Кумаки тиббии бепули миллиардери ӯзбек ба муҳоҷирон дар Маскав

migrantnews.info

Бо дастгирии молии Фонди байнулмилалии Фаттоҳ Шодиев ва Калисои Православии Рус дар шаҳри Маскав барои муҳоҷирон ва паноҳандагон кумаки тиббии бепул ба роҳ монда шуд. Бар асоси рӯйхати пешакӣ ба муҳоҷирон кумак расонида мешавад, хабар медиҳад CA-NEWS.

Чанде аз ВАО-и Русия иттилоъ доданд, ки дар ҳамдастӣ бо Маркази кумак ба муҳоҷирони “Рядом дом” ва Беморхонаи марказии  клиникии Святител Алексий дар Маскав барои хориҷиён, муҳоҷирон, паноҳандагон ва шахсони бесарпаноҳ кумаки тиббии бепул ба роҳ монда шудааст.

Лоиҳаи хайрияи мазкур аз лиҳози молиявӣ аз ҷониби Фонди байнулмилалии Фаттоҳ Шодиев ва Калисои Православии Рус дастгирӣ ёфтааст.

Кормандони Беморхонаи марказии  клиникии Святител Алексий тасдиқ карданд, ки чунин хизматрасониҳо дарвоқеъ ҳам дастрасанд, вале на ҳама аз он истифода карда метавонад.

— Воқеан ҳам духтур (терапевт)-и бепул кумак мекунад. Барои кӯдакону калонсолон маҳдудият нест. Шумори қабул маҳдуд аст: мо танҳо то 5 нафарро ду рӯз дар як ҳафта қабул карда метавонем. Барои ин пешакӣ бо телефон худро ба қайд гузоштан лозим аст Шумо мехоҳед, ки ин маълумоторо дар тамоми Ӯзбекистон паҳн кунед? Ба мо тамоми Ӯзбекистонро фиристодан лозим нест. Ба касе, ки кумак лозим аст, ӯ худаш моро меёбад, – гуфт навбатдори беморхона ва дархост намуд, ки маълумоти хизматрасонии бепулро паҳн накунем.

Корманди бемористон хабар дод, ки барои хориҷиёне, ки барои кумаки тиббӣ муроҷиат мекунанду полисҳои суғуртавӣ надоранд, ба ҷуз шиноснома, пешниҳоди дигар ҳуҷҷатҳо зарур нест.

Муҳоҷирон ва гурезаҳои ниёзманд ба кумаки тиббӣ дар рӯзҳои корӣ аз соати 08:30 то 16:30 бо телефони 7(495) 952-11-41 метавонанд худро ба қайд гузоранд. Муоина дар беморхона рӯзҳои чоршанбе ва панҷшанбе гузаронида мешавад.

Маркази кумак ба муҳоҷирони «Рядом дом» соли 2018 боз шуда, дар он курсҳои бепули омӯзиши забони русӣ ва хизматрасониҳои логопедӣ ба кӯдакони муҳоҷирон ва паноҳандагон амал мекунад.

мубодила кардан:

ШАРҲ ГУЗОРЕД

Your email address will not be published.

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Самое читаемое за неделю