Коркобӣ ба Қазоқистон: расмиёти патент барои муҳоҷирон осонтар шуд

migrantnews.info

Дар шаҳрҳои бузурги Қазоқистон марказҳои хизматгузорӣ ба аҳолӣ барои муҳоҷирон боз мекунанд. Акнун муҳоҷиронро дигар лозим намеояд, ки барои гирифтани маълумотнома ба мақомотҳои гуногун муроҷиат кунанд. Минбаъд онҳо ҳамаи ҳуҷҷатҳоро дар як ҷой ва зуд ба расмият дароварда метавонанд. Муфассалтар дар маводи шабакаи телевизионии “МИР 24”.

Акрамҷон Ҷомиев дар як иншооти сохтмони шаҳри Нур-Султон кор мекунад. Чанд сол пеш барои таъмини рӯзгори оилааш ба пойтахти Қазоқистон ба кор омадааст. Зану ду фарзандаш дар Ӯзбекистон зиндагӣ мекунанд. Мисли дигар муҳоҷирон Акрамҷон ҳар се моҳ патент барои корро ба расмият медарорад.

«Ҳуҷҷатҳоро ҳамеша саривақт дуруст мекунем, то ки ба мушкилиҳо дучор нашавем. Ва ҳамчунин барои бехатарии худамон. Агар санҷиш шавад, ҳарос надорем, ҳуҷҷатҳоро нишон дода, тинҷу оромона зиндагӣ ва кор карда истодаем», — мегӯяд муҳоҷири меҳнатӣ.

Қаблан барои ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо чанд рӯз вақт мерафт. Лозим меомад, ки ба мақомоти андоз, дармонгоҳ ва идораи суғурта муроҷиат намоӣ. Лекин соли гузашта ба коғазбозӣ хотима бахшида шуд – дар пойтахт маркази ягонаи хизматрасонӣ боз шуд. Маълумотнома (справка) ва полисҳоро муҳоҷирон дар муддати ҳамагӣ як соат дастрас карда метавонанд.

«Соли гузашта дар маркази хизматрасониҳо барои муҳоҷирон беш аз 80 ҳазор патентҳои кор дода шуд. Аксарияти муҳоҷирон зодагони минтақаи Осиёи Марказӣ – аз Ӯзбекистону Тоҷикистон ва ҳамчунин Озарбойҷон низ ҳастанд. Онҳо шаҳрвандони хориҷие мебошанд, ки ба ин ҷо ба сифати коргарони мавсимӣ меоянд», — қайд кард сардори Раёсати хадамоти муҳоҷират Арман Баймухамет.

Соли гузашта шумори умумии муҳоҷирони корӣ дар ҷумҳурӣ қариб 600 ҳазор нафарро ташкил дод. Лекин на ҳама бар асоси қонунӣ ба ин ҷо меоянд. Анҷоми ин кор мушкил нест. Бо баъзе ҳамсоякишварҳо Қазоқистон реҷаи бераводид дорад. Ҳамасола пулиси муҳоҷират якчанд ҳазор хориҷиёнро боздошт мекунад. Дастаи махсуси мубориза бо муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба кори онҳо машғул мешавад.

— Шумо аз кадом кишвар омадед?

— Аз Тоҷикистон.

Ин мардонро дар майдони сохтмон боздошта, онҳо иҷозатномаи фаъолияти корӣ надоранд.

«Аз Тоҷикистон омадам, он ҷо муҳосиб шуда кор мекардам, лекин корам хуб набуд. Ин ҷо кор мекунам», — ҳикоят кард боздоштшуда Санҷар Мирзоев.

Хориҷиёне, ки муқаррароти қонунгузории муҳоҷиратро риоя намекунанд, маротибаи аввал то 166 доллар ҷаримабандӣ шуда, дар сурати боздошти такрорӣ, аз қаламрави кишвар хориҷ  ва вурудашон ба Қазоқистон ба муддати панҷ сол манъ карда мешавад.

мубодила кардан:

ШАРҲ ГУЗОРЕД

Your email address will not be published.

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Самое читаемое за неделю