Тазоҳуроти муҳоҷирони Туркманистону Ӯзбекистон дар Истамбул

migrantnews.info

Дар Истамбул 14 май нисфирӯзӣ муҳоҷирони меҳнатӣ, ки аксарияташон туркманҳо ва ӯзбекҳо мебошанд, якҷоя бо намояндагони ташкилотҳои ёрии ҳуқуқӣ дар назди бинои хадамоти муҳоҷиратӣ намоиши эътирозӣ барпо карданд, иттилоъ медиҳад Радиои Озодлик.

Тазоҳургарон тариқи ВАО-и маҳаллӣ баромад карда, аз он изҳори норозигӣ карданд, ки вақтҳои охир хадамоти муҳоҷиратии Истамбул аризаҳои муҳоҷирон оид ба гирифтан ва ё тамдиди иҷозатномаи зистро рад карда, кормандони хадамоти муҳоҷиратӣ бо онҳо дағалона муносибат мекунанд.

Роҳбари ташкилоти ёрии ҳуқуқии «Туркпермит» Мурат Эршахин зимни мусоҳиба ба Радиои Озодлик аз ҷойи баргузории намоиши эътирозӣ гуфт, ки аз қарорҳои қабулгардидаи хадамоти муҳоҷиратии Истамбул аз ҳама бештар муҳоҷирон аз Туркманистону Ӯзбекистон азият мекашанд.

Ба гуфтаи ӯ, дар вазъияти баамаломада барои изҳори норозигӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи роҳбарияти хадамоти муҳоҷиратӣ намояндагони ташкилотҳои ёрии ҳуқуқӣ якҷоя бо мизоҷонашон, ки аксарияти онҳо туркманҳо ҳастанд, тасмим гирифтанд, ки тазоҳурот доир кунанд.

Яке аз муҳоҷирзани Туркманистон, иштирокчии тазоҳурот, ки бо мақсади таъмини бехатарӣ аз зикри ном даст кашид, ба Радиои Озодлик гуфт, ки ӯ ҳамроҳ бо писараш, ки дар синфи чорум мехонад, дар робита ба рад шудани аризааш аз ҷониби хадамоти муҳоҷиратӣ дучори мушкилот гардид.

«Ба мо аз хадамоти муҳоҷиратии Истамблу занг заданд. Вақте мо ба он ҷо ҳозир шудем, ба мо гуфтанд, ки иҷозатномаи корам бекор карда шуда, дар ин робита иҷозатномаи зисти тамоми аъзои оила лағв карда шуд.

Кормандони хадамоти муҳоҷиратӣ гуфтанд, ки давоми як моҳ мо бояд ба ватани худ баргардем. Баъд аз ин ҳуқуқшиноси ташкилоте, ки ман дар он кор мекунам, аз болои қарори хадамоти муҳоҷиратии Истамбул оид ба бекор кардани иҷозатномаи кори ман ба суд шикоят бурда, айни замон мурофиаи судӣ идома дорад.

Дар Истамбул оилаҳои зиёде аз Туркманистон мисли мо дучори мушкилӣ гардидаанд. Мо хоҳиш менамоем, ки роҳбарият ба мо кӯмак расонад. Мо ба Туркманистон баргаштан намехоҳем, зеро дар он ҷо мо оиларо таъмин карда наметавонем. Аз ин рӯ, имрӯз мо ба ин ҷо ҳозир шудем, то намоиши эътирозиро ҷонибдорӣ кунем», – гуфт ба Радио Озодлик модари ду кӯдак аз Туркманистон.

Ёдрас мекунем, муҳоҷирони Туркманистон вақтҳои охир ба Радиои Озодлик гуфтанд, ки хадамоти муҳоҷиратии Истамбул на фақат додан ва тамдиди иҷозтномаи зист ва ё корро рад мекунад, балки дархостҳои шаҳрвандони Туркманистонро, ки ҳамчун гуреза таҳти ҳимояи СММ қарор доранд, низ рад мекунад.

Карим ном муҳоҷир аз Туркманистон дар робита ба ин мавзӯъ ба Радиои Озодлик гуфт, ки чунин вазъият на танҳо дар Истамбул, балки дар дигар минтақаҳои Туркия низ ба мушоҳида мерасад.

Аз ҷумла, моҳи январ хадамоти муҳоҷиратии вилояти Ғозиёнтепа мақоми ӯро ҳамчун гуреза бекор карда, шахсе ки зери ҳимояи СММ қарор дорад, иҷозатномаи зисташро бекор карда, ӯро барои депорт кардан боздошт намуданд.

Ба гуфтаи Карим, новобаста аз он, ки адвокатҳои бо СММ ҳамкоридошта тариқи суд қарор дар бораи депорт ва баргузории суҳбата дар кумитаи СММ оид ба масоили гурезагон, ки 18 май доир мегардад, бекор карданд, хадамоти муҳоҷиратии Ғозиёнтепа ҳануз ҳам ӯро дар ҳабс нигоҳ медоранд.

Қобили қайд аст, ки талошҳои Радиои Озодлик ҷиҳати гирифтани шарҳу тавзеҳ дар хадамоти муҳоҷиратии Туркия ягон натиҷа надоданд.

 

мубодила кардан:

ШАРҲ ГУЗОРЕД

Your email address will not be published.

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Самое читаемое за неделю