Дар Петербург нархи патент боло меравад

migrantnews.info

Зимни машварати корӣ дар Смолний масъалаи боло бурдани нархи патент барои муҳоҷирон баррасӣ шуд. Ба гуфтаи раиси Кумитаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ, дар Петербург имрӯз дар маҷмӯъ сатҳи бекорӣ паст буда, наздики 70 ҳазор ҷойҳои холии корӣ ба сокинони шаҳр дастрас аст. Ба муҳоҷирони меҳнатӣ ҳудуди 180 ҳазор патент дода шудааст, хабар медиҳад «Петербургский дневник».

Дмитрий Чернейко қайд кард, ки қисмати зиёди муҳоҷирон, ки дар пойтахти шимолӣ кор мекунанд, забони русиро медонанд ва наздики 30 фоизашон бо оилаҳояшон меоянд.

«Шароити зисташон ба таври кофӣ дурусту бад набуда, қисмати зиёдашон хонаро ба иҷора мегиранд”, – иброз доштааст Дмитрий Чернейко.

Соли 2018 шаҳр аз додани патентҳо наздики 7 млрд. ва соли 2019 – 8 млрд. рубл маблағ ба даст овард. Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти хадамоти андоз, ба буҷет 3 млрд. рубл камтар маблағ ворид шуд. Боло бурдани арзиши патент ба андозаи 200 рубл ба воридшавии ҳудуди 800 млн. рубл маблағи иловагӣ имкон медиҳад.

Қобили зикр аст, ки соли 2019 арзиши патент барои муҳоҷирон дар Санкт-Петербург 3800 рубл дар як моҳро ташкил медиҳад. Аз 1 январи соли 2020 он то ба 4000 рубл қимат мешавад.

«Нарх барои фаҳмидан бояд қулай ва муносиб бошад. Дар соҳаҳои кори муҳоҷирон маҳз ба ҳамин миқдор музди меҳнат афзуд. Мазмуни иқдоми болоравӣ ба 200 рубл дар танзими расмиёти пардохт ифода меёбад», – шарҳ додааст Дмитрий Чернейко.

Ӯ қайд кардааст, ки тайи 7-8 соли охир бозори меҳнат ба танзим дароварда шуда, дар кишварҳои пешсаф аз рӯйи шумори муҳоҷирон – Ӯзбекистону Тоҷикистон сафарбарии муташаккилона ба роҳ монда шудаааст, вале дар ин самт дар Украина ва Молдова мушкилот боқӣ мондааст.

«Бозори кори муҳоҷирон ба таври назаррас поккорӣ шуд. Агар бо ВКД дар масъалаи ба шакли электронӣ гузаронидани патент ба мувофиқа расем, омилҳои бузурги пасипардагии муҳоҷиратро аз байн мебарем. Метавон чекҳоро сохтакорӣ кард, ки аз ҳақиқиаш фарқ кардан душвор аст”, – зикр кардааст Дмитрий Чернейко.

мубодила кардан:

ШАРҲ ГУЗОРЕД

Your email address will not be published.

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Самое читаемое за неделю