Ӯзбекистон ва Туркия ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатиашонро ҳимоя карданд

migrantnews.info

 Ҳукуматҳои Ӯзбекистону Туркия созишнома «Оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо» -ро ба имзо расонданд, ки ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳоро дар қаламрави кишвари мизбон танзим мекунад, иттилоъ дод хадамоти матбуоти Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ӯзбекистон.

Санади мазкур 1 май зимни сафари президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ба Ӯзбекистон имзо карда шуд.

«Тибқи созишномаи феълӣ, муҳоҷирони меҳнатӣ метавонанд дар қаламрави кишвари мизбон дар асоси шартномаи бо корфармо басташуда, дар мувофиқа бо қонунгузории кишвари мизбон ба фаъолияти меҳнатӣ машғул шаванд», – омадааст дар маълумот.

Ҷонибҳо вуруди муҳоҷиронро танзим карда, фаъолияти ғайриқонунии муҳоҷиратиро пешгирӣ хоҳанд кард. Масъулият бар дӯши Вазорати шуғли Ӯзбекистон, Вазорати меҳнат ва таъмини иҷтимоии Туркия ва ВКД-и ҳар ду кишвар вогузор карда шуд.

Қаблан президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев изҳор дошт, ки ҷонибҳо Шӯрои олии ҳамкории стратегиро таъсис медиҳанд.

Ҷонибҳо ҳамчунин барои танзими вуруди муҳоҷирон ба кишварҳои худ ҳаматарафа  мусоидат карда, оид ба пешгирии фаъолияти ғайриқонунии муҳоҷиратӣ дар кишварҳои худ ҳамкорӣ хоҳанд кард.

мубодила кардан:

ШАРҲ ГУЗОРЕД

Your email address will not be published.

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Самое читаемое за неделю