Ҳуқуқшиносони Петербург дар ҳалли масъалаи чӣ гуна баргардонидани андоз аз даромади шахсони воқеӣ аз муҳоҷирони корӣ ба буҷети шаҳр изҳори назар карданд. Бо ин мақсад ба ҳар кадоме аз муҳоҷирон QR-коди шахсӣ медиҳанд. Таъминоти барномавӣ ба шахсони воридшуда ба пардохти андоз аз даромад имкон медиҳад, ҳарчанд забони русиро надонанд ҳам. Низом аллакай дар бонкҳо, марказҳои муҳоҷират, ширкатҳои суғурта ва ҳуқуқӣ ҷорӣ шудааст. Дастрасӣ ба пойгоҳҳоро пулис пайдо мекунад, менависад Piter.tv.
Рӯзи 1 октябр лоиҳа дар Ленрезерв муаррифӣ шуд. Ташаббус аз ҷониби иттиҳодияи мусоидат ба муҳоҷирати кории байнулмилалӣ таҳия гардидааст.
Ба ақидаи мансабдорон, муҳоҷирони Петербург ва вилояти Ленинград бояд патент гирифта, сипас ҳар моҳ ба буҷети шаҳр маблағи андози сабтшуда аз даромади шахсони воқеиро пардохт намоянд. Айни замон ин маблағ ба 3,8 ҳазор рубл баробар аст. Донистану хонда тавонистани муҳоҷирон ба забони русӣ шарт нест. Барои пардохт аз банкоматҳо танҳо рақами идентификатсионӣ (муайянкунанда) ва фамилияи шаҳрванд талаб мешавад.
Барои дароз кардани муҳлати патент муҳоҷир бояд ҳамаи чекҳои давоми сол ҷамъкардаашро нишон диҳад. Сипас Раёсати масоили муҳоҷират ҳақиқӣ будани онҳоро муайян мекунад.
QR-кодҳо тариқи смс-паёмак аз ҷониби шахси воридшуда дубора такроран сабт мешаванд. Пардохти андоз ҳамчунин бо нусхабардории коди шахсӣ имконпазир мебошад.