Дар шаҳри Екатеринбурги Русия як шаҳрванди Тоҷикистон, ки мавриди ихроҷ ба ватан қарор дошт, ҳалок шуд. Вазъи солимии ин мард ҳаноми мунтазири нишастан ба ҳавопаймо бад шудааст. Дар ин бора ба «URA.RU» аз фурудгоҳи Колтсово хабар додаанд.
Ҳодиса шаби 3 ба 4 апрел рух додааст. “Имшаб вазъи мусофире, ки хатсайри худро интизорӣ дошт, бад шуд. Табибони фурудгоҳ ба ӯ кумаки аввалияи тиббӣ расонида, “ёрии таъҷилӣ”-ро даъват карданд. Мусофирро ба яке аз беморхонаҳои шаҳр бурданд”, – гуфтааст директор оид ба коммуникатсияҳои фурудгоҳи Колтсово Андрей Клименских.
Гуфта мешавад, мард дар автомашинаи ёрии таъҷилии тиббӣ даргузаштаааст. Ташхиси пешакӣ сактаи дил (инфаркт) унвон мешавад. Марди фавтида зодаи 47-солаи Тоҷикистон будааст, ки мавриди ихроҷ қарор доштааст.
“Ин шаҳрванд ба риоя накардани қонунгузорӣ дар бахши муҳоҷират роҳ додааст. Ба санаи чоруми апрел ихроҷи амалии ӯ таъин шуда буд. То ин дам мард дар муассисаи махсус барои нигаҳдории шаҳрвандони хориҷӣ қарор дошт”, – изҳор намудааст котиби матбуотии Раёсати Хадамоти федералии судиҷрочиёни вилояти Свердловск Юлия Панкова.