Аз соли 2020 патентҳо барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар вилояти Маскав қимат мешаванд. Қарори дахлдорро тавре хабаргузории “Москва” иттилоъ медиҳад, думаи давлатии вилоят қабул кардааст. Аз соли 2020 патентҳо барои 1 моҳ 5100 рубл (тақрибан 79 доллар) нарх хоҳанд дошт, яъне зиёдтар аз арзиши ҳозира.
Боло бурдани нархи патент дар дигар минтақаҳо низ ба нақша гирифта шудааст. Ҳамин тариқ дар вилояти Саратов арзиши патент то 4029 рубл ва дар вилояти Волгоград – то ба 3916 рубл пешбинӣ шудааст.
Тавре интизорӣ меравад, дар Маскав патент то 5350 рубл қимат мешавад. Дар муқоиса бо соли ҷорӣ ин 350 рубл гаронтар аст.
Оё муҳоҷирон ба пардохти нархҳои нави патент омодаанд?
Тибқи маълумоти семоҳаи аввали соли 2019, наздики 90%-и патентҳоро барои кор дар Русия муҳоҷирон аз Ӯзбекистону Тоҷикистон ба расмият даровардаанд (ҳиссаи намояндагони ин кишварҳо тайи соли ахир афзуд). Дар ҳамин ҳол, нимаи соли 2019 агар хориҷиён ҳудуди 1,7 млн. адад патент дар даст доштанд, пас як сол пеш ин рақам ба 1,85 млн. адад баробар буд.
Коршиносони ниҳодҳои марбутаи Русия коҳиши ҳаҷми пешпардохтҳоро барои гирифтани патент дар семоҳаи аввали соли 2019 қайд карда буданд.
“Ин маънои онро дорад, ки қисмате аз муҳоҷирони меҳнатӣ ба Русия омада, патентро барои як моҳ ба расмият дароварда, маблағи онро пардохт мекунанд ва дигар пардохт намекунанд. Дар натиҷа, сарфи назар аз ҳар моҳ болоравии арзиши патент, даромади минтақаҳо аз болоравӣ монданд ва коршиносон маҳз аз ҳамин натиҷа огоҳ карда буданд, ки дар партави афзоиш наёфтани музди меҳнат ё даромади муҳоҷирон, нархи патент боло бурда нашавад”, – ишора карда буданд онҳо.