Русия ҳавасманд аст, ки аз ҳуқуқҳои муҳоҷирони Филиппин дифоъ кунад

migrantnews.info

Русия азм дорад, ки бо Филиппин оид ба муҳоҷирони меҳнатӣ шартномаи дуҷониба имзо кунад. Ҳамин тариқ Маскав аз таъмини ҳифзи иҷтимоии коргарони филиппинӣ, ки дар Русия кор мекунанд, изҳори ҳавасмандӣ мекунад. Дар ин бора вазири корҳои хориҷии ФР Сергей Лавров аз рӯи натоиҷи гуфтушунидҳо бо вазири корҳои хориҷии Филиппин Алан Питер Кайетано изҳор дошт, омадааст дар сомонаи ВКХ Русия.

«Мо аз он ҳавасманд ҳастем, ки муҳоҷирон аз Филиппин, ки дар Русия кор мекунанд, аз ҷиҳати иҷтимоӣ бояд ҳифз гарданд», – гуфт ӯ.

Лавров шарҳ дод, ки аксари онҳо аз ҷониби ширкатҳои хусусӣ бо кор таъмин гардида, одатан иҷозатномаҳои зарурӣ надоранд.

«Ин шаҳрвандони Филиппинро, ки дар Федератсияи Русия кор мекунанд, аз ҷиҳати иҷтимоӣ таъмин намекунад. Баробари бастани шартнома, ки оид ба оғози таҳияи он имрӯз ба мувофиқа расидем, мо ин масъалаҳоро ҳаллу фасл хоҳем кард. Чунин созишномаҳоро мо  бо як қатор кишварҳои дигар, шомили давлатҳои аъзои АСЕАН дорем», – изҳор дошт вазири корҳои хориҷии Русия.

Қобили қайд аст, ки аз кишварҳои Осиёи Марказӣ чунин созишномаро Русия танҳо бо Ӯзбекистон ба имзо расондааст, ки он ба шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки дар ФР кор мекунанд, таъмини иҷтимоӣ ва ҷойи кори муайянро кафолат медиҳад. Ҳамчунин барои шаҳрвандони Қазоқистон ва Қирғизистон кор дар Русия осонтар аст, зеро ин давлатҳо ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё шомиланд.

 

мубодила кардан:

ШАРҲ ГУЗОРЕД

Your email address will not be published.

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Самое читаемое за неделю