Чӣ гуна тоҷик дар Амрико 200 ҳазор доллар кор карда метавонад?

migrantnews.info

Маҳмудҷон Зайниддинови 29-сола соли 2010 бо оилааш ба Амрико кӯчид. Муддати якчанд сол ӯ ба нозукиҳои сармоягузорӣ ба амволи ғайриманқул дар кишвари дигар сарфаҳм рафта ва дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс” дар бораи чиро барои худ муфид донистани сармоягузорони хусусӣ барои маблағгузории пурсамар ва чӣ гуна ба даст овардани даромад аз амволи ғайриманқул дар ИМА изҳори назар кард.

“Тоҷикӣ” кор кардан дар Амрико имкон надорад

Вақте Маҳмудҷон 20-сола буд, ҳамроҳи волидон ва бародараш тибқи раводид (виза)-и ЕВ-5, ки дар он ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ба кишвар бо мақсади таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои сокинони маҳаллӣ пешбинӣ мешавад, ба ИМА кӯчиданд.

Оилаи Зайниддиновҳо дар марказҳои савдои Филаделфия, штати Пенсилвания се мағоза кушоданд, ки дар ҳар кадоме аз онҳо се нафар амрикоиҳо кор мекарданд.

Ин ба ҳамдиёрони мо имкон дод, ки грин-корт гирифта, мақоми сокинони доимии кишварро ба даст оранд.

— Ба корҳои маъмурии мағозаҳо ман машғул будам, ҳарчанд ба кор дар ин соҳа ва он ҳам дар кишвари бегона ҳеҷ таҷрибае надоштам, вале дӯстонам, ки онҳо ҳам дар Амрико фурӯшгоҳҳо доштанд, кумак карданд. Онҳо ба ман дар бораи тарзи кори савдо дар ИМА, аз ҷумла диққати зиёд надодан якбора ба се мағоза ва ҷиддӣ машғул шудан ба яктои он, муоширати бевосита бо мизоҷон, мустақилона фурӯхтани маҳсулот маслиҳатҳо доданд

Мебояд гуфт, ки Маҳмудҷон аввал хост, ки бо тарзи худ, яъне бо тоҷикӣ кор кунад. Ӯ ба таври фосилавӣ ба идораи мағозаҳо машғул шуда, дар ҳар яки онҳо баробар вақт мегузаронд.

Хеле зуд фаҳмид, ки бо ин кор осонакак пулҳояшро аз даст дода истодааст.

— Барои аз як нуқта ба нуқтаи дигар рафтан вақти зиёд сарф мешуд ва ман ба ҷараёни кор пурра сарфаҳм рафта наметавонистам. Лекин вақте ба як нуқта таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ҳама вақтро дар он ҷо мегузаронидам, кор хуб шуда, мизоҷон ва пулҳо баргаштан гирифтанд.

Дигар маслиҳати муҳими дӯстон ба номгӯи маҳсулоти мағоза дахл дошт: як маҳсулотро дар Амрико беш аз якуним-ду моҳ фурӯхтан имкон надорад.

Амрико кишварест, ки дар он ҳар кадоме метавонад ҳамеша чизи дилхоҳашро харад, ҳатто чизи гарон. Мутаносибан вақте давраи беҳтарини писандидагии ин чиз гузашт, мизоҷонро боз бо чизи дигари нав ба ҳайрат овардан лозим аст. Дар Тоҷикистон дигар аст: чизи наве пайдо мешавад, онро аввал қишри дорову сарватманд ва сипас қишри миёна ва ғайра мехаранд. Аз ин рӯ, дар Ватани мо як чизро метавон муддати зиёд – як сол ва ҳатто бештар аз он фурӯхт.

Хонаҳои кӯҳна – чизе, ки метавон аз он пули хуб кор кард

Соли 2014 Маҳмудҷон хонаи аввали дуошёнаи худро харид, ки майдони умумии дар маҷмӯъ 60 метри мураббаъро ташкил медод. Он замон дар оилаи Зайниддиновҳо тифли навзод ба дунё омада, пас аз таъмири хона ӯ ҳамсар ва оилаашро ба бӯрёкӯбон даъват кард.

Хона ба пайвандонаш писанд омада, лекин волидон барои оилаи ҷавон онро хеле хурд донистанд ва қарор шуд, ки ин хонаро фурӯхта, манзили дигари васеътар мехаранд.

— Хонаро ба $78 ҳазор харида, бо таъмираш $145 ҳазор доллар афтод. Дар муддати як моҳ ман онро ба 200 ҳазор доллар фурӯхтам. Аз ин пул 2% – андоз барои хариду фурӯш ва ҳудуди 5% – барои хизматрасонии риэлтор (миёнарав) пардохтам. Бо вуҷуди ин, ин муомилот муваффақ сурат гирифта, фаҳмидам, ки дар ин самт метавон пули хуб кор кард.

Сармоягузор ба бозори амволи ғайриманқули ИМА таваҷҷуҳ зоҳир намуд ва маълум шуд, ки дар сомонаҳои махсус оид ба фурӯши амволи ғайриманқул бо зикри таърихи хариду фурӯши хона, харидори пешин онро ду маротиба қиматтар аз нархи гирифтааш мефурӯшад.

— Аз риэлторҳо машварат гирифта, бо сокинони маҳаллӣ дар ин хусус суҳбатҳо доштам. Маълум шуд, ки фарқ асосан аз ҳисоби андоз аз амвол ба вуҷуд меояд. Ба ҳисоби миёна аз 3 то 5% аз арзиши умумии хона. Ин фоиз дар штатҳои гуногун, ҳамчунин вобаста бо макони ҷойгиршавии он, дар марказ ё берун аз шаҳр фарқ карда метавонад.

Чун Филаделфия аввалин пойтахти ИМА аст, хонаҳо ин ҷо хеле кӯҳнаву аксарашон беш аз 100 сол пеш сохта шудаанд ва бисёре аз сокинони маҳаллӣ манзилро суғурта намекунанд. Дар сурати рух додани сӯхтор ё дигар фалокат дар хона, ки барқарор карданаш пули зиёди нақдро тақозо мекунад (ба ҳисоби миёна наздики $100 ҳазор), аҳолии маҳаллӣ онро бо нархи хеле паст мефурӯшанд. Ҳамватани мо тасмим гирифт, ки ана ҳамин гуна хонаҳоро мехарад.

— Чӣ қадр маблағи таъмир зиёд шавад, нархи амволи ғайриманқул низ боло меравад. Амрикоиҳо ба аз таъмири куллӣ баровардани хона майли зиёд надоранд, чунки он гарон афтида, вақти зиёд – ҳадди ақал 3-4 моҳро мегирад. Масолеҳи сохтмон дар ИМА арзон, вале кори бинокорон гарон аст. Аз ин рӯ, амрикоиҳо ё хонаи тайёр ё каме ба таъмир ниёздоштаро мегиранд. Онҳо ба сифат аҳамият дода, барои ин омодаанд, ки пул пардохт намоянд.

Ин кор на он қадр осон аст. Хонаи арзону бетаъмир ё осебдидаро харида, лозим меояд, ки расмиёти зиёди маъмуриро анҷом дод. Ба гуфтаи Маҳмудҷон, пеш аз таъмиру навсозии хона дар бораи корҳои сохтмон аз ҳукумати маҳаллӣ – мунитсипалитет иҷозатнома гирифтан зарур аст.

Барои гирифтани он, кормандони ҳукумат хоанро аз лиҳози бехатарӣ аз назар гузаронида, рӯйхати корҳоеро медиҳанд, ки онро ту бояд аввал иҷро намоӣ. Вақте ин шартҳоро иҷро мекунӣ, барои корҳои сохтмону навсозӣ иҷозатнома медиҳанд. Лекин вақте хонаро дар Филаделфия қариб аз сифр таъмиру навозӣ мекунӣ, ба муддати даҳ сол аз пардохти андоз аз амвол озод мешавӣ, ки ба арзиши хона ҳангоми фурӯш таъсири назаррас мерасонад.

Кам пешниҳод кун – бештар мегирӣ

Зайниддинов тарзи хоси фурӯши хонаҳоро дорад. Бо гузоштани амволи ғайриманқул ба фурӯш дар сомона, ӯ нархашро аз нархи арзёбикардаи ҳукумати маҳаллӣ пасттар мемонад.

Бо дидани ин фарқият харидорон дарҳол фаъол мешаванд, чунки ҳеҷ касе намехоҳад, ки пешниҳоди фоидаоварро аз даст диҳад.

Ҳамин тариқ, аллакай рӯзи дигар Маҳмудҷон то ҳафт нафар харидор пайдо мекунад. Вақте талабот ҳаст, пешниҳод ҳам ба вуҷуд меояд. Харидорон байни худ музоядаи мустақим (онлайн) гузаронида, табиист, ки нарх боло меравад.

— Ба фикрам, ин аз қиматкунӣ ва моҳҳо интизорӣ доштани харидор беҳтар аст. Аксари бачаҳо ҳамин хел пули калонро интизор мешаванд. Ман ҳамаи корҳоямро зуд анҷом медиҳам. Дар ин кор албатта, риэлторҳо нақши бузург доранд. Аз таҷрибаи худ мегӯям, ки на бо якто, балки бо якчанд риэлтор ҳамкорӣ кардан лозим аст. Ҳама дар ноҳияҳои худашон хубанд. Ин дарвоқеъ ҳам хеле муҳим мебошад.

Айни замон сармоягузори тоҷик ба амволи ғайриманқул кӯшиш дорад, ки бо як буҷет дар як сол ду лоиҳаро амалӣ созад. Ба ҳар як лоиҳа ба ҳисоби миёна ним сол вақт сарф мешавад. Гирифтани иҷозатнома – як моҳ, таъмир – се моҳ, хариду фурӯш – боз як моҳи дигар.

— Агар ҳатто рӯзи дигар харидор ёбӣ ҳам, ҷараёни барасмиятдарории хариду фурӯш ҳадди ақал як моҳ идома меёбад, чунки амрикоиҳо бештар хонаҳоро тариқи қарз мехаранд. Ман танҳо як бор бо пули нақд хона фурӯхтаам. Медонам, ки чанде аз тоҷирон дар як сол се муомилот анҷом медиҳанд, лекин ман ҳоло барои ба ин нишондиҳанда расидан кӯшиш дорам.

Ба гуфтаи Зайниддинов, сармоягузори навкор дар Амрико зимни тарзи дурусти кор дар як сол ба ҳисоби миёна 200-300 ҳазор доллар пул кор карда метавонад.

Хизматрасонии иловагӣ даромадро дучанд зиёд мекунад

Лоиҳаи охире, ки ҳозир Маҳмудҷон рӯйи он кор мекунад, хонаи чорошёна мебошад, ки дар он 7 ҳуҷра шабонарӯзӣ ба иҷора дода шуда, муҳимаш он аст, ки барои дафтари корӣ дар он кабинет бо ҳамаи шароити мусоид мавҷуд аст.

— Дар ИМА айни замон хизматгузории иҷораи манзил барои як шабонарӯз тариқи сомонаҳо ба мисли Airbnb писандида аст. Чун Филаделфия шаҳри бузурги маъмурӣ аст, амрикоиҳои дар берун аз шаҳр ё дар дигар штат иқоматдошта ин ҷо ба кор меоянд. Инҳо асосан менеҷерҳои сатҳи болоӣ мебошанд, ки ба дафтари корӣ барои гузаронидани маҷлис, вохӯриҳои тиҷоратӣ омада, кори боқимондаро фосилавӣ анҷом медиҳанд. Барои ин онҳо аз меҳмонхона ҳуҷра мегиранд ё дар қаҳвахона-шопҳои имрӯз писандида ба монанди Starbucks кор мекунанд. Лекин дар ду ҳолат ҳам шароитҳои хуб барои кори комил муҳайё намешавад. Ман таҳлил гузаронида, фаҳмидам, ки хизматрасонии иҷораи хона барои дафтари корӣ барои тоҷирон ва дигар афроди машғул ба кори муваққатӣ серталаб хоҳад шуд.

Айни замон лоиҳа дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дорад. Бо пешниҳоди хизматрасонии иловагӣ дар шакли дафтари корӣ, Маҳмудҷон ният дорад, ки нисбат ба бидуни хизматгузории иловагӣ ба иҷора додани хонаҳо, ду баробар зиёдтар пул кор кунад.

мубодила кардан:

Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on pinterest
Share on telegram
Share on vk
Share on odnoklassniki

ШАРҲ ГУЗОРЕД

Your email address will not be published.

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Самое читаемое за неделю

Ахбори Азия-Плюс