Чӣ гуна метавон ба Русия кӯч баст?

migrantnews.info

Иштирокчии имконпазири Барномаи давлатӣ шахси болиғи аз 18-сола болои коршоям мебошад, ки дар рӯҳияи фарҳанги русиягӣ тарбия шуда, забони русиро хуб медонад ва ҳамватанест, ки намехоҳад робитаҳояш бо Русия канда шавад. Чунин аст чанде аз талаботи асосӣ барои пайвастан ба Барномаи давлатии ихтиёран кӯчонидани ҳамватанон ба Русия.

Дар хотир дошта бошед, ки яке аз талаботи асосии барнома доштани маълумоти олӣ буда, ҳамчунин сертификатҳои гуногун, донистани забонҳо, таҷрибаи корӣ ва ғайра низ ба инобат гирифта мешаванд.

Нахуст каме маълумот

Тоҷикистон солҳои зиёд содиркунандаи асосии захираҳои корӣ ба Русия буда, ҳар кадоме аз ҳаштум шаҳрвнади Тоҷикистон муҳоҷир аст. Аз рӯи натиҷаҳои соли 2017 наздики 30 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба шаҳрвандии Русия соҳиб шудаанд ва ин ҳам дар ҳолест, ки соли 2016 ин рақам ба 23 ҳазор нафар баробар буд.

Соли 2017 16829 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки нияти кӯч бастан ба Русяиро доранд, ба Намояндагии ВКД ФР оид ба масоили муҳоҷират дар Тоҷикистон муроҷиат намуда, танҳо аризаи 2301 нафар (бо аҳли оила 9349 нафар) қабул шудааст.

Соли гузашта тоҷикистониён бештар вилоятҳои Тамбов, Воронеж, Свердловск, Самара, Калуга, Тула ва кишвари Хабаровскро макони зист интихоб кардаанд. Дар ин барнома дар маҷмӯъ 61 субъекти Русия иштирок дорад.

Аз соли 2013 то соли 2017 беш аз 5 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон шаҳодатномаи иштирокчии Барномаи давлатии ихтиёран ба Русия кӯчонидани ҳамватанони бурунмарзӣ гардида, зиёда аз 3 ҳазор оилаи тоҷикон ба макони нави иқомат рафтаанд.

Ҳадафи барнома

Ҳадафи аслии Барномаи давлатии мусоидат ба ихтиёран кӯчонидани ҳамватанони бурунмарзӣ ба Русия ҳавасмандсозӣ ва ташкили ҷараёни ихтиёран ба Русия кӯчонидани ҳамватанон, мусоидат ба рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии минтақаҳо ва ҳаллу фасли мушкилоти демографӣ, дар навбати аввал дар қаламрави барои кӯчидан афзалиятнок аз ҳисоби ҷалби кӯчандагон ба макони зисти доимӣ дар Русия унвон мешавад.

Дар барнома киҳо иштирок карда метавонанд?

– Шахсони (насли мустақими онҳо) доимӣ муқими хориҷи кишвар, ки ба халқиятҳои таърихан дар Русия иқоматдошта мансубанд, ҳамчунин дорои робитаҳои динӣ, маънавӣ ва фарҳангӣ бо Русия;

– Шахсоне, ки хешовандонашон дар Русия зиндагӣ кардаанд;

– Собиқ шаҳрвандони Иттиҳоди Шӯравӣ, ки шаҳрвандии ин кишварро доштанд ва феълан дар давлатҳои тозатаъсис доимӣ зиндагӣ мекунанд;

– Муҳоҷирон аз Иттиҳоди Шӯравӣ (ФР, РСФСР, ҷумҳуриҳои иттифоқ, Русия), ки пештар шаҳрвандии дахлдорро доштанд.

Ба аъзои оилаи иштирокчии Барномаи давлатӣ дохил мешаванд:

– ҳамсар (зан, шавҳар);

– фарзандон, аз ҷумла фарзандхондшуда ё зери сарпарастӣ (нигоҳубин) қарордошта;

– фарзандони ҳамсари иштирокчии  Барномаи давлатӣ;

– волидони иштирокчии Барномаи давлатӣ ва ҳамсари ӯ, хоҳар бародарони ҳамхуни иштирокчии Барнома ва ҳамсари ӯ;

– фарзандони хоҳару бародари ҳамхуни иштирокчии Барнома ва ҳамсари ӯ, аз ҷумла фарзандхондшуда ё зери сарпарастӣ (нигоҳубин) қарордошта, бибӣ, бобо, набераҳо. Узви болиғи оилаи иштирокчии Барнома, ба ҷуз ҳамсар, ба иштироки мустақилона дар Барнома ҳуқуқ дорад.

Меъёрҳои мутобиқат 

Иштирокчии барномаи кӯчонидани ҳамватанон, ки ба гирифтани шаҳрвандии Русия довталабӣ мекунад, бояд ба чунин талаботҳо мутобиқат намояд:

– Ба синни камол (балоғат) расида бошад, аз ҷониби суд корношоям эътироф нагардида бошад;

– Донандаи забон ва бо забони русӣ гуфтугӯ ва навишта тавонад;

– Доғи судӣ надошта бошад. Агар бо гуноҳи содир кардани ҷинояти ниҳоят вазнин маҳкум шуда бошад, ба таври автоматӣ аз иштирок дар Барнома маҳрум мешавад;

– Набояд ҷонибдори аз байн бурдани сохти конститутсионии мавҷуда бо роҳи зӯроварӣ бошад;

– Суд нашуда бошад. Дараҷаи ҷиноятҳо – вазнин ва ниҳоят вазнин;

– Ба фаъолияти террористӣ ё дигар навъи фаъолияти ифрогароӣ машғул набошад ;

– Аз Русия истирдод ё бо манъи 5 соли вуруд ихроҷ нашуда бошад;

– Ба талаботи барномаи минтақавии кӯчонидан ба субъекти таъиншуда мувофиқат намояд.

Чӣ гуна ҳуҷҷатҳо заруранд?

Ҳамаи ҳуҷҷатҳои дорои муҳр бо забони тоҷикӣ ё дигар забони хориҷӣ бояд бо забони русӣ тарҷума ва ба таври нотариалӣ тасдиқ шаванд.

– Шиносномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҳуҷҷатҳои аслӣ ва ҳамаи саҳифаҳои нусхабардоришудаи он.

– Шиносномаи хориҷии шаҳрванди Тоҷикистон – ҳуҷҷати аслӣ ва нусхаи он.

– Шаҳодатномаҳо дар бораи таваллуд – ҳуҷҷати аслӣ ва нусхаҳои он.

– Ҳуҷҷатҳо дар бораи вазъи оилавӣ? Шаҳодатномаи ақди никоҳ ва талоқ ё маълумотнома аз бойгонӣ, шаҳодатномаи марг – ҳуҷҷати аслӣ ва нусхаҳои он

– Ҳуҷҷатҳо дар бораи маълумот (аттестат ё диплом) – ҳуҷҷати аслӣ ва нусхаҳои он.

– Маълумотнома аз мактаб барои ҳар як фарзанд (ҳуҷчати аслӣ).

– Дафтарчаи меҳнатӣ – ҳуҷҷати аслӣ.

– Маълумотнома дар бораи мавҷуд набудани доғи судӣ: муроҷиат ба маркази иттилоотиву таҳлилии ВКД ҶТ, ш. Душанбе, кӯчаи Чапаев, х. 13 ё мақомоти корҳои дохилии маҳалли зист.

– Маълумотнома дар бораи дар аҳли оила мавҷуд набудани бемориҳои хавфнок барои атрофиён, ки ҳукумати Русия муайян кардааст (варақа ва намунаҳо дар сомонаи Сафорати ФР.

— сертификати надоштани сирояти ВИЧ (ВНМО) – ҳуҷҷати аслӣ.

— маълумотнома дар бораи надоштани бемориҳои пӯст ва зӯҳравӣ – санади аслӣ.

— маълумоти гирифтор набудани аҳли оила ба нашъамандӣ – санади аслӣ.

— маълумотномаи надоштани бемории сил – санади аслӣ.

Иловагӣ пешниҳод мешавад

—  Агар ному фамилия ва номи падаро иваз карда бошед, маълумотнома аз бойгонии САҲШ дар бораи он – ҳуҷҷати аслӣ ва нусха.

— шаҳодатномаи муайн кардани падарӣ, қарори фарзандхонд кардан, зери сарпарастӣ (нигоҳубин) қарор доштан – ҳуҷҷати аслӣ ва нусха.

— маълумотнома аз САҲШ, ки дар шаҳодатнома номи падар аз гуфтаи модар навишта шудааст – ҳуҷҷати аслӣ ва нусха.

— розигии ба таври нотариалӣ тасдиқшудаи кӯдаки синни аз 14 то 18-сола ба кӯчидан ба Русия ё розигии яке аз волидон, ки бо кӯдак мераванд – ҳуҷчати аслӣ ва нусха, маълумонома аз мақомоти ҳифзи иҷтимоӣ дар сурати дар оила мавҷуд будани маъюб ё нафақахӯр.

Талабот ба ҳуҷчатҳо

Зимни додани АРИЗА ҳамватан ба пешниҳоди ҳуҷчатҳои аслӣ ва нусхаҳои ба таври нотариалӣ тасдиқшуда дар шакли муқарраршуда уҳдадор аст.

Ҳамаи ҳуҷҷатҳои пешниҳодмешуда, ки муҳру навиштаҷот доранд, бояд бо забони русӣ тарҷума шуда, ба таври нотариалӣ тасдиқ шуда бошанд.

Дар маълумотнома ва сертификатҳои тиббӣ бояд муҳри муассисаи тиббӣ ва муҳри табибе, ки маълумотномаро додааст, ҷой дошта бошад.

Ҳуҷҷатҳо ба баррасӣ қабул мешаванд, агар:

— матн дар онҳо хонову саҳеҳ навишта шуда бошад;

— фамилия, ном ва номи падар, адреси ҷойи зисти онҳо пурра зикр гардида бошанд;

— дар ҳолатҳои тибқи қонунгузории Русия муқарраршуда онҳо муҳр зада шуда, имзоҳои дахлдор доранд;

— матнҳои навиштаҷот дар муҳрҳо пурра хонда шаванд;

— дар онҳо тозакунӣ, изофанависӣ, калимаҳои хатзадашуда ва ислоҳоти дигар набояд вуҷуд дошта бошад;

— онҳо набояд бо қалам навишта шуда бошанд;

— онҳо осебе ё зарари зиёд надошта бошанд, ки ба шарҳи ягонаи мундариҷаи онҳо халал расонад.

— дар онҳо набояд гуногунхонӣ вуҷуд дошта бошад, маҳз дар ному фамилия, номи падар, санаи таваллуд ва макони зисти оила;

Зимни додани АРИЗА ҳамаи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда ва нусхаҳои онҳо санҷида шуда, ҳуҷҷатҳои аслӣ ба ҳамватан баргардонида мешаванд. Нусхаи ҳуҷҷатҳо ба маводи парвандаи шахсии аризадиҳанда замима мешавад.

Ҳуҷҷатҳоро ба куҷо мебояд пешниҳод намуд?

Ҳамаи ҳуҷҷатҳоро ба Намояндагии ВКД Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (оид ба масъалаҳои муҳоҷират) пешниҳод кардан зарур аст.

Адрес: Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Толстой, х. 67

Телефон: (992) 37 224-43-49

Почтаи электронӣ: fmsrutg@yandex.ru

Лекин супурдани ҳуҷҷатҳо кори осон нест. Шуморо лозим аст, ки ба телефони 224-42-49 занг зада, худро барои суҳбат номнавис кунед. Оператор барои шумо сана ва вақти муроҷиатро муайян мекунад. Кӯшиш намоед, ки дар вақти таъиншуда ҳозир шавед, вагарна навбати худро аз даст дода, дубора номнавис кардан лозим меояд ва навбати такрорӣ метавонад якчанд моҳ тӯл кашад.

Лозим ба зикр аст, ки ҳамаи маълумоти охирин дар бораи кӯчидан ба Русияро шаҳрвандони Тоҷикистон аз сомонаи сафорати Русия дар Тоҷикистон дарёфт карда метавонанд.

Агар шумо ба ҳамаи меъёру талаботи интихоб мувофиқат намоед, ба шумо шаҳодатномаи иштирокчии Барномаи давлатиро медиҳанд, ки муҳлати амали он 3 сол ба сифати тасдиқи иштироки ҳамватан дар Барнома аст.

Бо анҷоми ин муҳлат ҳамватан мақоми иштирокчии Барномаи давлатиро аз даст медиҳад. Аз ин рӯ, давоми ҳамин муҳлат масъалаи гирифтани шаҳрвандии Русияро ҳал кардан лозим аст.

Зимни ҳузур дар Русия ҳам метавон ба ин барнома ариза дод?

Бале, метавонед. Ҳамватаноне, ки доимӣ ё муваққатан бо асосҳои қонунӣ дар Русия зиндагӣ мекунанд ё бо тартиби таъҷилии оммавӣ ба қаламрави Русия омадаанд, гуреза эътироф шудаанд ва паноҳгоҳи муваққатӣ гирифтаанд, ба пешниҳоди ариза ба мақомоти минтақавии ВКД Русия ҳуқуқ доранд.

Ба куҷо рафтан мумкин аст?

Соли 2018 рӯйхати субъектҳое, ки дар Барномаи давлатии мусоидат ба ихтиёран кӯчидани ҳамватанони бурунмарзӣ ба Русия иштирок мекунанд, ба таври назаррас навсозӣ шуд.

Қаблан дар Барномаи давлатӣ 62 субъекти Русия иштирок доштанд, ки 10-тоашон қаламрави афзалиятнок барои кӯчидан шуморида мешуданд.

Соли 2018 муҳлати амали Барномаи давлатӣ дар Вилояти муҳтори яҳудиён, Камчатка, вилояти Сахалин, кишвари Хабаровск, вилоятҳои Магадан ва Калининград, Ҷумҳурии Удмуртия ва вилояти Нижний Новгород ба охир расид.

Рӯйхати пурраи субъектҳои иштирокчии Барномаи давлатии мусоидат ба ихтиёран кӯчидани ҳамватанони бурунмарзӣ ба Русияро шумо метавонед аз маводи мо дарёфт намоед.

Марҳилаҳои гирифтани шаҳрвандӣ аз рӯи барномаи кӯчонидан

Агар шумо ба ҳамаи меъёру талаботи барнома мувофиқат кунеду минтақаи зистро интихоб кардаед, минбаъд масъалаи чӣ гуна ба расмият даровардани шаҳрвандӣ ба миён меояд. Дар идома мо марҳила ба марҳила чӣ гуна ба расмият даровардани шаҳрвандиро мувофиқи ин барнома шарҳ медиҳем.

Марҳилаи №1. Пешниҳоди ариза барои қайди шахс ба сифати шахси иштирокчии барнома, ба расмият даровардани шаҳодатномаи дахлдор, ки ҳуқуқ ва уҳдадориҳоро тасдиқ мекунад.

Номгӯи ҳуҷҷатҳои талабмешуда: шаҳодатномаи шахсият (шиноснома); маълумотнома оид ба вазъи оилавӣ; ҲИЗ (ВНЖ); суратҳо ва дигар ҳуҷчатҳо.Дар идома ариза дар сохторҳои давлатии марбута баррасӣ мешавад. Агар масъала мусбат ҳал шавад, ба аризадиҳанда мақоми иштирокчии барномаи «ҳамватанон» дода мешавад. Зикри ҳамаи аъзои оила ҳатмӣ аст, зеро онҳо низ бояд дар шаҳодатнома қайд шуда бошанд. Муҳлати амали санад – 3 сол аст. Бо гузашти 3 сол аризадиҳанда мақоми додашударо аз даст медиҳад.

Додани шаҳодатнома дар хориҷи кишвар барои кӯчидан аз рӯи ин барнома ҳуҷҷатҳои иловагиро талаб мекунад. Он дар кишваре, ки дар он ҷо мақоми расмии кӯчидашаванда дода мешавад, ба расмият дароварда мешавад. Ба ин ҳуҷҷатҳо масалан раводид (виза)-и вуруд дохил мешавад.

Агар шахс Иҷоазатномаи зисти муваққатӣ (РВП) ё Ҳуҷҷати иҷозати зист (ВНЖ) дошта бошад, ба гирифтани шаҳрвандии Русия бо тартиботи соддашуда ҳуқуқ дорад. Нахуст ариза додан лозим аст. Он ба шуъбаи Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷирати субъекти Русия, ки ба он ворид шуданиед, пешниҳод мегардад. Номгӯи ҷумҳуриҳо, кишвар ва вилоятҳое, ки дар барнома иштирок мекунанд, бо меъёрҳои ҳуқуқ муайян шудааст.

Марҳилаи №2. Вуруди бевосита ба қаламрави кишвар. Ба субъекте, ки аз рӯи барномаи кӯчонидан иқомат дар он пешбинӣ шудааст.

Ин таъинот ба гурӯҳи кӯчидашавандагоне (аҳли оилаи онҳо) дахл дорад, ки дар хориҷи кишвар зиндагӣ карда, дар ҳамон ҷо мақоми иштирокчии барномаро гирифтаанд.

Барои ворид шудан доштани ҳуҷҷатҳои зерин зарур аст:

– Шиноснома (дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият).

– Шаҳодатномаи иштирокчии барномаи кӯчонидан.

Раводидҳо (виза). Он танҳо аз шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бешаҳрвандӣ талаб карда мешавад. Қобили зикр аст, ки боз як омили муҳим ҷой дорад: раводид ба шаҳрвандони кишварҳое лозим аст, ки бо онҳо реҷаи раводид ҷорӣ шудааст. Дар дигар ҳолатҳо мавҷуд будани ин ҳуҷҷат ҳатмӣ нест.

Корти муҳоҷират. Он замони гузаштани сарҳад бевосита аз ҷониби шаҳрванди хориҷӣ (шахси бешаҳрвандӣ) пур карда мешавад.

Баъди ворид шудан ба Русия иштирокчии барномаи кӯчонидани ҳамватанон бояд расмиёти бақайдгириро анҷом диҳад. Лекин тартиботи дигари вуруд низ ҷой дорад. Агар мақоми иштирокчии барномаи кӯчонидан дар хориҷи кишвар гирифта шуда бошад, ин шахс барои муроҷиат ба Консулгарии Русия бо дархости додани Иҷозатномаи зисти муваққатӣ ҳуқуқ дорад. Ин зинаи амалҳоро каме тағйир медиҳад, вале начандон назаррас. Танҳо гирифтани Иҷозатномаи зисти муваққатӣ марҳилаи дуюм ва вуруд марҳилаи сеюм мешавад.

Марҳилаи №3. Бақайдгирии мақоми иштирокчии барномаи кӯчонидани ҳамватанон.

Ин расмиёт хеле содда аст. Бо расидан ба минтақаи интихоб шдаи Русия барои кӯчидан шаҳрванди ояндаи Русия бояд ба шуъбаи минтақавии Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷират ҳозир шавад. Ин ҷо дар шаҳодатномаи ӯ дар бораи қайди иштирокчии барнома ба сифати дахлдор навиштаҷот гузошта мешавад.

Марҳилаи №4. Қайд дар макони будубош

Шахси мекӯчида ва аъзои оилаи ӯ бояд қайди муҳоҷиратро ба расмият дароранд. Ҷониби қабулкунанда дар ин ҳолат чунин номгӯи ҳуҷҷатҳоро талаб мекунад:

Шиносномаҳо (дигар шаҳодатномаи шахсият)-и аризадиҳанда ва аъзои оилаи ӯ.

Шаҳодатномаи иштирокчии барномаи кӯчонидани ҳамватанон.

Корти муҳоҷират

Мебояд ҷудогона саҳеҳ намуд, ки дар ин ҳолат зарурати рафтан ба мақомот вуҷуд надорад. Пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дар боло зикршуда кофист. Қайди муҳоҷират дорои хусусияти огоҳиномаи оддӣ дар бораи омадан мебошад.

Марҳилаи №5. Гирифтани Иҷозатномаи зисти муваққатӣ (РВП)

Тавре дар боло зикр кардем, муроҷиати иштирокчиёни барномаи «Ҳамватанон» (аъзои оилаҳо) барои гирифтани Иҷозатномаи зисти муваққатӣ ба Раёсати ХФМ Русия баъди вуруд ба қаламрави кишвар ҳатмӣ нест. Агар шахс дар хориҷи кишвар зиндагӣ кунад, он комилан метавонад ба намояндагии дипломатӣ ё консулгарии ВКД Русия муроҷиат намояд. Дорандаи шаҳодатномаи иштирокчии барнома бисёр ҳуқуқҳо дорад, аз ҷумла барои гирифтани Иҷозатномаи зисти муваққатӣ дар қаламрави кишваре, ки айни замон дар он иқомат мекунад.

Марҳилаи №6. Қайд дар маҳалли зисти оянда

Доштани қайд дар мақомоти Хадамоти муҳоҷират ягона шарти талабмешуда барои оғози анҷоми расмиёти гирифтани шаҳрвандии Русия нест. Барои ариза додан, дар маҳалли зист худро ба қайд гузоштан зарур аст. Танҳо дар ин ҳолат ҳалли мусбати сохторҳои дахлдори салоҳиятдор имконпазир мешавад.

Марҳилаи №7. Пешниҳоди ариза барои гирифтани шаҳрвандии Русия

Дар ин марҳила саволе ба миён меояд, ки оё гирифтани Ҳуҷҷати иҷозати зист (ВНЖ) ҳатмӣ аст? Ҳуҷҷати иҷозати зист барои иштирокчиёни барнома аз рӯи хоҳиш қабул мешавад. Бо доштани Иҷозатномаи зисти муваққатӣ ва қайд дар маҳалли зист метавон ба анҷоми расмиёти гирифтани шаҳрвнадӣ оғоз намуд.

Барнома барои онҳое, ки шаҳрвандии ин кишварро гирифтан мехоҳанд, афзалиятҳои зиёд дорад, лекин боз баъзе ҳолатҳои хос низ дар он мавҷуд аст. Масалан, яке аз асосиаш – зарурати кӯчидан ба минтақаи муайян (дар шаҳодатномаи иштирокчии барнома зикр мешавад).

Ғайр аз ин, фаромӯш насозед, ки вақти кӯчидан низ душворӣ пеш меояд. Умедвор нашавед, ки шумо ба ҷои ҳама чизаш тайёр меравед ва ба шумо маблағи муайян медиҳанд. Дар аксари ҳолатҳо кӯчандагон худашон масъалаи иҷораи манзил ва ҷустуҷӯи корро ҳал мекунанд. Ғайр аз ин, додани шаҳрвандӣ ба шумо метавонад рад шавад ва мақомоти ваколатдор ба ин ҳуқуқ доранд. Дар робита ба ин ҳамаашро ба тарозуи ақл баркашед. Дар хотир дошта бошед, ки шуморо вобаста ба маълумот ва таҷрибаи кориатон интихоб мекунанд. Минтақае, ки шумо барои кӯчидан интихоб кардед, он ҳам шуморо бояд бо назардошти талабот ба ихтисоси шумо интихоб намояд.

Дархост мекунем, ки дар шарҳҳо маълумот бидиҳед, ки чаро ба Русия кӯч бастаниед ва бо чӣ кор дар он ҷо машғул шуданӣ ҳастед?

мубодила кардан:

ШАРҲ ГУЗОРЕД

Your email address will not be published.

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Самое читаемое за неделю