Ба 29 тоҷикистонии дар Қазоқистон дармонда кумак карданд

migrantnews.info

Дар шоҳроҳи “Нур-Султон-Петропавловск” дар қаламрави ноҳияи Бурабой бо сабаби нуқси техникӣ мусофирбари тамғаи “Сетра” вайрон шуда, дар роҳ бозистод.

Ин автобус бо хатсайри Сургут (Русия) – Тоҷикистон ҳаракат мекард. Дар ин бора ВКД Қазоқистон хабар медиҳад.

“Дар автобус 29 нафар – 3 ронанда ва 26 мусофир буданд, ки 24 нафарашон мардону 4 зан ва 1 кӯдак – ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Касе осеб надидааст”, – иттилоъ медиҳад вазорат.

Бино ба иттилои манбаъ, 28 мусофир аз ин автобус ба ҷойҳои гарм бурда шудаанд: 15 кас дар хобгоҳи мактаб-интернат ва 13 нафари дигарро дар хобгоҳи коллеҷи техникии шаҳри Шучинск ҷой додаанд.

Гуфта мешавад, аз мусофирони автобуси вайроншуда ҳеҷ кас ба кумаки тиббӣ ниёз надорад.

мубодила кардан:

ШАРҲ ГУЗОРЕД

Your email address will not be published.

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Самое читаемое за неделю