Дар кадом минтақаи Русия корёбӣ барои муҳоҷирон душвортар аст?

migrantnews.info

Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Русия пешниҳод кард, ки ба волии минтақаҳо ҷиҳати манъи кори муҳоҷирони дорои патент бо ихтисосҳои муайян ва муқаррар кардани шумори маҳдуди додани патент ҳуқуқ дода шавад.

Мо тасмим гирифтем, ки дар бораи минтақаҳои Русия, ки дар онҳо барои муҳоҷирон дар ин самт маҳдудиятҳо ҷорӣ шудааст, маълумоти зарурӣ ҷамъоварӣ кунем.

Тоҷикистониён дар куҷо ва бо кадом ихтисос кор карда наметавонанд?

Вилояти Новосибирск

Омӯзгор

Ронандаи нақлиёти ҷамъиятӣ

Ронандаи таксӣ

Мураббӣ

Корманди соҳаи истеҳсоли хӯрокворӣ барои кӯдакон, ҳамчунин машрубот ва тамоку

Фурӯшанд  дар киоскҳо ва хаймаҳои бозор

Тарҷумон

Котиб

Муҳаррир

Корманди масъул ба интихоби ҳайати шахсӣ

Корманди бахши молия

Муҳосиб

Мутахассис дар соҳаи истихроҷи канданиҳои фоиданок

Корманди хоҷагии ҷангал

Мутахассиси моҳидории саноатӣ

Корманди бахши шикор ва парвариши ҳайвоноти ваҳшӣ

Вилояти Кемерово

Омӯзгор

Ронандаи нақлиёти ҷамъиятӣ

Ронандаи таксӣ

Корманди соҳаи истеҳсоли хӯрокворӣ барои кӯдакон

Агент оид ба сайёҳӣ, корманди меҳмонхона

Корманди масъул ба интихоби ҳайати шахсӣ

Ёқутистон

Омӯзгор

Корманди соҳаи савдо

Мутахассиси моҳидории саноатӣ

Корманди бахши кишоварзӣ

Сохтмончӣ

Мутахассис дар соҳаи истихроҷи канданиҳои фоиданок

Корманди хоҷагии ҷангал

Корманди соҳаи нақлиёт (таксирон, ронандаи автобус ва мошинҳои боркаш, боркаш)

Корманди меҳмонхона

Корманди илмӣ-техникӣ

Корманди соҳаи марбут ба амволи ғайриманқул

Корманди соҳаи тандурустӣ

Корманди соҳаи хизматрасонии иҷтимоӣ

Корманди соҳаи истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, нӯшокиҳо, сарулибос

Марий Эл

Корманди соҳаи савдои машрубот

Фурӯшандаи маводи тиббӣ

Ронандаи нақлиёти ҷамъиятӣ

Фурӯшандаи чаканаи маҳсулоти берун аз мағоза

Фурӯшанда дар киоскҳо ва хаймаҳо

Фурӯшандаи хӯроки тезтайёр (фастфуд)

Вилояти Сахалин

Посбон

Корманди таваққуфгоҳи автомашинаҳо

Корманди корхонаи истеҳсоли нон ва маснуоти қаннодӣ

Корманди соҳаи савдо

Корманди соҳаи сохтмон

Ронандаи нақлиёти ҷамъиятӣ

Вилояти Челябинск

Ронандаи нақлиёти ҷамъиятӣ

Ронандаи таксӣ

мубодила кардан:

ШАРҲ ГУЗОРЕД

Your email address will not be published.

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Самое читаемое за неделю