Тоҷикистонӣ танки чӯбӣ сохта, онро ба Путин туҳфа карданист

migrantnews.info

Зодаи Тоҷикистони муқими шаҳри Тулаи Россия Муҳаммадшариф Ҷалилов бо дастони худ танки чӯбии андозаи муқаррариро сохта, орзу дорад, ки онро дар кӯчаҳои Тула ронда, сипас ба президенти Россия Владимир Путин туҳфа кунад.

Муҳаммадшариф аллакай муддати 7 сол аст, ки дар Тула кору зиндагӣ мекунад. Хонаводаи Ҷалиловҳо дар Тоҷикистон нас ба насл дуредгарони варзидаву маъруфанд, хабар медиҳад «Тульские новости».

Барои сохтани танки андозаи муқаррарии Т-34 ӯ се соли вақту заҳмат ва барои харидории масолеҳи сохтмон ним миллион рубли худро сарф кардааст. Гуфтааст, ки аз як ширеш (клей) қариб як тонна харидааст. Дар сохтани занҷираву чархаҳо заҳмати зиёд кашидааст.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи усто, вақти кор ӯ аз ҳеҷ нақшаву тарҳ истифода набурда, танҳо боре ба гулгашти Могилевскии Тула барои чен кардани чархаҳои танк рафтааст.

Танк ҳаракат карда метавонад, лекин на бо чархаҳои чӯбӣ, балки бо чархаҳои ҳақиқӣ, ки дар зери танк гузошта шудааст. Барои ба ҳаракат овардани танк лозим омадааст, ки амакаш (тағояш)-ро аз вилояти Ленинград назди худ даъвт намояд, зеро дар ин кор ӯ таҷрибаи зиёд доштааст.

Айни замон танки чӯбӣ пурра сохта шуда, баъзе корҳои майда-чуйдааш боқӣ мондаасту халос. Муҳаммадшариф орзу дорад, ки таҳти танинандозии сурудҳои ҳарбӣ онро дар кӯчаҳои шаҳри Тула ронад.

“Барои ин ташкили ҳаракати бехатари танк зарур буда, усто аз дастгоҳи мақомоти ҳокимияти шаҳри Тула ва Бозрасии давлатии автомобилӣ кумак дархост намудааст”, – менависад нашрия.

Ҳамчунин устоҳо ният доштаанд, ки ҳамчун рамзи дӯстии Россия ва Тоҷикистон ин танки чӯбии Т-34-ро ба Владимир Путин туҳфа намоянд.

мубодила кардан:

ШАРҲ ГУЗОРЕД

Your email address will not be published.

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Самое читаемое за неделю

Ахбори Азия-Плюс