Доллар боло меравад, даромади оилаҳои муҳоҷирон кам мешавад

migrantnews.info

Пас аз якбора  боло рафтани қурби доллар дар Русияву  Қазоқистон ва  ва сипас андак мӯътадил шуданаш баъд аз 11 апрел, доллари амрикоӣ дигарбора аз ҷумла дар Тоҷикистон ҳам боло рафт. Азбаски муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон асосан ба Русия (90%) ва Қазоқистон (қисмати боқимонда) мераванд, мо тасмим гирифтем, вазъи қурб дар ин кишварҳоро каме шарҳ диҳем.

Тавре маълум аст, қурби доллари ИМА бевосита ба арзиши рубли русӣ ва тангаи қазоқӣ дар Тоҷикистон таъсир мерасонад.

Аллакай рӯзи дуввум аст, ки доллар дар Русия боз баланд шуд, гарчанде аз 60 рубл поин нарафта буд. Имрӯз 1 доллари ИМА ба 64 рубл баробар аст. Дар Қазоқистон низ чунин ҳолат ба мушоҳида мерасад. Қурби доллар 9 апрел 320 тангаро ташкил дода,  12 апрел якбора ба 330 танга баробар шуд.  Имрӯз бошад 1 доллар дар Қазоқистон 329,99 тангаро ташкил медиҳад.

Вазъи доллар ба мо ҳам бетаъсир нест, чунки он бевосита ба даромади муҳоҷирон, ки дар ин кишварҳо кор мекунанд, таъсир мерасонад. Зеро баробари устуворшавии мавқеи доллар арзиши рубл ва танга дар Тоҷикистон ба таври назаррас коҳиш меёбад.

Имрӯз 1000 рубл дар Тоҷикистон на беш аз 140 сомонӣ ва 1000 тангаи қазоқӣ андаке камтар аз 26 сомониро ташкил медиҳанд. Ҳарчанд як моҳ пеш ин ба 153 сомонӣ ва  мутаносибан ба 27 сомонӣ баробар буд.

Дар диди аввал ин коҳиш чандон зиёд нест, аммо ин тамоилро наметавон мусбат арзёбӣ кард. Муҳоҷирон пулро аз Русия асосан бо рубли русӣ ва аз Қазоқистон бо танга интиқол медиҳанд. Дар Тоҷикистон гирандагон ин маблағро бо сомонӣ ва аз рӯи қурби аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон муқарраргардида мегиранд.

Маълум аст, ки ҳар як сокини ҳаштуми кишвар муҳоҷир буда, садҳо ва ҳазорҳо оилаҳо аз ҳисоби маблағи фиристодаи муҳоҷирон аз Русия ва Қазоқистон зиндагӣ мекунанд ва пасту баландшавии қурби рубл ва танга ба онҳо зарари молӣ мерасонад. Таҷрибаи солҳои пеш нишон медиҳад, ки дар ин ҳолат оилаҳо чун худи муҳоҷирон ба сарфакорӣ шурӯъ мекунанд.

Дар баробари ин қурби доллар дар Тоҷикистон низ боло рафта, асъори миллии тоҷикӣ сомонӣ нисбати доллар ба таври назаррас коҳиш ёфтааст. Агар 3 апрел қурби 1 доллар 8,81 сомонӣ буд, имрӯз бошад қурби расмӣ 8,97 сомониро ташкил медиҳад. Илова бар ин, дар кишвар норасоии доллари амрикоӣ ба мушоҳида мерасад ва бонкҳо ба як нафар дар як рӯз танҳо 200 доллар мефурӯшанд.

 

мубодила кардан:

ШАРҲ ГУЗОРЕД

Your email address will not be published.

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Самое читаемое за неделю