Дар фурӯдгоҳҳои Маскав қоидаҳои нав ҷорӣ шуданд

migrantnews.info

Дар фурӯдгоҳҳои Домодедово, Шереметево ва Жуковскийи Маскав  қоидаҳои нави гузаронидани мусофирон ҷорӣ шуданд. Масалан, барои гузоштани ҷузвдон ё бағоҷ дар нишастҷойҳои толори интизор ва ё дар ҷойи қадаммонии зинапояи барқӣ ҷарима пешбинӣ шудааст. Пӯшидани либос дар ҳоҷатхонаҳо, нишастан болои фарш, ҳамчунин муддати тӯлонӣ дар ҳудуди фурӯдгоҳ қарор доштан манъ карда шдуааст. Ин дар қонуни нав, ки рузи панҷшанбе, 26 апрел аз ҷониби вакилони Думаи вилоятии Маскав қабул шуда буд, дарҷ гардидааст.

Қоидаҳо барои ҳудуди фурудгоҳҳо ва терминалҳои вилояти Маскав, ҳамчунин минтақаҳои амниятии фарохиашон на кам аз 30 метр аз бинои фурӯдгоҳ пешбинӣ шудаанд.

Ҷаримаҳо дар ҳаҷми аз 100 то 500 рубл барои шаҳрвандон, аз 1 то 2 ҳазор рубл барои мансабдорон ва аз 2 то 4 ҳазор рубл барои шахсони ҳуқуқӣ пешбинӣ шудаанд.

Барои муҳоҷирони меҳнатӣ қонуни мазкур бо он асос хатарнок аст, ки аснои бозгашт аз Маскав дар сурати вайрон кардани ин қоидаҳо ҷарима баста мешаванд, ки ин аллакай кори маъмурӣ аст. Агар то ин вақт муҳоҷир аллакай ҷаримабандӣ шуда бошад, кори дуввуми маъмурӣ метавонад ба ихроҷи ӯ боис гардад. Тибқи қонунгузории муҳоҷиратии Русия барои ду ва зиёда ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ муҳоҷирро ихроҷ ва эҳтимолияти манъи вуруди ӯ ба Русия таҳдид мекунад.

Дар хотир дошта бошед, ки қоидаҳои нав барои меҳмонони фурӯдгоҳҳо дар ҳолати хобида қарор доштанро манъ мекунанд. Барои мусофирон хоб рафтан дар болои нишастҷойҳо, курсиҳо, зинапояҳо ва фарш манъ аст. Қонуншиканро огоҳӣ ва ё ҷарима дар ҳаҷми 100 рубл интизор аст.

Ба онҳое, ки ҷувздон ё бағоҷро дар болои нишастҷойҳо дар толори интизор ва ё дар ҷойи қадаммонӣ дар зинапояи барқӣ мегузоранд, низ чунин ҷарима пешбинӣ шудааст. Давидан дар зинапояи барқӣ низ манъ карда шудааст, ҳатто агар шумо дер монда бошед ҳам. Истифода аз зинапояҳои барқии аз ҳаракат бозмонда манъ аст. Ҷарима барои ин 100 рублро ташкил медиҳад.

Илова бар ин, дар ҳудуди фурӯдгоҳ бо роликҳо, самокатҳо, велосипедҳо, мотосиклҳо ва гироскутерҳо ҳаракат кардан мумкин нест.

Шахсоне, ки радио ва ё мусиқиро бидуни гӯшмонакҳо гӯш мекунанд ва ё дар дохили фурӯдгоҳ бо либоси бадбӯю ифлос ва бо чунин бағоҷ ва ашёҳои чиркин қарор дошта бошанд, 100 рубл ҷарима баста мешаванд. Масалан бо яхмос.

Банди дигари қонун бидуни билет муддати беш аз як шабонарӯз қарор доштан дар фурӯдгоҳро (ба истиснои меҳмонхонаҳо) манъ мекунад. Аз ин рӯ, акнун «истифодаи фурӯдгоҳ ҳамчун меҳмонхона» мумкин нест.

«Агар мусофир билет ва ё  корти парвоз (посадочный талон) надошта бошад, кормандони фурӯдгоҳ аввал аз ӯ хоҳиш мекунанд, ки ҳудуди фурӯдгоҳро тарк намояд, агар ӯ хоҳиши онҳоро рад кунад, ӯро ҷарима мебанданд. Ин тадбирҳо албатта ба одамони бехонумон равона шудаанд», – омадааст дар маълумот.

Ҷарима барои ҳузури тӯлонӣ дар фурӯдгоҳ метавонад аз 2,5 ҳазор то 5 ҳазор рублро ташкил диҳад. Барои шино ва оббозӣ, ҳамчунин ҷомашӯӣ ва пӯшидани либос дар ҷойҳои манъшуда низ чунин миқдор ҷарима пешбинӣ шудааст.

Барои онҳое, ки ҳудуди фурӯдгоҳро ифлос мекунанд, кӯдаконро дар аробачаҳои бағоҷ мекашонанд, хати сурхи минтақаи бақайдгирӣ ва назоратро убур мекунанд, ба танбашавӣ роҳ медиҳанд ва ё сагча ё гурбаро бе назорат мегузоранд, ҷазоҳои гуногун пешбинӣ шудаанд.

Ин қоидаҳо алъон дар фурудгоҳҳои Домодедово, Шереметево ва Жуковский ҷорӣ шудаанд.

 

мубодила кардан:

ШАРҲ ГУЗОРЕД

Your email address will not be published.

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Самое читаемое за неделю