Се моҳ муҳлат ба муҳоҷирон барои ивази шаҳодатномаи ронандагӣ

migrantnews.info
Аз 1 июли соли 2017 тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи бехатарии ҳаракат дар роҳ» дар Русия мавриди амал қарор мегиранд, ки мутобиқи он, ба муҳоҷирон бо шаҳодатномаи ронандагии миллӣ ҳамлу нақли пулакии мусофирон ё бор манъ мешавад.

Хабаргузории Sputnik менависад, муҳоҷирон то 1 июл бояд дар БДА Русия шаҳодатномаҳои ронандагии кишвари худашонро иваз ва дубора дар Русия ба расмият дароранд, ки ҳам барои муҳоҷирони кории Осиёи Марказии машғули кори ронандагӣ ва ҳам ширкатҳои кирокардаи онҳо мушкилоти зиёде ба бор оварда метавонад.

Гуфта мешавад, муҳоҷирони ронандаи машғул ба мусофиркашонӣ ё боркашонии пулакӣ бояд як бори дигар аз донистани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ имтиҳон супорида, сипас шаҳодатномаҳояшонро иваз кунанд. Ба шаҳрвандони хориҷие, ки бо мақсадҳои шахсӣ аз автомашинаҳояшон истифода мекунанд, ин тағйироту иловаҳо дахл надоранд.

Барои ин 1,5-2 моҳ муҳлат зарур буда, ин ҳам дар ҳолест, ки агар муҳоҷир мустақилона шаҳодатномаашро  тариқи давлати худ ба расмият дароварданӣ бошад, бамаротиб фурсати хеле зиёдтар талаб мешавад.

Корхонаҳое, ки муҳоҷиронро бо шаҳодатномаи ронандагии хориҷӣ киро кардаанду дар муҳлати муқарраршуда талаботи ин қонунро риоя намекунанд, 50 ҳазор рубл ҷарима мешаванд.

Қобили зикр аст, ки барои гирфтани шаҳодатномаи ронандагии Русия шаҳрванди хориҷӣ бояд бо ариза ба сохтори имтиҳонсупории Сарнозироти БДА муроҷиат намояд. Дар ҳамин ҳол, ивази шаҳодатномаи ронадагии хориҷӣ ба русиягӣ танҳо баъди муваффақона супурдани имтиҳоноти тахассусӣ сурат мегирад.

Ҳамчунин шаҳодатномаҳои ронандагии хориҷие, ки ба талаботи шартномаҳои байнулмилалии Русия ҷавобгӯ нестанд, ба таври автоматӣ ба ҳуҷҷатҳои Русия иваз карда намешаванд.

мубодила кардан:

Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on pinterest
Share on telegram
Share on vk
Share on odnoklassniki

ШАРҲ ГУЗОРЕД

Your email address will not be published.

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Самое читаемое за неделю

Ахбори Азия-Плюс