Аз 2 октябр бо фармони президенти Русия Владимир Путин гирифтани шаҳрвандии ин кишвар ба мутахассисони соҳибихтисос соддатар карда шуд.
Шумори тоҷикистониёне, ки шаҳрвандии Русиро мегиранд, сол то сол зиёд мешавад. Нимсолаи аввали соли равон шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки шаҳрвандии Русияро пазируфтаанд, 19 ҳазору 756 нафар аст. Аз рӯи натиҷаҳои соли 2018 ин нишондиҳанда – 35 ҳазору 732 нафар, соли 2017 – 29 ҳазору 39 нафарро ташкил медиҳад. Дар қабули шаҳрвандии Русия Тоҷикистон пас аз Украина ва Қазоқистон зинаи сеюмро ишғол мекунад.
Раванди камшавии аҳолии Русия кайҳост, ки идома дошта, аз соли 2018 то соли 2025 камшавии зиёди аҳолӣ пешгӯӣ мешавад. Тибқи маълумоти Идораи омори Русия, шумори аҳолии Русия боз ба миқдори 3,3 млн. нафар кам мешавад. То соли 2030 шумори шаҳрвандони коршоями Русия беш аз 10 млн. нафар коҳиш меёбад.
Аз ин рӯ, тасмим гирифта шуд, ки афзоиши шумори аҳолӣ аз ҳисоби шаҳрвандони кишварҳои дигар, ки хоҳиши ба Русия кӯчиданро доранд ва хубтар мебуд, агар онҳо мутахассисони баландихтисос бошанд, мувофиқи мақсад ва ба нафъи кор хоҳад буд.
То имзои фармон барои гиифтани шаҳрвандии Русия мутахасисони баландихтисоси хориҷӣ бояд дар қаламрави кишвар на камтар аз се сол кор карда, Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) медоштанд. Акнун ин муҳлат то як сол кам шуда, доштани ВНЖ низ зарур аст.
Барои гирифтани шаҳрвнадииРрусия бо тартиби соддашуда ҳуҷҷатҳои зерин заруранд:
— ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) бо нусхабардории ҳамаи саҳифаҳои пуршуда;
— нусхаи нотариалӣ тасдиқшудаи шиносномаи аризадиҳанда бо тарҷумаи русии он;
— дар сурати ивази ному насаб ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи он (аз ҷумла, шаҳодатномаи ақди никоҳ, бекор кардани никоҳ, муайян кардани падарӣ, ивази ном), дар сурати зарурат бо тарҷума;
— яке аз ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи доштани сарчашмаи ба даст овардани даромад барои таъмини рӯзгор;
— ҳуҷҷати тасдиқкунандаи донистани забони русӣ;
—ҳуҷҷати тасдиқкунандаи кор кардан бо ихтисос (дафтарчаи меҳнатӣ, шартномаҳои меҳнатӣ ё қарордодҳои шаҳрвандӣ-ҳуқуқӣ дар бораи иҷрои кор (хизматрасонӣ);
— маълумот дар бораи ҳолати суратҳисоби шахсии инфиродии шахси суғурташуда, ки аз ҷониби Мақомоти минтақавии Фонди нафақаи Русия бо шакли аз ҷониби Фонди нафақаи Русия тасдиқшуда дода шудааст;
— квитансияи пардохти 3.500 рубл боҷи давлатӣ;
— 4 сурати 3х4;
— ариза дар 2 нусха.
Ҳамаи нусхаҳои ҳуҷҷатҳои дар боло зикршуда ҳамроҳ бо НУСХАИ АСЛИАШОН пешниҳод карда мешаванд.
Вақти пешниҳоди ариза барои гирифтани шаҳрвандӣ сатҳи даромад низ ба назар гирифта шуда, дар ин маврид амонатҳои шахсӣ пешниҳод шуда метавонанд. Даромад аз рӯи ҳисоби музди меҳнати ҳадди ақал дар муддати шаш моҳ (вақти баррасии ариза) дар ҳар минтақа алоҳида муқаррар мешавад.
Дар робита ба соддатар шудани гирифтани шаҳрвандии Русия барои мутахассисони баландихтисос (ҳирфаӣ) Вазорати меҳнати Русия номгӯи ихтисос (касб, мансаб)-ҳоро, ки барои чунин мутахассисон пешбинӣ шудааст, қариб ду баробар – аз 74 то 135 номгӯй зиёд карданист. Ин ҳама алҳол пешгӯӣ буда, дар сурати ворид шудани тағйирот Migrantnews.info дар ин бора маълумот нашр хоҳад кард.
Дар зер номгӯи амалкунандаи касбу ихтисос ва мансабҳоеро манзуратон мегардонем, ки барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ – мутахассисони ҳирфаии дорои ҳуқуқи гирифтани шаҳрвандии Русия бо тартиби соддашуда аз ҷониби Вазорати меҳнати Русия соли 2015 тасдиқ шуда буд.
Доя (Акушерка)
Байтор (Ветеринар)
Табиб (Духтур)
Табиби бунгоҳи солимӣ
Табиб-кардиоревматолог
Табиб-лаборант
Табиби умумӣ (оилавӣ)
Табиб-педиатр
Табиби шуъбаи қабул
Табиби рӯҳшинос (психиатр)
Табиб-мутахассис
Табиби мутахассиси омор
Табиб-терапевт
Табиб-фтизиатри минтақавӣ
Кафшергари газӣ
Сармуҳандиси лоиҳа
Сарметаллург
Директор оид ба иқтисод
Муҳандис-созанда
Муҳандиси низоми автоматии идоракунии истеҳсолот
Муҳандиси ҷорисози техника ва технологияи нав
Муҳандис оид ба истихроҷи нафту газ
Муҳандиси ҳифзи маълумот
Муҳандис оид ба сифат
Муҳандис оид ба дастгоҳҳои назоратӣ-андозагирӣ ва автоматика
Муҳандис оид ба метрология
Муҳандис оид ба нозирот дар сохтмон
Муҳандис оид ба васлу насб ва озмоишҳо
Муҳандис оид ба ташкили идоракунии истеҳсолот
Муҳандис оид ба омодакунии истеҳсолот
Муҳандис оид ба кафшергарӣ
Муҳандис-лоиҳакаш
Муҳандис-технолог
Муҳандис-устои барқ
Математик
Ҳамшираи шафқат
Ҳамшираи шафқати шуъбаи ҷарроҳӣ
Ҳамшираи шафқати қабул ва нигоҳубин
Техники тиббии озмоишгоҳ
Насбгари сохторҳои пӯлодӣ ва оҳану бетонӣ
Насбгари низомҳои санитарӣ-техникӣ ва таҷҳизот
Насбгари низоми ҳавософкун, пневотранспорт ва аспиратсия
Насбгари қубурҳои технологӣ
Насбгари таҷҳизоти технологӣ ва сохторҳои марбут ба он
Устои дастгоҳҳо ва маниупляяторҳо бо идоракунии барномавӣ
Дорусоз (Провизор)
Рентгенолаборант
Васлгари корпусҳои киштиҳои металлӣ
Кафшергари тӯрҳои арматурӣ ва каркасҳо
Устои насби сохторҳои металлӣ
Устои васлу насби дастгоҳҳои парвозкунанда
Устои сохтмон
Устои таъмири киштӣ
Устои дастгоҳҳои коркарди чӯб
Таъмигари сохторҳои киштӣ
Техники пармагар
Техник оид ба васлу насб ва озмоишҳо
Техник-технолог
Харрот
Харроти устои чархофалакҳо
Устои қубурҳои киштӣ
Дорусоз
Фелдшер-озмоишгар
Рандагар
Суфтагар
Устои барқи қитъа
Насбгари барқ дар шабакаҳои ноқилӣ
Насбгари барқ оид ба рӯшноидиҳӣ ва шабакаҳои равшанидиҳанда
Насбгари барқи киштиҳо
Устоби барқ оид ба таъмири хатҳои ҳавоии интиқоли барқ
Устои барқ оид ба истифодаи шабакаҳои тақсимот
Кафшергари барқӣ дар мошинҳои автоматӣ ва нимаавтоматӣ
Устои барқи сохтмон