳои зеринро омода намоед:
* Ариза барои дароз кардани муҳлати патент;
* Шиноснома бо тарҷумаи нотариалии он;
* Корти муҳоҷират;
* Қайд;
* Патенти амалкунанда;
* Расидҳо (чекҳо)-и пардохти патент;
* Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи донистани забони русӣ;
* Хулосаи тиббӣ дар бораи вазъи саломатӣ;
* Полиси суғуртаи ихтиёрии тиббӣ;
* Шартномаи меҳнатӣ;
* Огоҳиномаи ВКД дар бораи имзои шартномаи меҳнатӣ (ШМ);
* Гувоҳномаи дубора ба расмият даровардани патент аз ҷониби корфармо.
Пешакӣ тайёр кардани ҳуҷҷатҳо барои дароз кардани муҳлати патент зарур аст, то ки муҳлати амали патенти амалкунандаатон ба охир нарасад.
Донистан муҳим аст: Дубора ба расмият даровардан (дароз кардан ба муҳлати як сол)-и патентро шумо танҳо дар асоси шартномаи меҳнатии амалкунанда анҷом дода метавонед. Танҳо шартномаи расмӣ тасдиқи он буда метавонад, ки Шумо дар Русия кор мекунед ва онро идома доданӣ ҳастед.
Дар сурати мавҷуд набудани шартномаи меҳнатӣ Шуморо анҷоми чунин корҳо зарур аст:
* Тарк кардани қаламрави Русия ва дубора ворид шудан ба он;
* Ба расмият даровардани патенти нав;
* Дарёфти корфармо дар муддати 2 моҳ ва имзои Шартномаи меҳнатӣ бо корфармо.
Чӣ мебояд кард, агар ба дароз кардани муҳлати патент фурсат наёфтед?
Агар бо кадом сабабе барои дароз кардани муҳлати патент ба пешниҳоди ҳуҷҷатҳо фурсат наёфтед, пас шуморо лозим аст, ки то санаи анҷоми муҳлати амали патент қаламрави Русияро тарк карда, дубора ба он ворид шавед. Ин барои гирифтани корти нави муҳоҷират лозим аст.
Баъди ворид шудан метавонед боз 90 рӯзи дигар дар қаламрави Русия ҳузур дошта бошед ё метавонед ба гирифтанги патенти нав кӯшиш кунед, лекин гирифтани патенти навро дар муддати 30 рӯзи баъди ворид шуданатон ба Русия анҷом додан зарур аст.
Таваҷҷуҳ намоед!
Ҳарчанд дар қонунгузории Русия ишора мешавад, ки пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои дароз кардани муҳлати патент 10 рӯз то анҷоми санаи амали он зарур аст, лекин тавсия дода мешавад, ки ҳуҷҷатҳоро як моҳ аз анҷоми санаи патент пешниҳод кардан мувофи мақсад мебошад.
Пеш аз дубора ба расмият даровардани патент тавсия дода мешавад:
Санҷидани аз ҷониби корфармо пешниҳод шудани огоҳинома дар бораи имзои шартнома.
Барои дубора ба расмият даровардани патент лозим аст, ки дар Раёсати масоили муҳоҷирати СР ВКД ФР дар ш.Маскав огоҳинома дар бораи имзои шартномаи меҳнатӣ бо шумо ба қайд гузошта шуда бошад, ки онро бояд корфармо пешниҳод намояд. Аз ин рӯ, пеш аз додани ҳуҷҷатҳо, аз корфармо саҳеҳ бипурсед, ки ӯ огоҳинома пешниҳод кардааст ё не.
Дар сурате, ки агар корфармо огоҳинома пешниҳод накарда бошад, шумо метавонед мустақилона бо ваколатнома аз корфармо онро бо дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои ба расмият даровардани патент пешниҳод намоед.
Дар ҳамин ҳол, агар корфармо огоҳинома пешниҳод накарда бошад, дар паёмак (смс) аз Маркази муҳоҷират огоҳинома ва ваколатнома ба сифати ҳуҷҷатҳое зикр мешаванд, ки барои дубора ба расмият даровардани патент бо худ доштан лозим аст.
Мавҷуд набудани манъи вуруд ба қаламрави Русияро метавон дар сомонаи Сарраёсати масоили муҳоҷирати ВКД ФР дар ш.Маскав (гувм.мвд.рф) ё бевосита дар Раёсатҳои минтақавии масоили муҳоҷирати СР ВКД ФР мавриди санҷиш қарор дод.