Ӯзбекистон ҳамаи масъалаҳои марбут ба додани сертификати забони русӣ ва суғуртаро ба муҳоҷирон, ки барои гирифтани патент дар Русия зарур аст, ҳаллу фасл намуд, хабар медиҳад Агентии иттилоотии Подробно.uz.
«Дар ин марҳила мо мушкили додани сертифкати забони русиро, ки барои гирифтани патент зарур аст, ҳал кардем. Ин аллакай мавриди амал аст ва сертификат дода метавонем. Ҳамчунин масъалаи суғуртакунӣ ҳам дар давраи сафар ва ҳам гирифтани патент низ ҳал шуд», – қайд кардааст намояндаи Агентӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷирати кории хориҷӣ.
Дар ҳамин ҳол, айни замон агентӣ боз як масъалаи муҳими эътирофи ҳуҷҷатҳои тиббии ба муҳоҷирон додашуда дар Ӯзбекистонро низ мавриди ҳаллу фасл қарор додааст.
«Барои ин иҷрои якчанд талаботи Русия зарур аст. Ин раванди осон нест. Агар Вазорати тандурустии Ӯзбекистон онҳоро иҷро карда тавонад, пас фикр мекунам, ки ояндаи наздик ин масъала низ роҳи ҳалли худро пайдо мекунад», – зикр кардааст ҳамсуҳбат.
Ғайр аз ин, дар саросари ҷумҳурӣ курсҳои бепули омӯзиши забонҳои русӣ, англисӣ, олмонӣ ва кореягӣ, ҳамчунин ба даст овардани малакаҳои касбӣ-техникӣ дар ихтисосҳои талаботаш сершумор ба мисли кафшергару бинокор, бетонрез ва ғайра кушода шудааст.
Ба гуфтаи намояндаи агентӣ, ин курсҳо айни замон барои қишри осебпазири аҳолӣ ройгон аст. Ҳамчунин, қайд кардааст ӯ, ин ҷо низоми ҳавасмандсозӣ амал мекунад – агар баъди омӯзиши думоҳаи бепул шахс натиҷаҳои хуб нишон диҳад, ӯ ба моҳи сеюм ҳам монда мешавад.
«Муҳлати омӯзиш дар маҷмӯъ ба сатҳи аввали дониш вобаста аст. Машғулиятҳо дар коллеҷ мегузаранд, ки ба тобеъияти Вазорати меҳнат дода шудааст. Айни замон онҳо 16-тоанд, қариб дутогӣ дар ҳар як вилоят, ки ба ҳамаи хоҳишмандони ӯзбекистонӣ таълиму омӯзиши босифатро таъмин мекунад», – иброз доштааст ҳамсуҳбат.
Имсол Ӯзбекистон ният дорад, ки беш аз 50 ҳазор нафар муҳоҷирони кориро расман ба Русия фиристад. Лекин агар нимаи дуюми сол қонун дар бораи фаъолияти рекрутингӣ (сафарбарӣ) қабул шавад, ин имкон медиҳад, ки сафарбарии муташаккилонаи муҳоҷирон аз ҳисоби ҷалби ширкатҳои хусусӣ ба ин кор, ба таври назаррас зиёдтар шавад.