Зиндагии баъди депорт. Мутобиқшавии муҳоҷирон ба зиндагӣ дар ватан (ВИДЕО)

migrantnews.info

Ҳамасола ҳазорон муҳоҷирони тоҷик аз Русия ихроҷ (депорт) мешаванд. Аз рӯи натиҷаҳои соли 2017 шумори тоҷикистоиёни вурудашон манъ ба Русия қариб ба 200 ҳазор нафар расид, яъне наздики 200 ҳазор оилаи тоҷикистониён ба мушкилӣ дучор шуданд. Мо тасмим гирифтем, ки дар бораи чӣ гуна ба зиндагӣ дар ватан одат кардани муҳоҷирон баъди ихроҷ аз Русия аз наздик ошно гардем – навори видео дар ин хусус аст.

Бозори марказии шаҳри Бохтар. Ин ҷо модари танҳо Саида Сафарова фурӯшгоҳ дорад. Ӯ самбӯсаву пирожки ва нӯшокиҳои ташнашикан фурӯхта, ба ин васила рӯзгори худро пеш мебарад. Ҳанӯз ним сол пеш Саида намедонист, ки чӣ кор кунад. Коре набуд, то ки се фарзандашрро бо хӯрок таъмин кунад. Он рӯзҳоро ӯ ба хотир оварданӣ нест.

«Маро соли 2015 барои риоя накардани қонуни Русия хориҷ карданд, – мегӯяд ӯ. – Ин ҷо дар ватан душвор буд, кор нест, лекин ман се фарзанд дорам. Огаҳӣ пайдо кардам, ки ташкилоти «Ахтари бахт» амал мекунад, ки барои ман баринҳо кумак мекунад. Ман ба онҳо бо дархости кумак муроҷиат кардам. Онҳо ба ман барои кушодани фурӯшгоҳ кумак карданд ва ман хеле аз онҳо миннатдорам».

Саида моҳи декабри соли 2017 ба дафтари кории «Ахтари умед» муроҷиат намуда, пас аз гузашти ду моҳ грант гирифт, ки аз таҷҳизоти тайёркунии хӯрок дар ошхона иборат буд.

Моҳинисо Шоҳназарова, роҳбари ТҶ «Ахтари умед», ки дар ҷануби Тоҷикистон лоиҳаи «Арзишҳо ва ҳуқуқи инсон»-ро амалӣ мекунад, изҳор дошт, ки Саида шавҳар надорад ва дар Русия дар коргоҳи қаннодӣ кор карда, кумак хост ва бо арзёби сатҳи зиндагииӯ кумак расонида шуд.

Шумори собиқ муҳоҷирон, ки чун Саида барои ифтитоҳи кори худ грант гирифтанианд, ба қавли Шоҳназарова хеле зиёд аст. Масалан, соли 2017 танҳо дар ноҳияи Бохтар аз 100 нафар муроҷиаткардагон ҳамагӣ ба 12 нафар кумак расонида шуда, имсол аллакай 300 нафар муроҷиат карда, ба 36 нафар собиқ муҳоҷирон ёрӣ расонида шуд.

Шартҳои асосӣ зимни интихоб – синни аз 17 то 35-сола, дар хонаашон маъюб доранд ё аз назди бонк қарздор мебошанд. Ғайр аз ин, онҳо бояд дар кори сохтмону тиҷорат ҳунару малакаи муайян дошта бошанд.

Аз Бохтар ба ноҳияи Кӯшониён раҳсипор шудем, ки дар он ҷо боз як гирандаи грант Манзаршо Муқумов кору зиндагӣ мекунад. Ӯ аз Русия соли 2015 хориҷ шуда буд. Ӯ саробони натанҳо оилаи худаш, балки фарзандони бародараш, ки бесаробон мондаанд, модари клонсолаш ва падари маъюбаш мебошад, ки бемории қанд дошта, барои муолиҷаи ӯ пули зиёд лозим аст. Дар ноҳия Манзаршо кор пайдо карда натавонист.

«Наздики се сол бекор будам. Зиндагӣ бо душворӣ мегузашт. Баъд огоҳ шудам, ки ташкилоте ҳаст, ки кумак мекунад. Ҳуҷҷатҳоямро ҷамъ карда, барои кумак муроҷиат намудам. Онҳо ба ман се гови навбаст хариданд. Ман онҳоро нигоҳубин карда, баъд фурӯхтам ва боз харидам. Пулҳои боқимондаро барои гармхонаи парвариши лимон, муҳаррик ва пойгоҳи обкашӣ сарф кардам. Ниҳолҳои лимон парвариш мекунам. Ба сурати умум, ба деҳқонӣ машғулам», – ҳикоят мекунад ӯ.

Мнзаршо мегӯяд, аз фурӯши ниҳолҳо даромади иловагӣ ба даст оварда, ин тиҷоратро идома доданист. Талаботи зиёд ба ниҳолҳоро дида, ӯ дар бозор худро гум накард. Ин ҷо, ба гуфтаи ӯ, малакаҳое ба кор омаданд, ки дар тренингҳои махсуси Созмони байнулмилалии муҳоҷират (СБМ) омӯхта буд.

Ӯ ҳоло нақшаҳои зиёд дошта, баъзе аз онҳоро аллакай амалӣ мекунад. Ӯ якчанд ниҳоли апелсин шинонида, агар ҳамааш муваффақона анҷом ёбад, ба парвариш ва фурӯши онҳо низ машғул хоҳад шуд.

Ихроҷ ва манъи вуруд ба Русия барои бисёре аз оилаҳои Тоҷикистон хабари ногувор аст, зеро ин натанҳо ба сатҳи дамромади оилаҳо ва некӯаҳволии онҳо таъсир мерасонад, балки аз лиҳози маънавӣ ҳам ногувор аст, ки чун занҷира ҳамаи оиларо аз паси худ мекашад.

мубодила кардан:

Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on pinterest
Share on telegram
Share on vk
Share on odnoklassniki

ШАРҲ ГУЗОРЕД

Your email address will not be published.

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Самое читаемое за неделю

Ахбори Азия-Плюс