Собиқ муҳоҷир дар Русия тоҷири муваффақ шуд

migrantnews.info

Ширкати фурӯши хӯрока ва маҳсулот барои ҳайвоноти хонагии «Супрэмо», ки аз соли 2003 дар Русия фаъолият дорад, яке аз ширкатҳои бузурги дистрибютерӣ-таҳвилгари амрикоӣ маҳсуб меёбад. Вале кам касон огаҳанд, ки ин ширкат аз ҷониби як тоҷикистонӣ таъсис ёфтааст, ки солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар 24-солагӣ ба Русия омада, кори худро аз фурӯши сарулибос дар бозор оғоз намудааст.

Молик ва роҳбари ширкати «Супрэмо» дар Русия Султон Мавлоназаров имрӯз ба тичорати худ натанҳо ҳамчунин ба сарчашмаи пулкоркунӣ, балки ба сифати таъсиси ҷойҳои корӣ дар он менигарад ва ҷойҳои корӣ натанҳо ба русиягиҳо, балки ба ҳамватанон низ, ки замоне мисли худаш барои дарёфти кору пул муҳоҷират ба Русияро ихтиёр кардаанд.

Аз нигоҳи аввал тақдири ӯ ғайривоқеӣ ба назар менамояд, лекин баъди суҳбат бо ӯ ҳақиқати деринаро дармеёбӣ, яъне танҳо меҳнату ирода касро ба мақсад мерасонад.

«Дар асл кори осоне нест ба назари аввал. Албатта, бисёр ноумедиҳову ҷустуҷӯҳои тӯлонии кор, аз кор озод шудан ва ихтисоркуниҳо буданд. Ҳангоми муҳоҷират дар Маскав ман хеле заҳмат кашидам ва як лаҳзае бо одамону вазъе дучор шудам, ки дар ҳаёти ман нақши бузург бозиданд, – мегӯяд ӯ.

«Аз тақдир ҷойи гурез нест»

Султон дар Душанбе таваллуд шуда, ба воя расидааст. Падараш ба ҳайси прокурор кор мекард ва ба ақидаи ӯ, тарбияи падар ӯро ба азми қавӣ ва устуворӣ дар таҳсил водор намуд. Дар мактабу донишгоҳ ӯ аълохон буд. Мактабро бо медал хатм карда, сипас таҳсилро дар факултаи иқтисод ва тарҳрезии хоҷагии халқи ДДТ идома дод ва соҳиби диплом шуд.

«Ҷанги шаҳрвандии аввали солҳои 90-ум дар Тоҷикистон ба муҳоҷирати корӣ оғоз бахшид. Ҳамон вақт ба таври оммавӣ ба муҳоҷират рафтани тоҷикистониён баҳри дарёфти ризқу рӯзӣ оғоз гардид. Султон ҳам соли 1993 ба Маскав омад, ҳарчанд ният надошт, ки дар дигар кишвар кору зиндагӣ мекунад. «Аз тақдир ҷойи гурез нест», – ба хотир меорад ӯ он замонро.

«Маро холаам қабул кард, ман онҳоро ташвиш додан намехостам, зеро хона барои худашон ҳам танг буд. Тасмим гирифтам, ки зудтар кору хонае меёбам», – ҳикоя мекунад Султон.

«Зимистон буд, зимистони ғайримаъмулӣ барои сокини Душанбе. Ман ҳатто тасаввур намекардам, ки чӣ гуна кору хона меёбам. Тасодуфан шиносамро дар метро вохӯрда, ба ӯ фаҳмонидам, ки кор ҷустуҷӯ дорам. Он замон солҳои ҷанг шиносҳоро дар Маскав вохӯрдан ғайриоддӣ ба назар менамуд», – ба хотир меорад ӯ.

Ҳамааш аз савдо оғоз шуд

Шиносаш ба ӯ кумак карда, дар мағозаи фурӯши сарулибос дар бозори «Лужники» бо кор таъмин кард. Он солҳо бисёриҳо фаъолияти меҳнатиашонро дар бозор шурӯъ карданд. Аксарияти русҳо ба хотири таъмини рӯзгор ва хонавода дипломҳояшонро пинҳон карда,  дар бозорҳои гуногун кор мекарданд ва ин ҳолати нангин набуд. «Ман ҳам ҳар рӯз ба хотири дер намондан ба кор соати 6-и субҳ аз хоб мехестам».

«Ҳарчанд ман дар савдо чизе намефаҳмидаму ин кор маъқулам ҳам набуд, ба ҳар ҳол сабр кардан лозим буд, лекин ҷустуҷӯи кори дигарро идома медодам. Илова бар ин, бо пешниҳоди донишҷӯёни ҳамдиёрам дар хобгоҳи Донишгоҳи дӯстии халқҳо зиндагӣ мекардам», – гуфт ӯ.

Баъди чанде ӯ дар фурӯшгоҳи соатҳо ба сифати қосид (курер) низ кор кард. Ин ҷо ҳарчанд маош хеле кам ҳам буд, вале барои рушди худ вақти зиёд дошт, ӯ ба омӯзиши малакаҳои компютерӣ шурӯъ кард. Ҳамин тавр шуд, ки дар муддати ду соли фаъолият дар ин ширкати хурд Султон аз қосиди оддӣ то ба мансаби корманди дафтари корӣ ва сипас муовини директори ширкат расид.

«Ин барои ман таҷрибаи бузург буд, зина ба зина боло рафтан кори осоне набуд, лекин ман назди худ мақсад гузошта, ба он мерасидам. Дар мактабу донишгоҳ аълохониям барабас нарафт. Албатта, агар шахс босаводу кори худро хуб сарфаҳм равад, ҳатто агар шаҳрванди дигар кишвар бошад ҳам, аз чашм пинҳон намегузоранд», – муътақид аст Султон.

Марҳилаи нави зиндагӣ

Ҳарчанд ғалатӣ ба назар намояд ҳам, мансаби муовини директори ин ширкати хурд начандон ба қаҳрамони мо писанд буд, ӯ мефаҳмид, ки бояд ба пеш ҳаракат кунад. Боре чун огоҳ шуд, ки як ширкати фурӯши хӯроки хушк барои ҳайвонот ҷойи кори холӣ дорад, тавсифнома (резюме)-и худро ба он фиристод.

«Пас аз суҳбат хушбахтона маро ба кор қабул намуда, ба вазифаи сардори шуъбаи кор бо шабакаҳои савдо, таҳвилгарони маҳсулоти ширкати Purinа дар Русия таъин карданд. Миқёси кор дар ин ҷо албатта аз кори пешин фарқ дошт ва ман аз ин ҳатто хурсанд будам, зеро барои омӯзишу зинаи баландтарро касб кардан имкон мавҷуд буд», – мегӯяд ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, мактаб дар ин ҷо хеле бақувват буд: аснои фаъолият дар ин ширкат маҳорати доир намудани гуфтушунидҳои самарабахш, тарзи гузоштани ҳадафҳо ва ҳалли мушкилот, кор бо одамон, тарзи дурусти банақшагирии реҷаи корро аз худ кардам.

«Аммо бо вуҷуди он, ки ту соҳиби маълумоти олӣ ҳастӣ ва савод ҳам дорӣ, мутаасифона, дар донишгоҳҳои мо он вақт асосҳои тиҷоратро  таълим намедоданд».

Дар ин ҷо ӯ аз соли 1996 то соли 199 кор кард. Бо гузашти вақти начандон зиёд шуъбаи ӯ ба натиҷаҳои хуб ноил гардида, мавриди ситоиши раҳбарияти корхона қарор гирифт. Ҳарчанд он солҳо кор дар бозор душвор буд, чунки дар бораи хӯроки хушк барои ҳайвонот бисёриҳо тасаввуроте надоштанд.

«Буҳрони соли 1998 ба ширкат зарбаи осебпазир расонида, лозим омад, ки кори нав биҷӯям. Он замон ба сурати умум мушкил буд, корхонаҳо ё пурра баста мешуданд ва ё коргаронашонро ихтисор мекарданд. Ман дар нашрияи Moscow Times эълонеро дидам ва хушбахтона он вақт забони англисиро ҳам ба қадри имкон медонистам. Ба ширкати амрикоӣ донандаи бозори маҳсулот барои ҳайвонот лозим буд. Албатта, тавсифномаамро фиристодам ва баъди чанде онҳо ба ман занг заданд».

Ин занг аз намояндагии ширкати амрикоии Clorox  дар Русия буд, ки натанҳо бо истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти истеъмолӣ ва маводи кимиёвӣ маъруф аст, балки барои фурӯши маҳсулот барои ҳайвонот низ як шӯъба дошт, ки қаҳрамони мо раҳбарии онро ба дӯш гирифт.

«Ман пурра ба тиҷорати марбут ба маҳсулоту хӯрок барои ҳайвонот (зообиснес) ҷавобгӯ будам. Савдои молу маҳсулотро натанҳо дар Русия ва ИДМ, балки дар кишварҳои Аврупои Шарқӣ низ ба роҳ мондам, ки як озмоиши ҷиддие буд. Аз як тараф, касе ба корам халадор намешуд, аз ҷониби дигар касе набуд, ки барои кӯмак муроҷиат намоӣ ё масъулиятро ба дӯши ӯ гузорӣ. Таҷрибаи андӯхтаам дар дигар ширкатҳо ин ҷо ба ман кор омад. Ин соли 1999 – соли начандон хуби пешбурди молу маҳслуоти гарон ва тамоман нав барои бозор буд», – мегӯяд  Султон.

Тиҷорати мустақилона беҳтар аст

Пас аз тасмими қатъи кори намояндагии Clorox дар Русия ширкати «Супрэмо»-ро Султон Мавлоназаров соли 2003 боз мекунад. Маҳз ҳамин амал боиси он шуд, ки директори генералии ширкат ба Султон пешниҳод намуд, ки корро дар Русия идома диҳад, лекин бо кушодани ширкати худ ва ба сифати дистирибютери махсуси расмии тамғаҳои амрикоӣ машғули истеҳсоли хӯрок барои ҳайвонот ва маҳсулот барои онҳо. Ҳамин тариқ, «Супрэмо» рӯйи кор омад, ки ин ширкат бо брендҳои мукофотӣ дар бозори маҳсулот барои ҳайвоноти Русия сару кор дорад.

«Баъди чанде андеша ман дар ниҳояти кор ба амалисозии ин мақсад тасмим гирифтам, ҳарчанд медонистам, ки мушкил мешавад. Имрӯз «Супрэмо» таҳвилгар (дистрибютер)-и хӯроки ҳайвонот барои ширкатҳое чун Ever Clean ва Fresh Step ва тамғаҳое ба монанди Padovan, Animonda, Trainer,  CareFresh мебошад, – ҳикоят мекунад ӯ. – Ғайр аз ин, мо ҳамасола дар Русия намоишгоҳи байнулмилалии гурбаҳоро созмон медиҳем, ки яке аз бузургтаринҳо дар Аврупо буда, Catsburg ном дорад.

Султон Қадамсаидович бо аҳли оилааш

Тавре Султон мегӯяд, шуҳрат чизи муҳим буда, барои ноил шудан ба он солиёни зиёде лозиманд ва баҳри ҳифзи ӯ тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳӣ.

«Дар ширкат имрӯз беш аз 100 нафар машғули кор буда, наздики 30 нафари онҳо ҳамватанонам аз Тоҷикистон мебошанд. Бароям боиси хурсандист, ки ман на танҳо онҳоро бо ҷойи кор таъмин мекунам, балки баҳри рушду такомули онҳо талош меварзам. Бисёре аз ҳамдиёронам дар фаъолияти корӣ ба натиҷаҳои хуб ноил гардида, дар бозори мо ба корманди ҳирфаӣ табдил ёфтаанд. Ҳарчанд зообизнес дар фаҳмиши тоҷикистониён як чизи маъмул нест, ҳамту не ми?»

Қаҳрамони мо мутмаин аст, ки дар ҳаёт тасодуфҳо хеле кам рух медиҳанд ва ҳамаи он касоне, ки ӯ дар ин роҳи пуршебу фарози худ вохӯрд, дар ҳаёташ нақши бузург бозиданд.

Айни замон ӯ натанҳо тоҷири муваффақ, балки ҳамсари меҳрубону падари ду фарзанди баркамол аст. Духтари ӯ дар Англия ва писараш дар бахши ҳуқуқшиносии Донишкадаи давлатии муносибатҳои байнулмилалии Маскав (МГИМО) таҳсил мекунанд. Писараш пешаи бобояшро интихоб кардааст. Падари хонадон бар ин назар аст, ки таҳсил бояд дар ҷойи аввал бошад, зеро дониш калиди комёбиҳост.

«Дар ҳаёт бисёр чиз ба барору тақдир ва аз касони гирду атрофи шахс вобаста аст. Мо мафҳуме дорем, ки «баракат» ном дорад, яъне фотиҳаи роҳи сафед, ҳамон барори кор аст, ки инсон барои рафтораш сазовор дониста мешавад», – мутмаин аст Султон.

Албатта, чунин воқеаҳои илҳомбахш бо ҳамдиёронамон гоҳ-гоҳ ба гӯши мо мерасад, аммо бовар кунед, ки онҳо касро хушбин месозанд, чунки ба он водор мекунанд, ки агар хоҳишу ирода бошад, ҳатто барои таъмини рӯзгор низ омада, назди худ мақсад гузорӣ, ки ба қуллаҳои баландтар мерасӣ, дар мулки бегона низ муваффақ шуда метавонӣ.

мубодила кардан:

ШАРҲ ГУЗОРЕД

Your email address will not be published.

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Самое читаемое за неделю