Рӯзи 27 октябр дар мавзеи Чебаркули вилояти Челябински Русия бар асари садамаи нақлиёт чор нафар ҳалок шуданд. Ба туфайли рафтори қаҳрамононаи ҳамватани мо Усмон Мамутов як нафар наҷот дода шуд, ки писарчаи 11-соларо аз автомашина оташгирифта берун овард. Мо тасмим гирифтем, тоҷикистониҳоеро ба ёд оварем, ки соли равон ҳаёти одамонро дар Русия наҷот дода, лекин васоити ахбори умуми ин кишвар ба онҳо начандон таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
Писаракро аз мошини оташгирифта берун овард
Рӯзи 27-уми октябр дар наздикии Чебаркули вилояти Челябинск садамаи нақлиёт рух дод, ки бар асари он чор нафар ба ҳалокат расиданд.
Субҳи барвақт дар роҳи мошингарди «Чебаркул-Мисяш-М5» ду автомашинаи тамғаҳои «Лада Калина» ва «Форд Фокус» ба ҳам бархӯрда, ронандагони ҳар ду мошин, ҳамчунин мусофирони «Форд Фокус» – зан ва писари 6-солаи ӯ ҳалок шуданд.
Тавре Gazeta-ch.ru хабар медиҳад, ба зодаи Тоҷикистон Усмон Мамутов, ки бо ин роҳ ҳамсарашро ба фурудгоҳ мебурд, муяссар шуд, ки писарчаи 11-соларо аз мошини оташгирифта берун орад.

“Писарча ба ман гуфт, ки дар воситаи нақлиёт волидонаш мондаанд. Ба назди мошин баргашта, аз дигар ронадагони бозистода сӯхторхомӯшкунак пурсидам, лекин онҳо надоштанд. Баъди лаҳзае сӯхтор дар автомашина ба сурате аланга гирифт, ки дигар аз дастамон ҳеҷ коре наомад”, – нақл кардааст Усмон.
Гуфта мешавад, Усмон Мамутов фармондеҳи 23-солаи яке аз взводҳои дивизияи танкии Чебаркул буда, ҳамагӣ муддати чанд моҳ дар ин ҷо хизмат мекунад.
“Роҳбарият ба ман аҳсан гуфта, ҳоло гӯё мехоҳанд маро ба мукофот пешбарӣ кунанд. Лекин ман худро қаҳрамон намешуморам. Агар ҳамаро наҷот додан муяссар мешуд, шояд қаҳрамонӣ ҳисоб мешуд”, – иброз доштааст ӯ.
Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти хабаргузории 74.ru, Усмон ва ҳамсараш Регина изҳори таассуф кардаанд, ки дигар одамон ҳамту рост истода, ҳеҷ амале накардаанд.
“Мутаассифона, дигар одамоне, ки пештар ба ҷойи ҳодиса расида буданд, ҳеҷ коре накарда, танҳо рост истодаву тамошо доштанд”, – гуфтааст Усмон.
“Ману ҳамсарам яке аз шоҳидони нахустини ин ҳодисаи фоҷиабор шудем, хеле даҳшатнок буд, – навиштааст Регина ба 74.RU. – Шавҳари ман дарҳол назди автомашинаи оташгирифта давида, танҳо писаракро наҷот дода тавонист. Таассуфовар он аст, ки вақте мо он ҷо расидем, аллакай ду нафар мардон дар назди мошин меистоданд, ки боқимондаҳоро ҳам наҷот дода метавонистанд, лекин тамоку кашида, ба оташ нигоҳ мекарданд. Он замон оташ он қадар зиёд аланга нагирифта, ҳама доду фарёд аз он ҷоро мешуниданд. Лекин касе наздик омада, ба шавҳарам ёрӣ надод, ки аққалан боз як каси дигарро ба берун орем. Дар натиҷаи тарсу ҳароси мардони ҳозира акнун писарак ятим шуд…”
Зикр мешавад, ки писараки наҷотёфта бо ҷароҳати шикам ва зарбхӯрии майнаи сар дар бемористони Чебаркул бистарӣ шудааст.
Аз лӯлаи оби гарм берун кашид
Рӯзи 1-уми ноябр дар Шӯрои Федератсия – маҷлиси болоии парлумони Русия маросими шашуми ҷоизасупории барномаи “Дети-Герои” (Кӯдакони қаҳрамон) баргузор шуд. Дар он 20 кӯдаку наврас қадрдонӣ шуданд, ки байни онҳо зодаи Тоҷикистон Бахтиёр Усмонови 10-сола низ буд.
Ин тоҷикписар барои наҷот бахшидани дӯсти ба даруни лӯлаи оби гарм афтодааш бо нишони “Барои ҷасорат” сарфароз гардонида шуд.

Тибқи иттилои торнамои Шӯрои Федератсия, раиси маҷлиси болоии парлумони Русия Валентина Матвиенко дар маросими ҷоизасупорӣ ба волидони кӯдакони шуҷоъ изҳори сипос карда, гуфтааст: “Давлат қаҳрамонии чунин кӯдаконеро, ки дигарон аз онҳо ибрат мегиранд, сарфи назар намекунад”.
Боррасони тоҷикистонӣ як наврасро дар Маскав наҷот дод
Шаҳрванди Тоҷикистон Баҳром Ғуломқодиров, ки дар «Яндекс.Еда» ба сифати боррасон (курйер) кор мекунад, як наврасро, ки худашро аз тиреза бе берун партофтанӣ буд, наҷот дод. Дар ин бора нашрияи “Такие дела” хабар медиҳад.
Бино ба маълумоти нашрия, ҳангоми фармоишро расонидан Ғуломқодиров дар кӯчаи Татишев дар тирезаи хонаи ошёнаи дуюми бино наврасеро мебинад, ки гиря карда, бо касе дар хона ҷанҷол дошт ва худро ба берун партофтанӣ буд.
Баҳром зуд назди бино омада, бо қубури интиқоли газ ба ошёнаи дуюм мебарояд ва наврасро ба хона тела медиҳад. Он ҷо модари ӯ ҳузур дошт.

Баъди ором шудани писарбача, Баҳром аз хона берун шуда, барои иҷрои фармоиши доштааш рафтааст.
Модари наврас ба дафтари кории хадамоти боррасон занг зада, изҳори сипос кард. Дар «Яндекс.Еда» ваъда доданд, ки ба боррасони тоҷикистонӣ мукофотпулӣ медиҳанд.
Урал: тоҷикистонӣ кӯдаки аз тиреза ба берун ҳавододаро наҷот дод
Кӯдаки семоҳаеро дар шаҳри Североуралски вилояти Свердловск як муҳоҷири тоҷик наҷот додааст. Тифлро, ки аз тиреза ҳаво дода буданд, Фахриддин Юсупов ном шаҳрванди Тоҷикистон доштааст.
Бино ба иттилои Sputnik Тоҷикистон, ҳодиса шоми 6 июн, тақрибан соатҳои 21:00 рух додааст. Фахридин бо шиносҳояш дар назди мағозае меистод, ки садои шикастани тирезаро шунид. Вақте ки ба оқибаш нигоҳ кард, тирезаи манзиле дар 20 метр дуртар шикаста буд. Ӯ ҷойи ҳодиса рафт ва шоҳиди сӯиқасд ба ҷони кӯдаки семоҳа шуд.
Дар назди тирезаи пури шишамайда марде мекаловид, ки дар дасташ кӯдаки ширхорае гиря мекард.
“Напарто, ба ман деҳ”, – гӯён хоҳиш карда Фахриддин аз мақсади мард пай бурда.
Аммо ҷавон ба гуфтаи марди тоҷик аҳамияте надода, кӯдакро партофтааст. Хушбахтона, Фахриддин ӯро доштааст.
Юнусов дарҳол кӯдакро ба либосаш печонида, ба пулис ва ёрии таъҷилӣ занг мезанад.

Тавре дертар муълум шудааст, ҳамон рӯз модари кӯдак ӯро дар назди шиносаш гузошта, ба мағоза рафта будааст. Ҳарду ҳам маст будаанд.
Пас аз ҳодиса маълум шудааст, ки кӯдак дар шароити антисанитарӣ ба воя мерасидааст. Зан дар манзилаш зуд-зуд меҳмон даъват кардаву майнӯшӣ мекардааст.
Феълан тифл муваққатан дар бемористон қарор дорад. Ба модараш баргардонидани ӯ ба гумон аст, зеро нисбати зан парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Дар бораи Фахриддид маълумоти зиёде нест. Ӯ 44 сол дорад ва ҳанӯз солҳои 90-ум ба Русия омадаву то ҳол дар сохтмон меҳнат мекунад.
“Ман шодам, ки тавонистам, кӯдакро наҷот диҳам”, – мегӯяд вай.
Кумитаи тафтишотии Русия дар вилояти Свердловск гуфтааст, ки аз ин мард сипосгузорӣ хоҳанд кард.
Аз номи ҳайати кормандони сомона ба ҳамватанонамон барои худро канор нагиритава кӯшиш ба харҷ додан дар наҷоти ҳаёти одамон самимона миннатдорӣ изҳор мекунем. Шумо ҳам чунин қаҳрамононро мешиносед? Дар бораи онҳо ба мо нависед.