Вакилони Маскав сангинтар шудани ҷазо ба миёнаравони муҳоҷиронро пешниҳод карданд, ки бидуни риояи меъёрҳои қонунгузорӣ ба сифати хизматгузориҳои машваратӣ ба муҳоҷирон дар гирифтани ҳуҷҷатҳо бо қонуншиканӣ кумак мекунанд, қайд мешавад дар сомонаи Думаи шаҳри Маскав.
Парлумони пойтахти Русия қарор «Дар бораи лоиҳаи қонуни федералӣ «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба моддаи 322.1 Кодекси ҷиноятии Русия ва моддаи 150 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Русия»-ро якдилона қабул кард.
Вакилон пешниҳод кардаанд, ки барои миёнаравӣ дар ғайриқонунӣ дастрас шудани ҳуҷҷатҳо дар ҳаҷми то 200 ҳазор рубл, корҳои маҷбурӣ ба муҳлати то се сол ё маҳрум кардан аз озодӣ ба ҳмин муҳлат ҷазо муқаррар карда шавад.
Вакилони пойтахт умедворанд, ки ин ба ҷалби роҳбарон ва кормандони ширкатҳои хусусӣ, ки бо баҳонаи расонидани кумаки машваратӣ ба муҳоҷирон дар гирифтани ҳуҷҷатҳо бо қонуншиканӣ кумак мекунанд, имкон медиҳад.
«Муқаррароти моддаи амалкунанда ҷалби шахсонеро, ки бевосита дар ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ даст надоранд, ба таври назаррасмушкил мекунад, вале дар ҳамин ҳол, ин шахсон ғайриқонунӣ гирифтани ҳуҷҷатҳои хориҷиён, ҳамчунин равуои транзитӣ тариқи қаламрави Русияро анҷом медиҳанд», – қайд кардааст раиси комиссияи Думаи шаҳрии Маскав оид ба амният Инна Святенко аз фраксияи «Единая Россия».
Дар натиҷа дар ҷаласаи Думаи шаҳрии Маскав таҳрири такмилёфтаи санад қабул шуд, ки имкон медиҳад бо таркибҳои аллакай мавҷудаи Кодекси ҷиноятии Русия мухолифат надошта бошад.
Дар фарзияи навшудаи лоиҳаи қонун таркиби ҷинояти воридмешуда мушаххаст аст, маҳз танҳо масъулият барои миёнаравӣ дар гирифтани ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои вуруд, ҳузури шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандӣ дар қаламрави Русия, ҳамчунин равуои транзитӣ тариқи қаламрави Русия маҳдуд шудааст.