Дар ошёнаи дуюми вокзали Қазони шаҳри Маскав қаҳвахонаи начандон бузурги “Маргилан” фаъолият дошта, дар он ба мизоҷон 15 навъи таъомҳои ӯзбекӣ, аз қабили палаву шӯрбо, лағмону манту ва ғайра, ҳамчунин чанде аз хӯрокҳои русӣ – боршу барак (пелмен) пешниҳод мешавад ва ин ҷо доимо миллатҳои гуногун барои хӯрокхӯрӣ меоянд, зеро арзону бомазза аст.
Тавре Фергана хабар медиҳад, дар Маскав тарабхонаву қаҳвахонаҳо бо ному хӯрокҳои миллии мардуми Осиёи Марказӣ зиёданд: «Самарқанд», «Ош», «Узген», «Фергана», «Бишкек», «Узбекистан»…, «Азиза», «Лола», «Фаиза», «Халва», «Айва», «Райхон», «Бешбармак», «Гранат», «Юрта» ва ғайра.

Ҳарчанд ҳоло на ҳама эътироф кунанд ҳам, муассисаҳои хӯроки умумии аз ҷониби муҳоҷирон бозшуда фаъолона дар ин бозор мавқеъ пайдо карда истодаанд. Нахуст ин қаҳвахонаҳо танҳо барои муҳоҷирон пешбинӣ ва дар ҷойи сермуҳоҷир – вокзалу бозорҳо сохта мешуданд, акнун онҳо дар саросари Маскав пайдо мешаванд.
Имрӯз дар ин муассисаҳои хӯроки умумӣ кормандони дафтарҳои кории ширкатҳои гуногун, кормандони пулис хӯроки нисфирӯзӣ тановул намуда, шомгоҳон ин ҷо намояндагони миллатҳои мухталиф ҷамъ меоянд.

Исломҷон Раҳимови 30-сола, зодаи водии Фарғона молики қаҳвахонаи дар боло зикршудаи “Маргилан” (Марғелон) мебошад, ки шурӯъ аз соли 2005 10 сол дар вокзали Қазон ба ҳайси боркаш кор кардааст. Дар ватанаш оиладор шуда, соҳиби ду фарзанд аст.
Дар ниҳояти кор ӯ тасмим мегирад, ки тиҷорати худро роҳандозӣ менамояд ва дар ҳамин ҷо чойхона мекушояд.
Як моҳ барои таҳияи нақшаи тиҷоратӣ сарф шуда, соҳибкори навкор номгӯйи таъомҳоро худаш тартиб дод. Чор нафар ошпазро ӯ аз шаҳри Марғелон давъат карда, барояшон 50 ҳазор рублӣ музди меҳнат ваъда дод, зеро пайдо кардани ошпази соҳибтаҷриба дар шаҳри Маскав душвор мебошад – ҳама аллакай машғули коранд.
Зарфу чароғ ва лавозимоти ороиши толор низ аз Ӯзбекистон оварда шуд. Танӯрро барои пухтани самбӯса бошад, Исломҷон аз худи шаҳри Маскав дастрас кард, зеро ӯзбекҳо кайҳост инҷониб истеҳсоли онро дар ҳамин ҷо ба роҳ мондаанд.

Ӯ мегӯяд, ҳамагӣ нисфи мизоҷони қаҳвахонааш муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ буда, боқимонда мардуми маҳаллии русиягӣ мебошанд.
Беҳтарину писандидатарин таъомҳо дар ин қаҳвахона оши палав ва шӯрбо буда, ҳамчунин нонҳои миллии гарми ӯзбекӣ низ то 300 дона дар як рӯз ба фурӯш мераванд.
Муассисаҳои хӯроки умумӣ (фастфуд)-и паҳлӯи қаҳвахонаро Исломҷон рақиб намешуморад: як бор харидорӣ ё хӯрокхӯрӣ дар онҳо 200-300 рубл нарх дорад.
Аз замон ифтитоҳи қаҳвахонаи “Маргилан”, ки ба он чандин миллион руюл маблағгузорӣ шуд, ним сол сипарӣ гардида, акнун Исломҷон умед дорад, ки ояндаи наздик ба фоидагирӣ аз он оғоз мекунад ва дар сурати барори кор, ният дорад, ки акнун дар дохили шаҳр боз як қаҳвахонаи дигар боз кунад.