Баъди таваққуфи ҳафтсола алоқа тариқи роҳи оҳан байни шаҳрҳои Кӯлоб ва Маскав барқарор шуд. Қатора ҳафтае як маротиба бо ин хатсайр ба роҳ мебарояд, вале алҳол танҳо аз як ҷониб. Қатораи аввали ин хатсайр рӯзи 9 май раҳсипор шуд. Хабарнигори «Азия-Плюс» Билоли Шамс ин қатораро гусел намуд.
Дар ин рӯз истгоҳи роҳи оҳани Кӯлоб серодам буд, ки аксарашон муҳоҷирони корӣ ва гуселкунандагони онҳо – хешу ақрабо ва шиносҳову дӯстон буданд.
Давлаталӣ Ҷабборови 29-сола, сокини ҷамоати Рӯдакии ноҳияи Восеъ мегӯяд, билети ҳавопаймо ду ҳазор ва аз қатора нисф арзон будааст.
«Падарам касалии қанд аст. Аз ин рӯ, барои муолиҷаи ӯ ба Русия пулкоркунӣ меравам. Ман бори нахуст ба Русия рафта истодаам. Ду ҳамсафару ҳамдиёриам доимо ба он ҷо пулкоркунӣ мераванд. Умедворам, ки ба ман ҳам кумак мекунанд», – мегӯяд номбурда.
Сокини ноҳияи Кӯлоб Сабриддин Ҷумъаев сафари худро бо қатораи Маскав – Кӯлоб дар соли 2008 ба хотир оварда мегӯяд, он замон дар сарҳадҳои кишварҳои дигар қатораро муддати зиёд бозмедоштанд.
«Мусофиронро хеле дақиқкорона тафтиш мекарданд. Дар марзи Ӯзбекистон моро 8 соат боздоштанд. Худоро шукр, ки муносибатҳо бо Ӯзбекистон хуб шуданд. То ҳол намефаҳмам, ки ҳамаи ҳуҷҷатҳоямон дуруст буда, боз пул медодем», – қайд кард ӯ.

Хайриддин Қурбонов, сокини ҷамоати Рӯдакии ноҳияи Восеъ мегӯяд, мудом бо ҳавопаймо ба Русия мерафт, лекин аз шиносҳояш фаҳмидааст, ки убури марзи Ӯзбекистон беҳтар шуда, аз ин рӯ, ба қатора билет харидааст.
Сардори истгоҳ (вокзал)-и роҳи оҳани Кӯлоб Рустам Бобоев дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» изҳор намуд, ки бо вуҷуди таваққуфи ҳафтсолаи ин хатсайр ва боз бисёр мушкилоти дигар, ҳайати шахсӣ (шатат)-и корхона ихтисор нашудааст.
«Дар ин давра мо хатсайри маҳаллӣ: Кӯлоб – Қӯрғонтеппа – Душанбе – Қӯрғонтеппа – Кӯлоб ду маротиба дар як ҳафта боз намудем. Зимни сафари президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев қитъаи роҳи Амузанг дубора боз шуда, ин хатсайр барқарор шуд», -иброз дошт номбурда.
Ба гуфтаи ӯ, алҳол қатораи Кӯлоб – Маскав ҳафтае як маротиба ба сафар баромада, имрӯз дар 10 вагон 400 нафар ба Маскав раҳсипор мешаванд ва агар талабот бештар шавад, шумори вагонҳо зиёд мешавад. Билетҳо дар Кӯлоб, истгоҳҳои Восеъ, Гулистон, Ҳулбук, Олимтой, Бохтар, Данғара, Саргазон ва Кӯшониён фурӯхта мешаванд.
Дар робита ба талабот сардори толори пазиройии истгоҳ Маҷида Назаров мегӯяд, айни замон қатораҳо танҳо аз як тараф пурра бо мусофир пур мешаванд.
«Агар мусофир пешакӣ, 45-31 рӯз пеш билет харад, тахфиф – 45%, (855 сомонӣ), 30-21 рӯз – 40% (765 сомонӣ) ва 20–4 рӯз – 35% аз арзиши билет (680 сомонӣ) шуда метавонад. Алҳол хатсайри бозгашт аз Маскав серталаб нест. Муҳоҷирон бо қатораи Маскав – Душанбе ба ватан бармегарданд. Лекин оянда умедворем, ки қатораи хатсайри мо низ сермусофир хоҳад шуд, – зикр кард номбурда.
Қобили зикр аст, ки имрӯз тариқи қатора аз Тоҷикистон ба Русия метавон аз шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Кӯлоб ба сафар баромад.