Ҳалокати тоҷикистониён дар садамаи нақлиёт дар Оренбург

migrantnews.info

Бар асари садамаи нақлиёт дар вилояти Оренбурги Русия ду шаҳрванди Тоҷикистон ҳалок ва боз як нафари дигар бистарии бемористон шуд.

Дар ин бора котиби матбуоти намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия Иброҳим Аҳмадов хабар дод.

Садама тақрибан соати 06:10 дар километри 15-уми шоҳроҳи Оренбург – Акбулак рух дода, автомашинаи боркаш (фура) ба микроавтобуси Hyundai бархӯрдааст.

Дар натиҷа 6 нафар ҳалок шудаанд, аз ҷумла, як кӯдаки 6-сола. Боз се нафар бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористон бистарӣ шудаанд. Ҳамаи онҳо шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон будаанд, ки ба Ватан бармегаштаанд.

“Муайян карда шуд, ки дар ин садама ду шаҳрванди Тоҷикистон – Фирӯзи Аҳмад (с/т 1993) ва Маликзода Ҳусниддини Мирзомурод (с/т 1992) ҳалок шудаанд. Шаҳрванди дигари Тоҷикистон – Исматов Шаҳбоз Иззатуллоевич (с/т 1994) дар бемористон бистарӣ шудааст. Фавтидагон ва ҷароҳатбардошта ҳама зодагони ҷамоати Қаратоғи шаҳри Турсунзода мебошанд”, – хабар дод ӯ.

Ба гуфтаи Аҳмадов, айни замон ҷиҳати ба зодгоҳ фиристодани ҷасадҳои ҳалокшудагон тадбирҳо андешида мешавад.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти прокуратураи минақавӣ, садама бар асари ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромадани микроавтобус рух додааст. Дар ин бора хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад.

мубодила кардан:

ШАРҲ ГУЗОРЕД

Your email address will not be published.

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Самое читаемое за неделю