Роҳандозӣ ва рушди тиҷорат дар марз бо Афғонистон, интиқоли мол ба он ҷо кори осоне нест. Ва агар ин корро зан анҷом диҳад, онро метавон комёбии дучанд назаррас номид.
Шаҳлохон Бурҳонова аз Шаҳритӯс чандин сол дар муҳоҷирати корӣ дар Россия қарор дошт. Он ҷо барои роҳандозии тиҷорати худ каме маблағ кор карда, тасмим гирифт, ки дар зодгоҳаш кошонаи ҳусн боз мекунад. Дар муддати кӯтоҳе Шаҳлохон беш аз 80 нафар занони ҳамдеҳаашро омӯзонида ба кор ҷалб ва ҳамчунин онҳоро бо маоши доимӣ таъмин кард. Худаш бошад, ҳамзамон ба малакаҳои кории худ сайқал бахшида, дар тренингу семинарҳо иштирок мекард ва аз ҳамтоёнаш аз Украина ва Афғонистон таҷрибаи корӣ меандӯхт.
Соли 2015 Шаҳлохон Бурҳонова барои тавсеъаи фаъолият аз ташкилоти қарзии хурди “ИМОН Интернешнл” дар ҳаҷми 19 ҳазор доллар қарзи дарозмуҳлат гирифта, онро барои таъсиси корхонаи дӯзандагии “Зебо-75” маблағгузорӣ кард. Дар маросими ифтитоҳи корхона президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок карда, шахсан ба Шаҳлохон барои ин кори наҷибаш миннатдорӣ изҳор намуд.

Корхонаи мазкур бо техникаи муосир муҷаҳҳаз буда, дар он барои хонандагони ҳамаи 54 мактабҳои ноҳия сарулибоси мактабӣ медӯзанд. 20 коргарзанон ҳар моҳ аз 800 то 1200 сомонӣ музди меҳнат мегиранд. Ғайр аз ин, коргарзанон тасмим гирифтанд, ки ҳамроҳ ба оилаҳои камбизоат кумак мекунанд. Барои фарзандони онҳо сарулибоси мактабӣ бепул дӯхта шуда, ба арзиши он танҳо нархи матоъ ба ҳисоб гирифта мешавад.
Дар нақшаҳои корхонаи “Зебо-75” таъмини хонандагони мактабҳои ноҳияҳои Қубодиён ва Носири Хусрав низ бо сарулибоси ягонаи мактабӣ дар назар дошта шудааст. Тавре худи истеҳсолкунандагон қайд мекунанд, нархи сарулибоси дӯхтаи онҳо дар муқоиса бо нархи маҳсулоти воридотӣ аз хориҷи кишвар нисбатан арзонтар буда, ба имконоти харидории оилаҳои серфарзанд мутобиқ мебошад.
Ҳамчунин соли охир дар беморхона, ташкилотҳои сохтмон, бозору ошхонаҳо, муассисаҳои давлатӣ ва байни аҳолии маҳаллӣ талабот ба маҳсулоти корхона афзуд. Айни замон ҳаҷми маблағи дар гардиш қарордоштаи корхона 700 ҳазор сомониро дар як сол ташкил медиҳад.

Дурнамои фаъолияти корхона мусбат арзёбӣ мешаванд. Роҳбарияти фабрикаи “Зебо-75” ба ҷалби сармогузории хориҷӣ, ифтитоҳи нуқтаҳои нави фурӯш дар ноҳияҳои ҳамсоя, ташкили давраҳои омӯзишӣ барои занони деҳот ва таъмини 190 нафари онҳо бо ҷойи корӣ уҳдадор шудааст.
Корхонаи дӯзандагӣ ҳамчунин муваффақона бозори кишвари ҳамсояи Афғонистонро азхуд мекунад. Пас аз якчанд вохӯриҳои пурсамар бо соҳибкорони афғон, ки бо дастгирии Барномаи рушди СММ дар доираи лоиҳаи “Беҳбуди некӯаҳволии аҳолӣ дар қаламравҳои Тоҷикистону Афғонистон” ташкил карда шуданд, корхонаи “Зебо-75” бо чанде аз ширкатҳои Афғонистон як қатор шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида, муваффақона ба фурӯши маҳсулоти худ дар бозорҳои ноҳияҳои Афғонистон, ки бо Тоҷикистон ҳамсарҳаданд, оғоз бахшид. Шурӯъ аз соли 2015 танҳо аз фурӯши маҳсулот ба истеъмолгарони афғон корхонаи Тоҷикистон беш аз 100 ҳазор сомонӣ даромад ба даст овард.
Дар вохӯрии охири соҳибкорони Тоҷикистону Афғонистон моҳи октябри соли гузашта Шаҳлохон Бурҳонова бо се ширкати Афғонистон ба маблағи умумии 30 ҳазор доллар шартномаҳо ба имзо расонид. Соҳибкоргни афғон ба корхонаи “Зебо-75” дӯхтани сарулибосҳо барои хонандагони мактабҳо ва кормандони тиббиро фармоиш дода, ҳамчунин ба масъалаи имконоти сармоягузорӣ баҳри рушди бештари ин корхона таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Раҳбарияти корхона дар ҳамдастӣ бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои таъмини беш аз 100 нафар занони деҳот бо кор ният дорад, ки дар ҷамоатҳо коргоҳҳои дӯзандагӣ боз намояд. Кушодани давраҳои омӯзиши дӯзандагӣ, сартарошхонаҳо ва коргоҳҳои дӯхтани сарулибоси миллии тӯёна дар ҳар як ҷамоати ноҳияи Шаҳритӯс ба нақша гирифта шудааст.
Лоиҳаи “Беҳбуди некӯаҳволии аҳолӣ дар қаламравҳои Тоҷикистону Афғонистон”, марҳилаи II (LITACA II) дар чаҳорчӯби Барномаи Рушди Хонаводаҳои БРСММ амалӣ мешавад. Лоиҳаи LITACA II ташаббуси сесола (2017-2020) буда, тариқи Агентии Япония оид ба Ҳамкории Байнулмилалӣ (JICA) аз ҷониби ҳукумати Япония маблағгузорӣ мешавад. Лоиҳа аз тарафи БРСММ дар Тоҷикистон ва БРСММ дар Афғонистон бо шарикии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, Вазорати барқарорсозии бахши кишоварзӣ ва рушди Афғонистон, ҳамчунин дигар сохторҳои ҳукуматӣ ва ҷамъиятӣ дар маҳалҳо амалӣ мешавад.