Роҳнамо

Имсол 30 ҳазор тоҷикистониён шаҳрвандии Русияро соҳиб шуданд

Тӯли 9 моҳи соли равон 30 ҳазор тоҷикистонӣ шаҳрвандии Русияро гирифтаанд. Дар ин бора “Известия” бо истинод ба ВКД-и Русия хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (192 ҳазор нафар) шумори ба шаҳрвандии Русия соҳибшудагон дар ин давра 48% афзудааст.

“Қисмати асосии русиягиҳои нав шаҳрвандони Украина мебошанд, ки аз нисф зиёд – 146 ҳазор нафарро ташкил додаанд. Ҳамчунин аз Қазоқистон – 35 ҳазор, Тоҷикистон – 30 ҳазор, Арманистон – 17 ҳазор, Ӯзбекистон – 14 ҳазор, Молдова – 11,5 ҳазор нафар соҳиби шиносномаҳои Русия шуданд”, – хабар медиҳад манбаъ.

Таъкид мешавад, ки ин афзоиш ба сабук шудани тартиботи додани шиноснома ба шаҳрвандони Ҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганск, ҳамчунин осонтар шудани гирифтани шиносномаи Русия барои донандагони забони русӣ вобаста аст.

“Аксари хориҷиён дар вилояти Ростов (71 ҳазор), шаҳру вилояти Маскав (мутаносибан 10 ва 18 ҳазор), кишвари Краснодар, Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград (10 ҳазор нафарӣ) шиноснома гирифтаанд”, – қайд мекунад “Известия”.

Ба иттилои нашрия, моҳи октябр ҳукумат лоиҳаи қонунеро маъқул шуморид, ки дар он аз 6 то 3 моҳ камшавии муҳлати баррасии ариза барои гирифтани шаҳрвандӣ пешбинӣ шудааст. Навгонӣ ба касоне дахл хоҳад дошт, ки аризаро бевосита дар қаламрави кишвар супорида, онро бо тартиби соддашуда пешниҳод кардаанд.

“Моҳи гузашта Вазорати меҳнат васеъ кардани рӯйхати касбҳоеро барои шаҳрвандони хориҷӣ барои гирифтани ҳуҷҷат бо роҳи осоншуда пешниҳод кард. Дар сурати аз ҷониби Думаи давлатӣ қабул шудани он, намояндагони боз 135 касбу ихтисос, аз ҷумла, муҳандисони бахши кишоварзӣ, байторон, мураббиён, моҳипарварон, харротон, муҳаррирон, математикҳо, ҳамчунин табибони ихтиососҳои гуногун барои дастрас кардани шаҳрвандии Русия ариза пешниҳод карда метавонанд”, – менависад нашрия.

Поделиться:

ШАРҲ ГУЗОРЕД

Your email address will not be published.