Ҳунарнамоии тоҷикон дар толори сирки Чин

migrantnews.info

Дар Чин гурӯҳи интернатсионалии сирк бо номи Asia Europe Culture фаъолият дорад, ки дар он намояндагони 15 кишвари дунё ҳунарнамоӣ мекунанд. Ин гурӯҳ сирки маъруф эътироф шуда, муддати 365 рӯз дар як сол дар тамоми шаҳру навоҳии ин кишвар ҳунарнамоӣ мекунад. Тааҷҷуби мо дар он ифода меёбад, ки дар ҳайати ин гурӯҳ намояндагони Тоҷикистон низ фаъолият доранд.

Гузориши навбатии «Салом соседи!» (Салом ҳамсояҳо) дар бораи Фирӯз Убайдови 26-сола маълумот медиҳад, ки бо ҳунарнамоии худ натанҳо қалби сокинони Чинро тасхир кардааст, балки ба таъсиси як гурӯҳи эҷодӣ дар ин кишвар бо номи тоҷикии «Сомон» низ фурсат ёфтааст.

Аз 13-солагӣ дар толори сирк ҳунарнамоӣ мекунад ва муддати 2 соли охир дар Чин аст. Табиист, ки фаъолиятро дар Тоҷикистон, дар ягона дар кишвари мо толори сирки Душанбе оғоз намудааст. Қалб фатҳи қуллаҳои баландтарро талаб мекард ва тақдир ба гуфтаи ӯ, барояш имкони нодиреро ҳадя намуд – бо тамошои ҳунарнамоии ӯ дар интернет, раҳбарияти сирки Asia Europe Culture ба ӯ ҳамкорӣ пешниҳод кард.

«Чаро не, фикр кардам ман. Бигзор парчами Тоҷикистон дар толори сирки байнулмилалӣ ҳам парафшон гардад», – мегӯяд Фирӯз Убайдов.

 

 

мубодила кардан:

ШАРҲ ГУЗОРЕД

Your email address will not be published.

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Самое читаемое за неделю