Донишкадаи давлатии забони русии ба номи Пушкини Русия ният дорад, ки барои хориҷиёни бо мақсади пулкоркунӣ ба Русия меомада низоми нави супурдани имтиҳони фосилавии забони русиро ҷорӣ созад. Айни замон низом мавриди озмоиш қарор дошта, нахустин тестҳои расмиро муҳоҷирон тирамоҳ дар ватанашон супурда метавонанд, хабар додааст ба ТАСС дар ҳошияи форуми байнулмилалии ҳуқуқшиносии Петербург муовини ректори донишкада оид ба илм Михаил Осадчий.
«Мо бори нахуст дар Русия чунин низоми қабули имтиҳони ҳатмӣ аз шаҳрвандони хориҷиро таъсис додем. Айни замон ин низом мавриди роҳандозӣ қарор дошта, фаъолона ҷорӣ хоҳад шуд. Аз нигоҳи мундариҷа имтиҳон чун пешина боқӣ монда, танҳо шакли қабул иваз мешавад. Мо ба шарикони хориҷиамон тарзи ташкили кабинету чӣ гуна таҷҳизотҳо насб карданро меомӯзем, чун дар Имтиҳои ягонаи давлатӣ натиҷаҳоро мошин месанҷад, ки ин низом хеле шаффоф аст. Ба назари ман, аз тирамоҳ ин низомро фаъолона истифода мекунем», – гуфтааст Осадчий ба ТАСС.
Ба гуфтаи муовини ректор, афзалияти асосии ин низом дар он ифода меёбад, ки шахс имтиҳони ҳатмии донистани забон барои муҳоҷирони кориро ҳанӯз то омадан ба кишвар месупорад.
«Имрӯзҳо одамон ба ин ҷо омада, имтиҳонро супорида наметавонанд ва бисёр вақт ҳузурашон ғайриқонунӣ мешавад. Ин ҷо бошад, онҳо дар ватани худашон қарор дошта, то супурдани имтиҳон ба сафар намебароянд», – иброз доштааст Осадчий.
Минтақаи фарогири имтиҳон
Қайд мешавад, ки алҳол низомии имтиҳони фосилавӣ дар кишварҳои хориҷи наздик ҷорӣ шуда, лекин донишгоҳ ният дорад, ки минтақаи фарогири онро тавсеъа бахшад.
«Барои он аз кишварҳои ИДМ оғоз мекунем, ки асосан онҳо раванди муҳоҷиратро таъмин мекунанд, ғайр аз ин онҳо шарикони мо буда, робитаҳои зич дорем. Лекин дар кишварҳои хориҷи дур низ талабот ҳаст, масалан донишкадаи мо бори нахуст давраи қабули фосилавии тест барои гирифтани шаҳрвандии Русияро дар Вашингтон дар қаламрави Маркази илму фарҳанги Русия баргузор намуд», – гуфт Осадчий.
Мушкили сабти дурусти ному насаб
Дар робита ба масъалаи сабти дурусти ному насаб бо алифбои дигар (транслитератсия) Осадчий изҳор намуд, ки вақте кишварҳои ИДМ, ки маъмулан аз тарзи навишти кириллитса истифода мекарданд, ба алифбои лотинӣ мегузаранду боз дар баъзе кишварҳои истифодабарадаи кириллитса чанде аз ҳарфҳо дар алифбои русӣ нест, ин масъала хеле муҳим аст.
«Агар ногаҳон як ҳарфи ному насаб нодуруст тарҷума ё ба дигар алифбо гузарад, мушкилот рӯйи кор меояд. Имрӯз чунин низомҳои баргардон ба алифбои дигар зиёд буда, вазифаи аввал он аст, ки аз кадом низом истифода бурдан мувофиқа шавад. Аз эҳтимол дур намедонем, ки ояндаи наздик бо пешниҳоди ба тартиб овардани ин низом, масалан интихоби асоси ягонаи илмии баргардон, бахусус аз алифбоҳо ба кириллитса, вале фарқкунанда аз русӣ, ба мисли қирғизӣ гуфтугӯ кунем», – изҳор доштааст Осадчий.
Имрӯз муҳоҷири меҳнатӣ уҳдадор аст, ки барои гирифтани патент аз забони русӣ, таърихи Русия ва асосҳои қонунгузории ин кишвар имтиҳон супорад. Довталабони Иҷозати зисти муваққатӣ (РВП) ва Ҳуҷҷати иҷозати зист (ВНЖ) низ бояд имтиҳон супурда, сертификати донистани забони русиро гиранд. Хориҷиён ба Русия омада, имтиҳон месупоранд.