Дар Петербург корти электронии муҳоҷирро ҷорӣ карданианд

migrantnews.info

Соли гузашта наздики 350 ҳазор корти муҳоҷирати тасдиқкунандаи бо мақсади кор ба Петербруг омадани шахси сарҳадро гузашта дода шуд. Тибқи маълумот барои соли 2018, аз ин миқдор ҳудуди 236 ҳазор нафар ҳузури худро қонунӣ кардаанд, яъне касоне, ки патент гирифтаанд. Дар ин бора дар мусоҳиба бо “ПД” раиси Кумитаи муносибатҳои байни миллатҳо ва татбиқи сиёсати муҳоҷирати шаҳр Олег Капитанов хабар додааст.

«На ҳама вақт муяссар мешавад, ки дар бораи фаъолияти муҳоҷирон маълумот дарёфт шавад, – қайд кардааст Капитанов. – Аён аст, ки қисмате аз онҳо дар вилояти Лениград кор мекунанд ё ба Маскав ва дигар минтақаҳо мераванд. Лекин аз ин минтақаҳо низ қисмате аз муҳоҷирон назди мо меоянд. Лекин мо бояд донем, ки дар қаламрави шаҳр чӣ қадар муҳоҷирон ҳузур доранд ва ба чӣ кор машғуланд. Ин барои он ҳам лозим аст, ки корфармоҳо ҳуқуқи онҳоро поймол накунанд».

Аз ин рӯ, дар Смолний ҷорӣ кардани корти электронии муҳоҷирро ба нақша гирифтаанд. Он барои назорат аз болои вуруду хурӯҷи муҳоҷирон ва баҳисобгирии фаврии муҳоҷирони меҳнатӣ зарур аст. Чунин корт ҳуҷҷати пластикӣ бо чипи ба он насбшуда мебошад. Дар он маълумоти шахсии шаҳрванд: сурат, изи ангуштон ва ҷойи кор дарҷ меёбад. Корт ба сохтакории ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла зимни ба расмият даровардани патент имкон намедиҳад. Ба ин монанд низомҳо муваффақона дар Аврупо роҳандозӣ шудааст.

«Муҳимаш он аст, ки ин низоми ягонаи электронӣ мешавад. Ғайр аз ин, мо дар бораи корфармоҳо маълумот мегирем, ки ба ошкор кардани қонуншиканиҳо аз ҷониби онҳо имкон медиҳад, – шарҳ додааст Олег Капитанов. – Қайд мекунам, ки баъзан қонуншиканиҳо барои он ба вуҷуд меоянд, ки ташкилотҳои муҳоҷиронро ба кор қабулкунанда на ҳамеша аз тартиботи муқарраршуда зимни кирои коргарони хориҷӣ огаҳанд. Шасхони воқеӣ, ки тобистон муҳоҷиронро ба кор дар бӯстонсарояшон даъват мекунанд, бояд ба таври дахлдор ин муносибатҳои меҳнатиро ба расмият дароранд. Лекин ҳеҷ касе ин тавр рафтор намекунад!».

Аз кай ҷорӣ шудани корти электронии муҳоҷир маълумот дода намешавад. Лекин мегӯяд Олег Капитанов, ояндаи наздик шаҳр соҳиби низоми шаффофи роҳадозишудаи назорат аз болои муҳоҷирони кориро соҳиб мешавад. Дар назар аст, ки он ба бештар воридшавии маблағҳо аз ин ҳисоб ба буҷети шаҳр низ мусоидат хоҳад кард.

мубодила кардан:

ШАРҲ ГУЗОРЕД

Your email address will not be published.

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Самое читаемое за неделю