Роҳнамо

Барои кӯшиши куштори муштзани тоҷик дар Петербург гумонбар маҳкум шуд

Мурофиаи судии гумонбар ба даст доштан дар кӯшиши куштори шаҳрванди Тоҷикистон дар Санкт-Петербург ба анҷом расид.

Дар суди ноҳияи Маскави шаҳри Санкт-Петербург рӯзи 25-уми ноябр баррасии парвандаи Алексей Янулевичус ба иттиҳоми кӯшиши куштори тоҷикистонӣ Самадов (номаш нест) ба итмом расид.

Айбдоршаванда ба 8 соли зиндон маҳкум шуд. Гуфта мешавад, шаҳрванди Тоҷикистон Самадов муштзан будааст.

Тавре “Фонтанка” хабар медиҳад, Янулевичусро барои куштани Самадов шахси бонуфуз дар олами ҷиноӣ Антон Иконников киро кардааст.

Субҳи 22-юми феврали соли 2018 дар даромадгоҳи хонае дар кӯчаи Варшавская Янулевичус ба сӯйи Самадов тир мепарронад. Тирҳо ба сар, тан ва дасти ӯ расиданд, аммо захмҳо марговар набуданд ва ин варзишгарро табибон, ки аз ҷониби сокинони хона даъват шуданд, наҷот бахшиданд.

Тибқи иттилои “Фонтанка”, сабаби “фармоиш”-и қатли Самадов қасдгирӣ будааст, зеро ӯ дар бозори Купчино машғули кор буда, мошини Иконниковро ба қаламрави он роҳ надодааст.

Парвандаи фармоишгари эҳтимолии куштор Антон Иконников дар истеҳсолоти ҷудогона қарор дорад.

Янулевичус ба даст доштан дар суиқасд ва гардиши ғайриқонунии аслиҳа низ гумонбар буд, лекин дар суд муайян шуд, ки ӯ аслиҳа харидаву бо худ нигоҳ надоштааст ва онро аз ҷойи фармуда гирифта, аз рӯйи таъинот истифода кардааст.

Вай ҷазоро дар муассисаи ислоҳии низомаш сахт адо мекунад. Дар мурофиа Янулевичус ба гуноҳаш иқрор нашуда, изҳор доштааст, ки фикри куштан надошт. Ӯ танҳо ба гуноҳи даст доштан дар расонидани зарари ҷисмонӣ қисман иқрор шудааст.

Поделиться:

Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on pinterest
Share on telegram
Share on vk
Share on odnoklassniki

ШАРҲ ГУЗОРЕД

Your email address will not be published.