Соли 2019 қариб 498 ҳазор нафар хориҷиён шаҳрвандии Русия гирифтаанд, ки нисбат ба соли 2018 (269 ҳазор нафар) 84% зиёдтар аст.
Тавре хабаргузории “Фергана” бо истинод ба Сарраёсати муҳоҷирати ВКД Русия иттилоъ медиҳад, аксари гирандагони шаҳрвандии Русия аз хориҷиён мардуми Украина (наздики 300 ҳазор нафар) мебошанд. Дар идома шаҳрвандони Қазоқистон – 50,5 ҳазор, Тоҷикистон – 44,7 ҳазор, Ӯзбекистон – 19,4 ҳазор, Қирғизистон – 9,3 ҳазор ва Туркманистон – 1,4 ҳазор нафар қарор доранд.
Соли гузашта 234,7 ҳазор нафар (соли 2018 – 268,2 ҳазор) шаҳрвандони хориҷӣ иҷозаи иқомати муваққатӣ (Разрешение на временное проживание, РВП) ва 182 ҳазор нафар (соли 2018 – 191,4 ҳазор) ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) гирифтаанд.
Шурӯъ аз 1-уми ноябри соли 2019 муҳлати ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) дар Русия бемаҳдуд шуд.
Соли гузашта 13,8 млн. нафар шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ ба қайди муҳоҷират гузошта шуда, 5,5 млн. нафари онҳо мақсади ба Русия омаданашонро барои кор зикр карданд. 1,77 млн. нафар хориҷиён (соли 2018 – 1,67 млн.) патенти кор дастрас кардаанд.
Соли 2020 дар бисёре аз минтақаҳои Русия нархи патент боло рафт. Аз ҷумла, дар Маскав он аз 5000 то 5350 рубл ва дар вилояти Маскав аз 4750 то ба 5100 рубл қимат шуд. Бо ёрии арзиши патент ҳукуматҳои маҳаллӣ шумори муҳоҷиронро дар минтақаҳо танзим мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, коршиносон огоҳ мекунанд, ки болоравии нархи патентҳо дар қабули қарори муҳоҷир оид ба гирифтани он нақши манфӣ бозида метавонад ва ҳарчи бештар муҳоҷирон ба фаъолияти пинҳонӣ гузашта метавонанд.
Дар маводи зерин бо тартибу қоидаҳои чӣ гуна гирифтани шаҳрвандии Русия маълумоти муфассалтар ва муфид дарёфт карда метавонед.